НИЗОМИ ОДИЛОНА ВА ҲАВАСМАНДКУНАНДАИ АНДОЗ БА РУШДИ ИҚТИДОРҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА САРМОЯВӢ МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД

20 декабр таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои куллан ба ҳаёт ҷорӣ кардани консепсияи нави сиёсати андоз машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Низоми шаффоф ва одилонаи андоз аз ҷумлаи шартҳои муҳимтарини рушди иқтисодиёт ба шумор меравад. Вале мавҷуд будани бисёр ноаниқиҳо дар маъмурияти андоз то имрӯз ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ ва соҳаи сармоягузорӣ монеа мешуданд. Дараҷаи баланди миқдори андоз бар хилофи андозсупорандагони бовиҷдон амал мекард.
Барои мисол, субъектҳои соҳибкорӣ ба бунёдҳои мақсадноки давлатӣ 3,2 фоизи ҳаҷми мубодилаи моли худро, новобаста аз он ки корхона чи гуна даромад гирифтааст, месупурданд. Ин бори андоз камаш 21 фоизи даромадҳои корхонаро ташкил медод ва ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардору содиротӣ халал мерасонид.
Барои аз байн бардоштани чунин мушкилот, сабук кардани бори андоз ва инкишоф додани иқтисодиёти воқеан бозаргонӣ бо ташаббуси роҳбари давлат Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон андешида шуд.
Дар консепсия, ки бо ҷалби коршиносони Бунёди байналхалқии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ ва созмонҳои дигар дар пояи таҷрибаи кишварҳои пешқадам қабул гардид, барои тиҷорат ва шароитҳое, ки тиҷоратро мувофиқи талаботи байналхалқӣ бештар мусоид мекунанд, имкониятҳои зиёд пешбинӣ шудаанд.
Чунончӣ, аз ибтидои соли оянда хелҳои андоз аз 19 то 15 адад кам карда мешаванд: Миқдори андоз барои даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 14 то 12 фоиз, андоз барои даромад дар шакли дивиденд ва фоизҳо аз 10 то 5 фоиз коҳиш меёбад.
Он чиз муҳим аст, ки минбаъд миқдори андозҳо чун пештара қатъиян тағйир намеёбанд, балки дар ин бобат шаффофтар мешаванд. Ин ба сармоягузорон имкон медиҳад лоиҳаҳои дарозмуҳлати тиҷоратии худро боэътимод ба нақша бигиранд.
Дар консепсияи нави андоз тартиби пардохти маблағҳо аз мубодилаи мол, ки дар боло зикр шуд, низ тағйир меёбад. Дар натиҷаи ин корхонаҳои бузург метавонанд беш аз 5 триллион сӯмро дар ихтиёри худ нигоҳ доранд.
Ба шарофати ин ва сабукиҳои дигар Бунёди байналхалқии асъор ислоҳоти низоми андози моро аз комёбиҳои бузургтарини Ӯзбекистон эътироф кард.
Хулоса, низоми нави маъмурияти андоз ташкил гардид. Куллан ба амал татбиқ кардани  он вазифаи минбаъда ба шумор меравад.
Дар машварати видеоселекторӣ бино бар сарфакорона ба роҳ мондани кори низоми нав чораҳо муайян карда шуданд.
Аз 1 январи соли 2019 тамоми субъектҳо, новобаста аз миқдори кормандонашон, ки дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллиард сӯм табодули мол мекунанд, ба пардохти андози барои ҳама муқарраршуда мегузаранд.
Саволи табиӣ ба миён меояд: барои чӣ қарори афзудани миқдори супорандагони андози барои ҳама муқарраршуда қабул гардид?
Фарқи байни бори андози супорандагони андози ягона ва супорандагони андози барои умум муқарраршуда аз ҳад зиёд аст, ки муттаҳидсозии тиҷорати хурдро рағбатнок намекунад. Ҳол он ки брендҳои дар тамоми ҷаҳон машҳур, аз ҷумла Adidas, Nike, Indesit, Knauff замоне фаъолияти худро ба сифати корхонаҳои хурди оилавӣ оғоз карда, ба шарофати механизмҳои дахлдори ҳавасмандгардонӣ ба ширкатҳои бузург табдил ёфтаанд.
Президент аз ин хусус сухан ронда, чунин суол пеш овард: Ӯзбекистон кай дорои чунин брендҳои бузург мегардад?
Таъкид шуд, ки бояд ихтисос ва донишҳои амалии кормандони мақомоти ҳудудии андоз бино бар ҳисобу китоби андозҳои барои умум муқарраршуда баланд бардошта шавад, тайёркунии ҳамаҷонибаи муҳосибони субъектҳои соҳибкорӣ ҷорӣ гардад.
Бобати ба корхонаҳое, ки ба пардохти андози барои умум муқарраршуда мегузаранд, вобаста кардани кормандони мақомоти андоз, баргузор кардани маълумотдиҳии зарурӣ, кӯмакрасониҳои амалӣ ба субъектҳо супоришот дода шуданд. Зарурияти аз ҷониби ҷомеаҳои бузурги саҳҳомӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагӣ якҷо бо мутахассисони Кумитаи давлатии андоз баргузор кардани машварат-тренингҳо барои кормандони масъули корхонаҳое, ки дар низоми онҳо амал мекунанд, таъкид шуд.
– Дар ҳисобу китоб ва ба роҳ мондани ҳисобот бино бар андози барои умум муқарраршуда андоз барои арзиши иловагӣ душвории бештар дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Барои сабук кардани ин ҷараён пешбинӣ шудааст, ки андози мазкур давра ба давра дар тӯли ду сол ҷорӣ карда шавад.
Аз ҷумла, корхонаҳое, ки мубодилаи молашон аз 1 миллиард то 3 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, андозро барои арзиши иловагӣ ихтиёран, дар тартиби соддакардашуда мепардозанд. Яъне онҳо бино бар хариди молҳо ҳисобу китоб-фактураи махсусро ҷорӣ намекунанд ва андозро бо назардошти мубодилаи мол мепардозанд, ки дар қисмати соҳаи фаъолияташон дифференсӣ карда шудааст.
Дар машварат бобати ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотӣ, бо барномаҳои зарурии компутерӣ таъмин кардани ашхоси ҳуқуқӣ, барои дуруст ба роҳ мондани корҳои дар боло зикршуда тайёр кардани муҳосибон супоришҳо дода шуданд.
Зарурияти ба роҳ мондани саҳифаҳои интернет барои ҷавоб ба саволҳои зуд-зуд бамиёнмеомада ва call-марказҳои шабонарӯзӣ барои он ки андозсупорандагон ба ҳама гуна масъалаҳои сарзада маълумот пайдо карда тавонанд, қайд гардид.
Роҳбари давлат ба масъалаи пешгирӣ намудани болоравии нарх дар натиҷаи ҷорӣ кардани пардохти андоз барои арзиши иловагӣ дар тиҷорати хурд эътибори махсус дод. Ба шахсони масъул супурда шуд, ки нархгузории дурустро дар тамоми давраҳои истеҳсолот то дастрасии маҳсулоти тайёр аз тариқи ҷорӣ намудани андоз барои арзиши иловагӣ, роҳ надодан ба болоравии беасоси нарх дар ҳар як давраи истеҳсоли маҳсулоти тайёр таъмин намоянд.
Дар низоми нави андоз як қатор навгониҳо бино бар озодкунии фаъолияти ғайрирасмӣ ҷорӣ гардид. Чунончи, андоз барои даромад аз 14 то 12 фоиз кам карда шуд, вай танҳо дар сурати даромад гирифтани соҳибкор пардохта мешавад. Барои коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ба ҷойи андози даромад, ки то ба 30 фоизи музди меҳнат мерасид, андози ягонаи 12-фоиза ҷорӣ  гардид, аъзобадали 8-фоизаи суғуртавӣ умуман бекор карда шуд. Миқдори пардохти ягонаи иҷтимоӣ, ки ба дӯши ҷомеаҳои тиҷоратӣ бори вазнин буд, аз 25 то 12 фоиз коҳиш ёфт. Миқдори пардохти андози ба қайд гирифта барои соҳибкорони хусусӣ 30 фоиз кам карда шуд.
Ин имкониятҳо соҳибкоронро ба фаъолияти поквиҷдонона ва фароҳам овардани ҷойҳои зиёди корӣ рағбатнок месозанд.
Дар машварат масъалаҳои баланд бардоштани андозғункунӣ баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки кори мақомоти андоз дар самти мазкур ғайриқаноатбахш аст, дар маҳалҳо қарздорӣ бино бар андозсупорӣ боқӣ мемонанд. Ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷамъоварии пурраи андозро таъмин кунанд.
Таъкид шуд, ки монеаҳои мавҷудаи бюрократӣ дар маъмурияти андоз ба фаъолияти коршиносон таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолие, ки маҳсулоти худро ба содирот мебароранд, бо коғазбозӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва маҷбур мегарданд моҳҳо барои ситондани миқдори андоз аз арзиши иловагӣ ба мақомоти андози ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ  муроҷиат кунанд.
Вобаста ба ин Президент зарурияти ҷорӣ кардани тартиби соддатареро, ки ситондани андоз аз арзиши иловагиро дар тӯли 10 рӯз имконпазир менамояд, қайд намуд.
– Кодекси нави андоз бояд тамоми тартибот, механизм ва усулҳои андозситониро фаро гирад, барои ҳама фаҳмо бошад. Ин кор қадами аввалини мо барои созмон додани низоми одилона ва ҳавасмандкунандаи андоз ба шумор меравад, – гуфт роҳбари давлат.
Бино бар масъалаҳои дар машварат муҳокимагардида ахбори роҳбарони масъул шунида шуданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: