Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 июл бинобар масъалаҳои рушди минбаъдаи тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ омили муҳими рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани шуғл ва даромади аҳолӣ мебошад. Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи воҳидҳои ин соҳа дар 2,5 соли охир беш аз 50 фармон ва қарори Президент қабул гардид.
Аз он ҷумла, сабти номи давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ба даст овардани иҷозат ва бисёр дигар ҷараёнҳо содда карда шуданд. Барои муносибии ҳарчи бештар Агентии давлатии хидматрасонӣ ва марказҳои он дар маҳалҳо ба вуҷуд оварда шуданд. Институти Ваколатдори ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воҳидҳои соҳибкорӣ (Бизнес-омбудсман) ба амал татбиқ карда шуд.
Дар тамоми минтақаҳо фаъолияти қабулгоҳҳои Сарвазир барои баррасии муроҷиати соҳибкорон ба роҳ андохта шуданд. Дар назди Девони Вазирон Фонди давлатии дастгирии рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсис гардид, ки барои он 200 миллиард сӯм ва 50 миллион доллар ҷудо карда шуд. Инчунин додани кредит ба соҳибкорон аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ зиёд гардид.
Ин чорабиниҳои амалӣ натиҷа мебахшанд. Тиҷорати хурд қариб 60 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сеяки маҳсулоти саноатӣ, 98 фоизи маҳсулоти хоҷагии қишлоқро истеҳсол менамояд ва ҳамчунин ними сармоягузориро таъмин менамояд. Дар бисёр вилоятҳо ба ҳиссаи тиҷорати хурд аз 70 то 90 фоизи содирот рост меояд. Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ миқдори воҳидҳои соҳибкорӣ ба 60 ҳазор афзуд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ин аввалин натиҷаҳои ислоҳот мебошад. Эътибори асосӣ ба ҳалли масъалаҳое, ки дар маҳалҳо ба назар мерасанд, нигаронда шуд.
Президент таъкид кард, ки ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва муовинони якуми онҳо тамоман ба тарзи нав бояд кор кунанд ва 70 фоизи вақти худро ба инкишофи соҳибкорӣ харҷ намоянд.
Вазифаи ҷорӣ намудани системаи нав гузошта шуд, ки зимни он кори ҳокимони тамоми дараҷаҳо ва муовинони якуми онҳо бинобар миқдори корхонаҳои хурди нав ва ё дубора ба фаъолиятпардохта ва ҳамчунин аз ҷойҳои кор, ки дар онҳо ба вуҷуд оварда шудаанд, баҳо дода мешаванд.
Пешниҳод гардид, ки маҳаки иловагии баҳогузорӣ «ҷонсахтӣ»-и корхонаҳо ҳисобида шавад. Агар ба суханони дигар бигӯем, мукофотонидани ҳоким ва муовини якуми он, роҳбарони қисмҳои ҳудудии иқтисодиёт ва Палатаи савдо ва саноат дар ҳоле сурат мегирад, ки агар камтар аз 50 фоизи корхонаҳои нав дар зарфи се соли оянда фаъолияти худро қатъ накунанд.
Ба Девони Вазирон, Вазорати адлия, Вазорати иқтисодиёт ва саноат дар бобати татбиқи тартиби мазкур супоришот дода шуд.
Дар ҷамъомад инчунин масъалаи татбиқи ташаббус дар бораи ба «минтақаи соҳибкорӣ» табдил додани ноҳияи Хавос, ки ҳангоми сафари Президент ба вилояти Сирдарё ба қарибӣ пешниҳод гардида буд, муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ зери роҳбарии вазири иқтисодиёт ва саноат пешниҳодотро дар заминаи самтҳои инкишофи тиҷорати хурд бинобар махсусият ва потенсиали ҳар як ноҳия бояд таҳия намояд. Дар асоси пешниҳодоти зикргардида ба соҳибкорон аз рӯйи чунин масъалаҳо мисли татбиқи лоиҳаҳо, дарёфти кредит, замин, бино ва иншоот, васлсозӣ ба инфрасохтор ҳамдастӣ карда мешавад.
Дар ҷамъомад ба ногузирии васеъ гардондани ҳамкории саноатӣ байни воҳидҳои тиҷорати хурд ва корхонаҳои бузург ишора гардид.
Барои мисол, хулосаи омӯзиши индустрияи автомобилсозӣ ва мошинсозии хоҷагии қишлоқ нишон медиҳад, ки ҳамкорӣ байни воҳидҳои тиҷорати хурд ва корхонаҳои калони саноатӣ қариб вуҷуд надоранд ва дар натиҷа маҳсулот ва қисмҳои такмилдиҳӣ аз хориҷ оварда мешаванд, ки бидуни ин ҳам дар мамлакатамон истеҳсол мегарданд. Гузашта аз ин, баъзе корхонаҳои саноатӣ қодир нестанд, ки нафақат бо иқтидорҳои хурд, ҳатто бо талаби истеъмолгарон кор кунанд.
Бинобар ин ба Вазорати иқтисодиёт ва саноат роҳандозии ҳамкории саноатии корхонаҳои 10 соҳаи бузург – дар он ҷумла мошинсозии хоҷагии қишлоқ, электротехника, индустрияи масолеҳи сохтмон, саноати кимиё ва автомобилсозӣ бо воҳидҳои тиҷорати хурд ҳастанд.
Вазифаи ташкил намудани ярмаркаи ҳамкорӣ якҷоя бо Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ва ҳамчунин, ба вуҷуд овардани Биржаи ягонаи электронии ҳамкории мол ва хидматрасонӣ гузошта шуд.
Боз ба як мамониати инкишофи соҳибкорӣ – масъалаи ҷудо намудани замин барои ҷойгирсозии лоиҳаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Ҳанӯз аз байн нарафтани ғайри шаффофияти тартиби мазкур таъкид ёфт. Аз он ҷумла, аз 3,5 ҳазор гектар қитъаҳои замини пешниҳодгардида ба савдои электронӣ бо сабабҳои гуногун танҳо 1, 3 ҳазор гектар ё худ 37 фоизаш гузошта шудааст.
Бинобар ин супориш дода шуд, ки ҷараёни ҳамоҳангсозии байниидоравии масъалаҳои замин, сабти ном намудани биноҳо куллан содда карда шавад.
Ногузирии беҳсозии хидматрасонии бонкҳо ба воҳидҳои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани самаранокии кредит таъкид гардид.
Ҳоли ҳозир аризаи соҳибкорон барои дарёфти кредит дар се марҳала – дарҷаҳои ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ баррасӣ мегардад. Кредит ба соҳибкор бе иҷозати идораи марказии бонк дода намешавад. Дар натиҷаи ин ҷараёни мазкур баъзан ба моҳҳо кашол меёбад.
Бо назардошти ин таъкид ёфт, ки ҷараёни баррасии ариза барои кредит то 1 ва ё 2 дараҷа кӯтоҳ карда шуда, инчунин теъдоди шуъбаҳои бонкҳои ихчам дар маҳалҳо бо штати 10-15 нафар, ба ҷойи филиалҳо бо миқдори ходимони 70-100 нафар, зиёд карда шавад.
Зимни муҳокимаи фикрҳои соҳибкорон дар бораи ставкаҳои баланди фоизи кредит ба аҳамияти пурзӯрсозии фаъолияти Фонди давлати дастгирии инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ишора гардид, ки он маҳз барои пешниҳод намудани гарав барои кредит ва қисман сарпур намудани фоиз ташкил гаштааст.
Вуҷуд надоштани муносибати низомнок дар масъалаҳои шикастани бино ва иншооти соҳибкорон ва ҳамчунин пардохти ҷубронпулӣ зери танқид гирифта шуд.
Дар ҷараёни татбиқи корҳои ободонӣ дар маҳалҳо баъзе бино ва иншоот бояд аз байн бурда шавад. Аммо ба сабаби аз ҳад зиёд аз байн бурдани онҳо, ки базан бе назардошти инкишофи ояндаи маҳалҳои аҳолинишин ва ҳисобу китоби дахлдор ба вуҷуд оварда мешавад, хеле миқдори зиёди пардохти ҷубронпулӣ ба вуҷуд меояд. Ҳамзамон ҳокимиятҳо сармоягузоронро ба сохтмони корхонаҳо дар ҷойи иншоотҳои азбайнбурдашаванда ҷалб менамоянд, ба ӯҳдаи онҳо аз ҳисоби худ пардохт намудани ҷубронпулиро намегузоранд ва ин харҷҳо ба зиммаи давлат меафтанд.
Тамоми ҳокимонро ҷиддан огоҳ менамоям — мулке, ки ба соҳибкорон дахл дорад бе зарурияти асоснок шикастан мутлақ роҳдоданашаванда аст, гуфт роҳбари давлат.
Дар назди вазоратҳои адлия ва молия, Палатаи савдо ва саноат вазифаи таҳияи минбаъд такмил додани тартиби шикаст ва ҷуброни мулк якҷоя бо Бизнес-омбудсман ва пешниҳод намудани он гузошта шуд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои муроҷиати воҳидҳои тиҷорати хурд ба мақомоти суд эътибор дода шуд.
Дар таҷрибаи хориҷӣ 70 фоизи баҳсҳо қабл аз суд ҳал карда мешавад, зеро бозрасии суд ҷараёни дароз ва серхарҷ мебошад.
Бинобар ин ногузирии дар мақомоти давлатӣ ба вуҷуд овардани сохтори қабл аз суд ҳаллу фасл намудани баҳсҳо, ки бевосита бо соҳибкорон кор мебарад, таъкид ёфт. Ба Вазорати адлия ва Палатаи савдо ва саноат бо Суди олӣ таҳия намудани лоиҳаи қарор супурда шуд, ки васеъ намудани фаъолияти судҳои доварии алтернатив ва интситути медиатсияро пешбинӣ менамояд.
Дар системаи Вазорати иқтисодиёт ва саноат таъсис намудани Агентии инкишофи соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд пешниҳод гардид ва қарор гардид, ки ба ӯҳдаи сохтори мазкур ваколати таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур гузошта шавад. Он инчунин кори Фонди давлатии дастгирии инкишофи фаъолияти соҳибкориро танзим менамояд.
Фақат корхонаҳои бузургро сохта, мо пурра масъалаи шуғли аҳолӣ ва афзоиши даромади он, афзудани воридотро ба буҷа ҳал карда наметавонем. Самти муҳими кор дар бобати баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт – инкишофи соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд, таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ҳокимон, роҳбарони вазорат ва идораҳо дар бораи масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида баромад намуданд.
ӮзА.