Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат дар мавзӯи «Мубориза бар зидди меҳнати маҷбурӣ дар Ӯзбекистон: муаммо ва натиҷа» нишасти матбуотӣ ба амал омад.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат дар мавзӯи «Мубориза бар зидди меҳнати маҷбурӣ дар Ӯзбекистон: муаммо ва натиҷа» нишасти матбуотӣ ба амал омад.
Бо ба инобат гирифтани он ки дар давлати мо соли 2020 Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ эълон гардидааст, дар ҳамаи соҳаҳо корбасти фаъоли технологияи ахбор яке аз мақсадҳои асосӣ қарор гирифтааст.
Дар баробари ин, дар ташкилотҳо корбарӣ бинобар кадрҳо асосан, дар шакли коғаз амалӣ мешавад, ин бошад, хусусан, барои расмӣ кардани ҳуқуқи таъмини нафақа дақиқ ҳисоб кардани собиқаи кориро мураккаб менамояд, ҳамчунин, нодуруст нишон дода шудани маълумотҳо оиди шуғли аҳолӣ шароит фароҳам меорад ва хароҷоти идоракунии маъмуриро афзоиш медиҳад.
Барои таъмини иҷрои қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои ҷорӣ кардани маҷмӯи барномавиву дастгоҳии байниидоравии «Низоми меҳнати ягонаи миллӣ» аз 31 октябри соли 2019, маҷмӯи барномавиву дастгоҳии байниидоравии «Низоми меҳнати ягонаи миллӣ» аз 1 январи соли 2020 ҷорӣ карда шуд.
Дафтарчаи меҳнатии электроние, ки дар маҷмӯи барномавиву дастгоҳии байниидоравии «Низоми меҳнати ягонаи миллӣ» ба тарзи автоматӣ ташаккул меёбад, маълумотҳоро дар бораи фаъолияти меҳнатии корманде, ки аз 1 январи соли 2020 шурӯъ шудааст, дар бар мегирад. Яке аз ҳадафҳои асосии низом ин пас аз соли 2020 фаъолияти меҳнатии шахсони ҷисмониро тасдиқ намудан ва ҳангоми ҳисоби нафақа танҳо дар асоси шиносномаи шаҳрвандӣ амалӣ шудани онро роҳандозӣ кардан мебошад.
Собиқаи кории корманд то 1 январи соли 2020 бошад, мувофиқ ба дафтарчаи меҳнатии коғазӣ ба тартиби пешина муайян карда мешавад.
Низоми мазкур, пеш аз ҳама, маълумотҳои ба саҳифаи шахсии корманд омодашударо дар оянда барои пешгирии ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, пур кардани онҳо мусоидат мекунад ва, ҳамчунин, кори кордиҳандаро дар оянда ба таври эҳсосшаванда осон мекунад. Дар баробари ин, ходим метавонад, ки ба саҳифаи шахсии худ ворид шуда, маълумотҳои ба фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби кордиҳанда воридшударо мушоҳида кунад, барои ба тарзи мустақил боргирӣ кардани нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз ҷойи кор ва С/V- маълумотномаро боргирӣ намояд.
Миқдори кормандон – шахсони ҷисмоние, ки дар ин низом аз рӯйихат гузаштаанд, 5 025 028 нафар буда, ин нишондод 92,5 фоизи шахсони ҷисмониеро ташкил медиҳад, ки дар низом бинобар давлати мо бояд аз рӯйхати умумӣ гузаранд.
Бо мақсади он ки ба ҳамаи истифодабарандагон техникаи масофавӣ ва ёрдами ахборӣ тақдим карда шавад, айни замон хидмати техникиву дастгирии МБАБ “НМЯМ” кори худро пеш мебарад.
Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».