Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб яке аз масъалаҳои муҳим дар марҳилаи нави рушди Ӯзбекистон мебошад.
Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб яке аз масъалаҳои муҳим дар марҳилаи нави рушди Ӯзбекистон мебошад. Имрӯз дар ҷумҳуриамон қариб 800 ҳазор нафар шахсони маъюб зиндагӣ мекунанд. Аз ин ҷиҳат, солҳои охир дар мамлакатамон ба дастгирии аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои онҳо фароҳам овардани имкониятҳои ҳамаҷониба ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Дар ин маврид «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав»-и Президент Шавкат Мирзиёев марҳилаи нави рушди миллии моро оғоз мекунад.
Дар маркази ҳама ислоҳоте, ки дар асоси тамоюлҳои «инсон – ҷомеа – давлат» амалӣ карда мешавад, ғояи ҳаётан муҳими «шаъну шарафи инсон ва манфиатҳои он» намоён мешавад. Дар асоси ин, дар баробари ислоҳоти васеъмиқёс дар кишвар низоми нави ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбон ба вуҷуд омад. Мувофиқи он, ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон муайян карда шудаанд. Ҳимояи иҷтимоии маъюбон на ҳамчун мушкилоти тиббӣ, балки дар навбати аввал ҳамчун масъалаи ҳуқуқи инсон тавсиф карда шуд. Аз ҷумла, бо назардошти он, ки таркиби аҳолии ҷумҳуриамонро беш аз 100 ҳазор кӯдакони имконияташон маҳдуди то 16-сола ташкил медиҳад, барои таҳсили онҳо, касбомӯзӣ ва дар ҳаёти мустақил ҷойгоҳ пайдо кардан имтиёзҳо фароҳам оварда шудааст. Онҳо дар ҳуҷҷатҳои зерини ҳуқуқӣ муайян карда шудаанд:
Аввалан, Фармони Президент аз 1 декабри соли 2017 «Дар бораи тадбирҳои куллан такмил додани низоми дастгирии давлатии шахсони маъюб» қабул гардид. Хусусияти ба худ хоси ин фармон дар он аст, ки «бино ба аломати маъюбӣ поймол накардани ҳуқуқ, таъмини шароити баробар барои амалӣ намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маъюбон ва ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон кардани онҳо» нишон дода шудааст. Ғайр аз ин, бо фармон барномаи «Маҷмӯи тадбирҳои боз ҳам такмил додани низоми дастгирии маъюбон ва пурзӯр намудани кафолатҳои ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои онҳо» тасдиқ карда шуд. Дар ин барнома аз соли хониши 2018-2019 тартиби барои маъюбон аз шумораи умумии довталабон ба муассисаҳои таълими олӣ квотаи дуфоизаи иловагӣ ҷорӣ карда шуд. Вазифа гузошта шуд, ки ин квотаҳо аз ҷониби мактабҳои олӣ ташкил карда шаванд. Инчунин, ба тоифаи қабули маъюбон ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси квотаҳои иловагӣ шахсоне дохил мешаванд, ки шаҳодатнома дар бораи хатми таълими миёнаи умумӣ ё таълими миёнаи махсуси касбӣ ва маълумотномаи маъюбии гурӯҳҳои I ва II доранд.
Дуюм, бо Қарори Девони Вазирон 2 июни соли 2018 Низом «Дар бораи тартиби қабули шахсони маъюб ба муассисаҳои таълими олӣ аз рӯйи квотаҳои иловагии гранти давлатӣ» тасдиқ карда шуд. Низоми мазкур тартиби қабули шахсони маъюбро ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси квотаҳои иловагии гранти давлатӣ ва дараҷаи қабули шахсони маъюбро ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси квотаҳои иловагӣ муайян менамояд. Тибқи он, ҳайати маъюбон бо шаҳодатномаи хатми таълими миёнаи умумӣ ё миёнаи махсус, таълими касбу ҳунар ва маълумотномаи маъюбии шакли муқарраршуда аз рӯи гурӯҳҳои I ва II муайян карда мешавад.
Сеюм, 15 октябри соли 2020 Қонун «Дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюб» қабул карда шуд. Қонуни мазкур омили муҳими ҳуқуқии ба куллӣ такмил додани низоми дастгирии давлатии шахсони маъюб мебошад. Илова бар ин, навоварии асосии қонун ин ҷорӣ намудани консепсияи «бино ба аломати маъюбӣ табъиз намудан» мебошад, ки қаблан дар қонунгузории Ӯзбекистон набуд. Инчунин, дар боби 6-уми ин қонун таълими маъюбон, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 38-уми қонун нишон дода шудааст, ки «Маъюбон ҳуқуқи якумриро ба таҳсил, иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва давлат доранд, то тавонанд дар ҳама сатҳҳои муассисаҳои таълимӣ таҳсил гиранд ва қобилияти худро инкишоф диҳанд».
Чорум, 21-уми декабри соли 2021 Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи маъюбон, мусоидат ба бо кор таъмин намудан ва минбаъд баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии онҳо» ва Қарори Девони Вазирон аз 23 декабри соли 2021 «Дар бораи тадбирҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Шӯрои байниидоравӣ оид ба корҳои маъюбон» қабул карда шуд.
Аҳамияти амалии ин қарорҳо дар он аст, ки офаридани низоми самарабахши дастгирии маъюбон мутобиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ, механизмҳои баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ тавассути ҷалб намудани онҳо ба шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои маъюбон муайян карда шудаанд.
Усмонҷон БӮТАЕВ,
роҳбари маркази тадқиқотии СҒҒ «Истиқбол».