НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ИНКЛЮЗИВ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Дар мамлакати мо 86 муассисаи давлатии таълимии махсус барои бачаҳои имконияташон дар инкишофи ҷисмонӣ ё рӯҳӣ маҳдуд мавҷуданд, ки дар онҳо 21 ҳазору 363 бача тарбия ва таълим мегиранд.

Дар мамлакати мо 86 муассисаи давлатии таълимии махсус барои бачаҳои имконияташон дар инкишофи ҷисмонӣ ё рӯҳӣ маҳдуд мавҷуданд, ки дар онҳо 21 ҳазору 363 бача тарбия ва таълим мегиранд. 13 ҳазору 868 бача дар хона таҳсилоти инфиродӣ мегиранд.
Мувофиқи талаботи замон бо мақсади фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии ҷорӣ намудани таълими инклюзивӣ ба лоиҳаи қонун «Дар бораи таълим» дар таҳрири нав мафҳуми «таълими инклюзивӣ» ворид карда шуд.
Дар рушди соҳа, қарори Президент «Дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани принсипҳои нави идоракунӣ дар низоми таълими халқ» аз 5 сентябри соли 2018 аҳамияти калон дорад.
Дар асоси ин ҳуҷҷат  Вазорати таълими халқ оид ба минбаъд баланд бардоштани самаранокии чораҳои таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони аз ҷиҳати инкишоф, ки ба табобат ва беҳбуди саломатӣ ниёз доранд,  фароҳам овардани муҳити мутобиқшавӣ барои таҳсили онҳо вазифаҳоро муайян кард.
Муовини сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии кӯдакони Вазорати таълими халқ Сӯҳроб ХОЛИҚОВ ба мухбири ӮзА дар бораи корҳое, ки дар доираи иҷрои вазифаҳои пешбинишуда татбиқ гардидаанд, нақл кард:
— Дар доираи лоиҳаи таълими инклюзивӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2016 амалӣ карда шуд, дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ майдончаҳои таҷрибавиву озмоишӣ ташкил карда шуданд. 153 комиссияи тиббӣ-руҳӣ-педагогӣ ва 1350 омӯзгор барои расондани хидмати таълими инклюзивӣ таҳсил кардаанд. Ба барномаи таълимии институтҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимон 3 модули таълимӣ оид ба татбиқи таҷрибаи таълими инклюзивӣ ворид карда шуданд. Хидмати таълими инклюзивӣ ба зиёда аз 2000 бачаи имконияташон маҳдуд ва волидони онҳо расонида шуд.
Дар натиҷаи таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони дар инкишоф қафомонда, ки ба табобат ва беҳбуди саломатӣ, корҳои ислоҳӣ ва офият ниёз доранд, дар панҷ соли охир ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ тақрибан 500 нафар аз ин кӯдакон баргардонда шуданд. Дар айни замон дар 5 ҳазору 900 мактаби таҳсилоти умумӣ тақрибан 64 ҳазору 700 кӯдак бо таҳсилоти инклюзивӣ фаро гирифта шудаанд.
13 октябри соли 2020 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи системаи таълим ва тарбияи кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ» қабул карда шуд, ки ба беҳтар намудани таълими инклюзивӣ дар Ӯзбекистон, ташаккули системаи таълими кӯдакони ба таҳсилоти махсус ниёзманд ва баланд бардоштани сифати хидматҳои таълимӣ ба онҳо нигаронда шудааст.
Мувофиқи қарор Консепсияи рушди таълими инклюзивӣ дар системаи маорифи халқ дар солҳои 2020-2025 қабул карда шуд ва «харитаи роҳ»-и барои солҳои 2020-2021 тасдиқ карда шуд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар солҳои 2023-2025 дар 51 фоизи мактабҳои миёна ҷорӣ намудани системаи таҳсилоти инклюзивӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин шакли таҳсил 40 фоизи кӯдакони маъюбро фаро хоҳад гирифт.
Кӯдакони имконияташон маҳдуд ба маҳфилҳои мусиқӣ, расмкашӣ, санъати тасвирӣ, кулолгарӣ, варзиш, саводнокии компютерӣ, дӯзандагӣ ва ғайра ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон, усулҳои таълими инклюзивӣ такмил меёбанд, дар раванди таълим тадриҷан принсипҳои фардӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Ш. МАМАТУРОПОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: