НИЗОМИ НАВ САМАРАБАХШИИ ИСТИФОДАИ КОНҲОИ НАФТРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

Sanoat Energetika Guruhi (Гурӯҳи саноатии энергетикӣ) яке аз ширкатҳои бузургтарини нафту гази мамлакати мо мебошад.

Дар натиҷаи кори мураккаби он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 276 ҳазор тонна карбогидридҳои моеъ истеҳсол карда шуданд.
Ба туфайли дар кони Қашқадарё ҷорӣ карда шудани низоми фишории пӯшидаи ҷамъоварии нафт ширкат хароҷоти хидматрасонӣ ва таъмири таҷҳизотро ба дараҷаи назаррас коҳиш дод. 
Мо аз директори иҷроияи Sanoat Energetika Guruhi Тӯлқин Юсупов пурсидем, ки ҷорӣ кардани низоми пӯшидаи фишори ҷамъоварии нафт чӣ афзалият дорад? 
– Sanoat Energetika Guruhi моҳи сентябри соли ҷорӣ блокҳои нафт қабулкунии риштаҳои вурудро дар пунктҳои ҷамъоварии нафти дар кони «Круг» навсозӣ кард, – гуфт Т. Юсупов. – Мувофиқи технологияи нав моеъи равғандор бо ёрии низоми пӯшидаи бенасос ҷамъ карда мешавад, ки дар он нафти истихроҷшуда ба воситаи низоми қубури ба таври дерметикӣ пӯшида бидуни алоқа бо атмосфера ҳаракат мекунад.
Омили мазкур имкон медиҳад, ки тамоси мустақим бо оксигени моеъи интиқолшаванда дар низоми интиқоли маҳсулот истисно карда шаванд ва ба ин васила сурати зангзании қубурҳо то ба сифр кам карда шавад. Аввалин чунин низомро мутахассисони ширкат моҳи июни соли гузашта дар кони «Ӯртабулоқи Шимолӣ», ки дар вилояти Қашқадарё воқеъ аст, ҷорӣ карда буданд.
Низоме, ки дар кони «Круг» ҷорӣ карда шудааст, замонавитар буда, дар он камбудиҳои низоми нав дар «Ӯртабулоқи Шимолӣ» бартараф карда шуданд. Чунин низоми ҷамъоварии нафтро имрӯз ҳамаи пешвоёни ҷаҳонии истеҳсоли нафт истифода мебаранд.
Ба шарофати ҷорӣ намудани низоми нав тамоми гази раҳораҳ истихроҷшуда дар як нуқта ҷамъ карда аз нафт беталаф ҷудо карда, мешавад. Пештар он дар машъала сӯхта мешуд, ҳоло қариб дар як шабонарӯз панҷ тонна барои гармкунии печҳо дар пунктҳои нафттайёркунӣ сарф мешавад. Ҳамин тариқ, мо аз интиқолдиҳандагони берунӣ харидани ашёи хомро қатъ намудем. Ғайр аз он, низом имконияти коҳиш додани хароҷотро барои қувваи барқ ба насосҳо фароҳам меорад. Аммо, шояд бузургтарин бурд ин кам кардани фарсудашавии зангзании таҷҳизот аст. 
Мо тадқиқоти тӯлонӣ анҷом додем то қарорҳоро бо рақамҳо тасдиқ кунем. Дар низоми кӯҳнаи кушоди нафтҳосилкунӣ меъёри манбаъҳои коррозия 27 баробар зиёд шуд. Ва ин тақрибан ду бор пурра иваз кардани қубурҳоро дар як сол ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, рақамҳо ба дараҷаи муайян шаҳодат медиҳанд: кони «Круг» дар як сол 137 ҳодисаи радкунии қубурҳоро қайд мекунад. Пас аз гузаштан ба низоми бенасосӣ ин рақам 2,5 баробар кам мешавад. 
Азнавсозии объектҳои ҷорӣ мувофиқи барномаҳои сохтмони  фондҳои асосӣ ба амал бароварда мешавад. Арзиши лоиҳа беш аз 12 миллиард сӯмро ташкил дод. Ширкат нақша дорад, ки дигар конҳоро бо суръати баландшавии зангзанӣ бо чунин низомҳо муҷаҳҳаз гардонад.

Нигорандаи сӯҳбат 
Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: