НИЗОМИ КАСБИИ ТАЪЛИМ – РОҲ СӮЙИ ТАРАҚҚИЁТ

Фармони Президент аз 6 сентябри соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оид ба такмил додани низоми таълими касбӣ» бобати таҷдиди низоми таълими касбӣ ва ташкил кардани механизми самараноки тарбияи кадрҳо оид ба касбҳои ҳалқаи миёна омили муҳим гардид.

Фармони Президент аз 6 сентябри  соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оид ба такмил додани низоми таълими касбӣ» бобати таҷдиди низоми таълими касбӣ ва ташкил кардани механизми самараноки тарбияи кадрҳо оид ба касбҳои ҳалқаи миёна омили муҳим гардид. 
Мувофиқи ин Фармон аз 81 коллеҷи касбу ҳунар 65-тоаш оптимизатсия карда шуд. Яъне дар пойгоҳи 20 коллеҷи касбу ҳунар мактабҳои касбу ҳунар, дар асоси 8 коллеҷи касбу ҳунар коллеҷҳо, дар пойгоҳи 8 коллеҷи касбу ҳунар техникумҳо ташкил ёфтанд. 2 коллеҷи касбу ҳунар ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ, 7 коллеҷи касбу ҳунар ба ихтиёри таълимгоҳҳои олии вилоят, биноҳои 20 коллеҷи касбу ҳунар барои истифода ба тасарруфи муассисаҳои таълими умумии вилоят дода шуданд. 
Аз соли хониши 2020-2021 дар Ӯзбекистон шабакаҳои муассисаҳои таълимии дараҷаҳои 345-и таснифоти қолабҳои байналхалқӣ, низоми нави таълим ва барномаҳои таълимии табақакунонидашуда амал мекунад. Саволе ба миён меояд: тафовути онҳо дар чист? Мактабҳои касбу ҳунар дар асоси барномаҳои таълимии ба дараҷаи 3-юми таснифоти байналхалқӣ мувофиқоянда муассисаи таълими ибтидоие мебошанд, ки ба дастгирии иҷтимоии хатмкунандагони синфи 9 нигаронида шудаанд Дар ин муассисаҳои таълимӣ тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 дар асоси гурӯҳҳои ба тарзи ихтиёрӣ созмонёфта мувофиқи барномаҳои қаробат кунонидашудаи фанҳои таълими умумии дусола ва ихтисосӣ дар намуди таълими рӯзона ба амал бароварда мешавад. Бо назардошти тақозои бозори ҳудудии меҳнат дар деҳот барои кулли соҳаҳои соҳибкорӣ (тиҷорати қитъаҳои назди ҳавлӣ, гармхона, паррандапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, истеҳсолот ва хидматгузорӣ) кадрҳо тайёр карда мешаванд. Талабагони таълимгиранда аз ҳисоби буҷаи давлат ба ҳадди як баробар маблағи ҳисобкунии базавӣ бо кӯмакхарҷии ҳармоҳа ва се маҳал бо хӯрок таъмин мегарданд. Мактабҳои касбу ҳунар ҳақ доранд, ки се маҳал хӯрок ё ки музди онро ба талабагонашон диҳанд. Баъди хатми муассисаи таълимӣ ба мутахассисон диплом ва шаҳодатномаи дорои разряд дода мешавад. Коллеҷҳо муассисаи таълимие мебошанд, ки дар асоси барномаҳои таълимии ҷавобгӯи дараҷаи чоруми таснифоти байналхалқӣ (мактабҳои касбу ҳунар ё ки синфи ХI мактабҳои таълими умумӣ)-ро омӯхтаанд, яъне мувофиқи раванди «Як умр таълим гирифтан» камаш ба маълумоти миёнаи умумӣ соҳибанд, сурат мегирад. Таълим бинобар сатҳи мураккабии касбу ихтисосҳо дар муддати аз 6 моҳ то 2 сол дар намудҳои рӯзона, шабона ва ғоибона ба тарзи дархости давлатӣ ва пулию қарордодӣ ба амал меояд. Баъди хатми муассисаи таълимӣ хатмкунандагон соҳиби диплом, гувоҳнома оиди ба барномаҳои таълими миёна, миёнаи махсуси касбу ҳунар, инчунин вобаста ба барномаҳои касбомӯзӣ соҳиби сертификат ва гувоҳнома мегарданд. Техникумҳо муассисаҳои таълимие мебошанд, ки мувофиқи барномаҳои таълимии дараҷаи 5-уми таснифоти байналхалқӣ дар марҳалаи таълими касбии миёнаи махсус назди таълимгоҳи олӣ фаъолият нишон медиҳанд. 
Дар ин муассисаҳои таълимӣ тайёркунии кадрҳо нисбати онҳое, ки камаш мувофиқи дараҷаҳои 3 ё ки 4-и таснифоти байналхалқӣ барномаҳои таълимӣ омӯхтаанд, яъне мувофиқи раванди  «Дар давоми ҳаёт таълим гирифтан» соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ гардидаанд, гурӯҳҳои ташаккулёфта бинобар мавқеи касбу тахассусҳо дар муддати на камтар аз 2 сол дар шаклҳои рӯзона, шабона ва ғоибона дар асоси дархости давлатӣ ва пулию қарордодӣ ба амал ҷорӣ мегарданд. Хатмкунандагоне, ки барномаҳои таълими миёнаи махсусро бомуваффақият аз худ кардаанд, ба  бакалавриати ҷараёни таълими дахлдор бе имтиҳон бо усули суҳбат аз курси 2 қабул мегарданд. 

Ҳамид ҚОБИЛОВ, 
сардори Садорати ҳудудии рушд ва мувофиқсозии таълими касбии вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: