НИЗОМИ ОНЛАЙНИИ ЯКЛУХТИ НАЗОРАТ ВА БАҲИСОБГИРИИ ЗАХИРАҲОИ ЭНЕРГИЯ ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои назорат ва ҳисобкунии қувваи барқ ва гази табиӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои назорат ва ҳисобкунии қувваи барқ ва гази табиӣ баргузор гардид.

Нерӯи барқ ва гази табиӣ захираҳои барои ҳаёт ва иқтисодиёт муҳим мебошанд. Азбаски инфрасохтори истеҳсоли онҳо дар Ӯзбекистон солҳои тӯлонӣ навсозӣ нашудааст, ҳангоми интиқол додани онҳо талафоти калон ба назар мерасид. Зарурати ба тартиб даровардани ҳисобу китоб дар ин соҳа ҷорӣ намудани системаҳои автоматиконидашударо талаб мекунад.
Ҳамин тариқ, дар 7 ноҳия ва шаҳр, ки дар онҳо низоми автоматиконидашудаи назорат ва ҳисобкунии қувваи барқ ҷорӣ карда шудааст, ҷамъоварии пардохтҳо 40 фоиз афзуда, қарзҳои дебиторӣ 20 фоиз коҳиш ёфтанд. Нақшаҳо барои ҷорӣ кардани ин система дар тамоми минтақаҳои кишвар татбиқ мегарданд.
Дар ин робита, дар ҷамъомад масъалаҳои татбиқи пурраи системаҳои автоматиконидашудаи назорат ва ҳисобкунии қувваи барқ ва гази табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки барои ин мақсадҳо тақрибан 1,2 миллиард доллар ҷудо карда мешавад.
– Самаранокӣ ва бозгашти ин маблағҳоро танҳо бо гузоштани ҳисобкунакҳо таъмин кардан мумкин нест, – гуфт сарвари давлат. – Ба ибораи дигар, бо танҳо донистани чӣ қадар энергия сарф кардани истеъмолкунанда ба пешгирии талафот ва дуздӣ дар система хотима гузошта намешавад. Барои ин зарур аст, ки як низоми яклухти онлайнӣ созмон дода шавад, ки ҳар як пайванди занҷири «истеҳсолкунандаи энергия — шабакаҳои магистралӣ — шабакаҳои тақсимотӣ — истеъмолкунанда»-ро дар бар гирад.
Аҳамияти васеи насби ҳисобкунакҳо, ташкили марказҳои сервисӣ оид ба хидматрасонӣ ба онҳо, таъмини кори бефосилаи дастгоҳҳо, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос таъкид гардид.
Ба ҳокимон, роҳбарони секторҳо ва фаъолони маҳаллаҳо дар бораи зарурати корбарии доимӣ бо аҳолӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба аҳамияти саривақт баргардонидани қарз ва роҳ надодан ба ғайриқонунӣ пайвастан ба шабака маълумот дода шуд.
Имрӯзҳо дар маҳалҳо қариб 4 миллион ҳисобкунакҳои қувваи барқӣ насб карда шудаанд, ки 2 миллиони он ба пойгоҳи ягонаи электронӣ пайваст карда шудааст. Дар ҷамъомад дар назди  ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоклари» вазифа гузошта шуд, ки то охири сол боз 3,5 миллион ҳисобкунакҳои барқиро ҷорӣ намуда, то 1 марти соли 2021 системаи автоматиконидашударо пурра ба кор андозад.
Ғайр аз он, супориш дода шуд, ки ҳисобкунакҳои электронӣ дар истеъмолкунандагони калон ва субъектҳои хоҷагидорӣ, дар нуқтаҳои тақсимот ва трансформаторҳо насб карда, онҳоро ба пойгоҳи ягонаи электронӣ пайваст кунанд.
Қайд гардид, ки ҶС «Ҳудудгазтаминот» бояд то охири соли равон 1 миллиону 200 ҳазор ва дар давоми нимсолаи аввали соли оянда 2,3 миллион ҳисобкунакҳои замонавии газро васл кунад.
Ҳамзамон, дар 4 моҳи наздик 22 ноҳия ва шаҳри дараҷаи истеъмоли гази табиӣ ва нишондиҳандаҳои қарзашон баланд фаро гирифта мешаванд. Зиёда аз 4 ҳазор истеъмолкунандаи калон, нуқтаҳои газпуркунӣ ва корхонаҳои истеҳсоли газ, инчунин 850 гармхона ба системаи автоматӣ пайваст карда мешаванд.
Ба Вазорати энергетика супориш дода шуд, ки интиқол, насб ва васлкунии ҳисобкунакҳоро дар ҳар як ноҳия ва шаҳр ҳамоҳанг ва назорат кунад.
Ба ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, якҷоя бо раисони маҳаллаҳо раванди насб кардани ҳисобкунакҳои муосирро дар байни аҳолӣ ҳамоҳанг созанд ва мушкилоти ба миён омадаро зуд ҳал кунанд.
Таъкид карда шуд, ки барои фаъолияти самарабахши системаи автоматиконидашудаи назорат ва баҳисобгирии захираҳои энергетикӣ бояд омӯзиши кадрҳои техникӣ ва мутахассисони ТИ-и ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» ва «Ҳудудгазтаминот» ташкил карда, ихтисос ва малакаҳои кории онҳо барои истифодаи пурраи имконоти система баланд бардошта шавад. Дастурҳо оид ба дар ҳар як минтақа ба роҳ мондани  низоми таъмир ва хидматрасонии ҳисобкунакҳо ва таҷҳизоти дигар дода шуданд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаи кам кардани қарзҳои дебиторӣ оид ба қувваи барқ ва гази табиӣ баррасӣ шуд.
Роҳбарони соҳа дар бораи чораҳои татбиқи низоми автоматиконидашудаи назорат ва ҳисобкунии қувваи барқ ва гази табиӣ тақдимот карданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: