НИЗОМИ ТАЪЛИМ КУЛЛАН БОЗСОЗӢ МЕШАВАД, ОБРӮЙИ МУАЛЛИМ ДАР ҶОМЕА БАЛАНД МЕГАРДАД

Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба иҷрои вазифаҳои пешгузоштаи Президент Шавкат Мирзиёев бобати куллан тағйир додани низоми таълими халқ ва мувофиқи талаботи замон такмил додани он машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Дар машварат, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов гузашт, натиҷаҳои омӯзиши низоми таълими халқ таҳлил шуданд, қайд гардид, ки Президент умуман аз ҳолати кунунии соҳа қаноатманд нест, бо вуҷуди супоришоти дахлдори пешниҳодшуда дар соҳа тағйироти назаррас ба миён намеоянд. Вобаста ба ин роҳбарони асосии низом аз вазифаҳои худ сабукдӯш карда шуданд.
Кормандони низоми таълимро ба «кӯмакрасонҳо»-и корҳои ҷамъиятӣ табдил додан ба сифати кори онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, бо вуҷуди он ки аз ҷониби роҳбари давлат бобати манъ кардани меҳнати иҷборӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул гардидаанд, баъзе шахсони мансабдори маҳалҳо то ҳол аз одати деринаи худ даст намекашанд.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки минбаъд чунин ҳодисаҳо куллан аз байн бардошта шуда, шахсоне, ки ба чунин кирдорҳо роҳ медиҳанд, то ба дараҷаи кашидан ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷазо мегиранд.
Муносибати бемасъулиятона ба фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои кори омӯзгорон, дар ҳаҷми зарурӣ таъмин накардани онҳо бо маблағҳо, боиси коҳиш ёфтани обрӯйи муаллимон гардид. Ин сабаби аз соҳа рафтани кадрҳои беҳтарин, ба хусус муаллимон-мардон шуд. Дар натиҷа ягонагии таълиму тарбия зарар дид.
Тавре ки таъкид гардид, минбаъд бобати рағбатноксозии сазовор ва баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон чораҳо андешида хоҳанд шуд. Вале ин ҷараён дар як рӯз амалӣ намешавад, он давра ба давра татбиқ хоҳад шуд. Аз ҷумла, барои кори пурсамари омӯзгорон инфрасохтори мактаб беҳтар мегардад, мактабҳои нав бунёд меёбанд. Ин дар навбати худ барои ба мактаб ҷалб намудани кадрҳои соҳибихтисос, аз ҷумла муаллимон – мардон имконият фароҳам хоҳад овард.
Вазифаи асосии омӯзгор ин ба хонанда савод омӯзонидан аст. Мутаассифона, дар тӯли давраи сипаришуда ба ин мантиқи ҳаётӣ осеб расид. Бар замми он ки то имрӯз муаллимонро иҷборан ба корҳои ҷамоатӣ ҷалб менамуданд, таҷрибаи зуд-зуд ба ҷамъомадҳо даъват намудан, ба пур кардани коғазҳои гуногун маҷбур сохтани онҳо низ ба чашм мерасид. Дар натиҷаи ин муаллимони ҳақиқӣ барои афзудани дониш ва маълумоти худ, дастрас намудани иттилоот оид ба навгониҳои таълими замонавӣ ва низом фурсат намеёфтанд.
Сарвазир қайд кард, ки роҳбари нави Вазорати таълими халқ бояд вазъияти ба миёномадаро аз байн бардорад, дар ин самт ба вазири нав Ш. Шерматов супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар машварати видеоселекторӣ аз ҷониби мактабҳо иҷро шудани вазифаҳое, ки бевосита аз Вазорати таълими халқ пеш гузошта шудаанд, роҳ надодан ба ҳукми ҳокимон ё худ мансабдорони дигар дар низоми таълим, манъи таҷрибаи даъват кардани кормандони низом ба ҷамъомадҳо таъкид шуд. 
Ҳоли ҳозир дар мактабҳои мамлакат шаш миллион бачагон таълим мегиранд. Агар онҳо соҳиби донишҳои амиқ шаванд, мо ба ояндае, ки онро орзу мекунем, муваффақ мегардем.
Тавре ки дар машварат зикр шуд, инфрасохтори низоми таълим мувофиқи талаботи давр куллан тағйир меёбад, метавон гуфт тамоман бозсозӣ мешавад. Дар ин самт ба вазири таълими халқ Шерзод Шерматов, иҷрокунандагони вазифаи муовинони ӯ Сарвар Бобохуҷаев, Алишер Умаров, Отабек Назаров супоришҳои дахлдор дода мешаванд. 
Минбаъд маблағҳое, ки барои низоми таълим ҷудо карда мешаванд, бевосита ба нишонии дахлдор расонида хоҳанд шуд. Аз ҳама муҳимаш ин маблағҳо аз ҷониби вазири таълими халқ тақсим карда мешаванд, Дастгирии ҳамаҷонибаи низоми таълим, аз ҷумла, Вазорати таълими халқ, барои тамоми роҳбарон вазифаи муҳим мегардад.
Дар машварат ба мушкилоти китобҳои дарсӣ – манбаи муҳими таълим эътибор дода шуд. Агар китоби дарсӣ босифату  арзон бошад ва моҳияти фанро кушода диҳад, ин омили муҳими расидан ба мақсадҳои асосӣ мегардад.
Солҳои охир на ба мазмуни китоби дарсӣ, балки ба муаллифи он эътибор бештар шуд. Мутаассифона, дар ин маврид мафҳуми: «Ин китоби дарсиро шиноси фалон шахс навиштааст» маҳаки асосӣ гардид. Вазъият ба дараҷае расид, ки нафақат мутахассисон, балки ҳатто мактабхонон аз китобҳои дарсӣ саҳву хатоҳо меёфтагӣ шуданд.
Зиёда аз он барои интишори китобҳои дарсии нав дақиқан дар ҳар 2-3 сол маблағҳои зиёд харҷ гардиданд. Ҳол он ки таъиноти фанҳои дақиқ – математика, кимиё, физика бетағйир мемонанд. Аз ин ҷо мақсад аз мураттаб сохтан ва нашр кардани китобҳои дарсӣ ошкор мегардад. Пӯшида нест, ки ҳамаи ин ба манфиати муаллифон ва ноширон хидмат мекард.
Дар машварат ба таълифи китобҳои дарсии мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ эътибор дода шуд. Дар ин самт супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар мамлакат ҳамоҳангсозии инфрасохтори мактаб ба талаботи замон масъалаи муҳим боқӣ мемонад.
Тавре ки қайд шуд, бинои аксар мактабҳо ду-сеошёна мебошанд. Ҳол он ки барои сохтмони мактабҳои чаҳор ё худ панҷошёна монеае нест. Баръакс ин имкон медиҳад шароит дар мактабҳо беҳтар бошад, хонаҳои фаннӣ ташкил гарданд, миқдори зиёди толибилмон фаро гирифта шаванд. Дар натиҷаи аз имкониятҳои мавҷуда истифода набурдан дар бисёр ҳудудҳо бачагон дар се баст таълим мегиранд. 
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар лоиҳаи «Мактаби намунавӣ» бояд ба бунёди мактабҳои барои хонандагон аз ҳар ҷиҳат мусоид эътибор дода шавад,
Барои ҳамаҷониба инкишоф додани мактабҳо истифода аз имкониятҳои дохилӣ низ мувофиқи мақсад мебошад. Дар самти мазкур таҷрибаи яке аз мактабҳои ноҳияи Сергелии пойтахт зикр гардид. Сухан аз он хусус меравад, ки дар ин мактаб боғ бунёд шуда,  дар он ҳар як хонанда соҳиби ниҳоли парвардаи худ мебошад. Толибилмон нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунанд, ба ниҳолҳо сари вақт об медиҳанд. Ин дар тарбияи кӯдак мавқеи муҳим дорад, баробари дар вай ташаккул додани муҳаббат нисбат ба табиат ба афзудани масъулиятшиносиаш мусоидат менамояд. Даромадеро, ки аз боғҳо ба даст меоянд, метавон ба манфиати хонандагон истифода бурд.
Роҳбари давлат бобати баланд бардоштани обрӯи омӯзгорон супоришҳои зарурӣ дода, махсус қайд кард: «Ман касеро, ки ба омӯзгор эҳтиром намегузорад, хурмат намекунам».
Воқеан, пешаи омӯзгор бояд дар ҷомеа баобрӯтарин бошад. Ва барои ин тамоми чораҳо андешида хоҳанд шуд. Зеро маҳз чунин муносибат пешрафти хубро дар Ҷопон ва Сингапур, ки аз ҷумлаи кишварҳои пешқадамтарини ҷаҳон ҳисобида мешаванд, таъмин сохт.
Ба муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар ҷамъомад аз тариқи низоми видео-конфронс-робита иштирок доштанд, ба раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, кормандони масъули созмонҳои дахлдор бино бар баррасии ин масъалаҳо супоришҳо дода шуданд. 

Норгул АБДУРАҲИМОВА, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: