Низоми таълиму тарбия: ЗИНАИ НАВИ ТАРАҚҚИЁТ БАРРАСӢ ГАРДИД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои такомули низоми таълим ва тарбия, тезондани инкишофи илм дар мамлакат баргузор гардид.

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои такомули низоми таълим ва тарбия, тезондани инкишофи илм дар мамлакат баргузор гардид.
Тавре ки роҳбари давлат дар баромади худ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён таъкид намуд, илм, таълим, тарбия – ин ҳалқаи асосии тараққиёт, нерӯе мебошад, ки иқтидори мамлакатамонро меафзояд.
Аз ин рӯ дар Ӯзбекистон барои рушди маҷмӯии низоми таълим, тарбияи кадрҳои баландмалака кӯшиш ва маблағи назаррас равона карда мешавад. Тағйироти сифатнок дар низомҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ инчунин дар фаъолияти муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ба вуқӯъ мепайванданд.
– Мо мардуме мебошем, ки ба илм азм дорем, ки он ҳамеша муаллимро қадр ва эҳтиром мекард. Вақте ки дар бораи муаллим, мураббӣ сухан мегӯям, ба худ шахсони бароям муҳтарам ва азизро тасаввур менамоям, ки зиёиву замонавӣ, самимиву меҳрубон мебошанд. Зеро маҳз педагог ҳамаи моро омӯзонда, ба мо дар баробари падару модаронамон тарбия додааст, – гуфт роҳбари давлат дар аввали ҷамъомад. – Имрӯз мо барои давраи нави тараққиёти Ӯзбекистон хишти аввал мегузорем. Дар ин ҷараён мададрасони аввалини мо – муаллимон ва мураббиён, зиёиёни илмӣ ва эҷодӣ мебошанд.
Таъкид шуд, ки ҳаёти ҳар як оила, ҳар як кӯдак бо мактаб алоқаи зич дошта, масъалаи мактаб барои давлат, барои тамоми ҷамъият кори дараҷаи аввал ба шумор меравад.
– Ҳамаи мо ба омӯзгорон ва мураббиён неъмати беҳтарини худ – ҳаёт ва тақдири фарзандони азизамонро бовар менамоем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд ба ин одамони шоиста, ки ин давлати беназири моро ҳифз намуда, ояндаро эҷод менамоянд, эътибори  бояду шояд диҳем, – гуфт Президент.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки натиҷабахшии ҷараёнҳои ҷории модернизатсия, муваффақияти ислоҳот ва бозсозиҳо аз таълими мактабӣ ва тарбияи кадрҳои форматсияи нав вобаста мебошад. Аз ин рӯ бисёр чиз аз директорони мактаб ва муаллимон – шахсони шуҷоатманде, ки соҳибони дониш, маданият ва маънавият дар шаҳру деҳот мебошанд, вобаста аст. Мактаб натанҳо муассисаи таълимӣ бояд бошад, балки маркази маданият ва заковати маҳалла низ гардад.
Тавре ки маълум аст, бо мақсади такомули минбаъдаи низоми таълим ва тарбия дар мамлакат, афзудани инкишофи илм лоиҳаи фармони марбути Президент таҳия гардида буд. Ҳуҷҷат дар портали regulation.gov.uz ҷойгир карда шуда, дар тамоми минтақаҳо, шӯроҳои маҳаллӣ ва ҷамоаҳои мактабӣ бо иштироки падару модарон васеъ муҳокима гардид.
Дар лоиҳаи фармон мақсадҳое муайян карда шудаанд, ки даст ёфтан ба онҳо масъалаҳои имрӯзаи соҳаи  таълимро ҳал менамояд ва ҳамчунин барои панҷ соли наздик натиҷаҳои чашмрас ва нуқтаҳои рушди ояндаро мушаххас менамояд.
Аз ҷумла, роҳи мушаххаси ҳалли чунин масъалаҳо – мисли баланд бардоштани нуфуз ва мақоми муаллим дар ҷамъият, комилан таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ ва методии мактаб, вобаста намудани таълими мактабӣ бо марҳалаи ояндаи таълим, ба вуҷуд овардани шароит ва рағбатноксозии муаллимон барои такмили худ, озод намудани онҳо аз корҳои зиёдатии коғазбозӣ, беҳсозии инфрасохтор ва муҳити маънавии мактаб пешниҳод мегарданд.
Тағйироти куллии бархурди роҳбарон дар маҳалҳо ва шӯроҳои маҳаллӣ ба масъалаи мазкур, татбиқи механизмҳои ҷавобгарӣ ва ҳисоботдиҳӣ нақши муҳим дорад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ масъалаҳои соҳаи таълим ва вазифаҳои баланд бардоштани сифати таълим муҳокима гардиданд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар навбати аввал сарбории таълимӣ ва миқдори дарсҳо дар мактаб таҷдиди назар гардида, методикае ба вуҷуд оварда шавад, ки на ба таври механикӣ азхуд намудани мавзӯъ, балки дар хонандагон ангехтани ҳисси муҳокимаронӣ ва таҳлил нигаронда шуда бошад, ногузир аст.
Ба тариқи мисол таҷрибаи Финландия ба забон гирифта шуд. Ин яке аз мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон аз рӯи дараҷаи умумии саводнокӣ, илмҳои табиӣ ва математика ба шумор меравад.
 – Агар методикаи таълимро дар мактаб тағйир надиҳем, на сифати таълим, на мазмун, на муҳит тағйир меёбад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аҳамияти таълим ва татбиқи беҳтарин китобҳои таълимӣ ва усулҳои таълимии ҷаҳон дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ дар ҷиҳати омӯзиш ва татбиқи онҳо таъкид гардид. Ба Вазорати таълими халқ таҳия намудани Барномаи таълими миллиро дар асоси таҷрибаи андӯхташуда ва оғоз намудани татбиқи озмоишии он дар ҷараёни таълим эътиборан аз соли хониши 2021/22 супурда шуд.
Барои роҳандозии босамари методикаи нав тамоми муаллимони мактабҳо аз тариқи видеоалоқа бо иштироки мутахассисони хориҷӣ таълим мегиранд. Ҳамзамон ба ин ҷараён донишгоҳ ва донишкадаҳои педагогӣ ҷалб мегарданд, методикаи тарбияи кадрҳои педагогӣ нав карда мешаванд. Инчунин беҳтарин китобҳои дарсии хориҷӣ аз рӯи фанҳои мактабии математика, физика, кимё, биология ва информатика омӯхта мешаванд.
Президент ба ҳокимон ҷавобгарии шахсии онҳоро дар ҳалли чунин масъалаҳои хоҷагии мактаб мисли таъмир, ободонӣ ва гармсозӣ ёдрас намуд.
Ба аҳамияти ҷалби хатмкунандагоне, ки ба мактабҳои олӣ дохил шуда натавонистаанд, ба машғулоти касбӣ ё худ соҳибкорӣ ишора гардид. Бинобар ин аз соли оянда ҷорӣ намудани таҷрибаи омӯзиши шавқ ва ҳалқа ба ҳалқа муайян намудани касб интихоб намудани хонандагон эътиборан аз синфи 7 ба нақша гирифта шудааст. Ба мактабҳо корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии қишлоқ ва хидматрасонӣ вобаста карда мешаванд.
Таъкид шуд, ки рейтинги мактабҳо таҳия гардида, дар асоси он рейтинги сифати таълим дар қисмати ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо тартиб дода шавад. Аз рӯи натиҷаи рейтинг фаъолияти директорони мактабҳо ва муовинони онҳо, муаллимон, ҳокимон ва мушовирони онҳо оид ба таълим баҳо гузошта мешавад.
Ба директорони мактабҳое, ки аз рӯи рейтинг ба панҷгонаи аввал афтидаанд, изофапулӣ аз буҷети маҳаллӣ пардохта мешавад. Ғайр аз ин ба роҳбарон ва услубшиносони шуъбаҳои маорифи халқ, директорон ва ду нафар беҳтарин муаллимони мактабҳо, ки дар рейтинги ноҳия ду ҷойи аввалро ишғол намудаанд, ҳар сол роҳхати бепули дуҳафтагӣ ба санатория аз ҳисоби иттифоқи касаба пешниҳод карда мешавад. Инчунин дигар намудҳои рағбатноксозии муаллимони шуҷоатманд дар назар дошта шудааст.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи муаллимон эътибори алоҳида дода шуд. Ҳоло муаллимон дар панҷ сол як дафъа аз курси такмили ихтисос мегузаранд, кадрҳои роҳбарикунанда – дар се сол як бор. Аммо ин барои пурра фарогирии тамоми муаллимон кифоя намекунад. Бинобар ин соли ҷорӣ тамоми 11 ҳазор муаллимони мактабҳои вилояти Сирдарё ба тариқи озмоиш аз курсҳои фосилавии такмили ихтисос мегузаранд.
Соли оянда таълими фосилавӣ барои муаллимони вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва шаҳри Тошканд ташкил карда мешавад. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд чун мактаби олии пойгоҳӣ дар бобати такмили ихтисоси муаллимон муқаррар карда мешавад. Институти такмили ихтисоси ба номи Авлонӣ чун институти тадқиқотӣ доир ба омӯзиши амиқи проблемаҳои таълим фаъолият хоҳад намуд.
Ногузирии таҷдиди назари куллии тартиби муайян намудани тоифаи муаллимон таъкид шуд.
Ҳоло беш аз 490 ҳазор муаллимоне, ки дар низоми маорифи халқ кор мекунанд, 4 фоизашон соҳиби тоифаи олӣ, 15 фоизашон соҳиби тоифаи якум мебошанд. Низоми ҷории аттестатсия, ки аз 4 марҳала иборат аст, аз ҳад зиёд хусусияти бюрократӣ дорад.
Бинобар ин ба шахсони масъул супурда шудааст, ки тартиби тоифадиҳиро содда намуда, ба низоми думарҳалагӣ гузаронда шавад, ки барои баҳо додан ба дониши муаллимон дар тӯли тамоми сол имконият фароҳам меорад.
Боз як масъала ин аст, ки баъзе мактабҳо аз сабаби сифати пасти таълим ва нокифоии пойгоҳи моддиву техникӣ пурра фаъолият намебаранд. Ҳамин тариқ дар 32 мактаби шаҳри Тошканд дараҷаи фарогирии хонандагон паст мебошад.
Бинобар ба вуҷуд овардани шароити зиёд барои муассисаи таълимии хусусӣ дар мамлакатамон пешниҳод шудааст, ки соли оянда ба тартиби озмоиш мактабҳои пурра банд нагардида ба идоракунии боварибахш дар асоси озмун дода шавад.
Инчунин масъалаҳои татбиқи менеҷменти замонавӣ дар мактабҳо ба забон гирифта шуд. Минбаъд директорони мактабҳо дар асоси озмун бо ҳамоҳангсозии бевосита бо шӯроҳои маҳаллӣ таин карда мешаванд. Ҳар як номзад бояд барномаи худро дар бобати баланд бардоштани нишондодҳои мактаб дар тӯли се соли оянда пешниҳод намояд ва ҳар сол дар назди шӯроҳо ҳисобот диҳад.
Мақсади асосии ин чорабиниҳо ташкил намудани кори босамари мактаб, сарфи назар кардани дахолати ғайриқонунӣ ба кори директорон ва бартарафсозии омадурафти кадрҳо мебошанд.
Мактаб ин натанҳо муассисаи таълимӣ, инчунин ҷое мебошад, ки дар он тарбияи маънавиву ахлоқӣ дода мешавад. Роҳбари давлат ногузирии ба ин кор ҷалб намудани шоиру нависандагони маҳаллиро таъкид намуд, ки музди моҳонаи фаъолияти онҳо аз фонди директорони мактабҳо ва буҷетҳои маҳаллӣ пардохта шавад.
Дар соҳаи таълими олӣ рақобати солим ба вуҷуд овардан муҳим мебошад, ҳадди ақалл дар ҳар як минтақа якто мактаби таълими олии ғайридавлатӣ ташкил карда шавад.
– Масъалаҳои муҳокимагардидаи имрӯз аз роҳбарони тамоми дараҷаҳо – аз директорони мактабҳо то Сарвазир – дараҷаи баланди масъулиятро тақозо менамояд. Ин, дар назари аввал кори назарногир, манбаи хеле нерӯманде мегардад, ки дар 10-15 соли наздик қодир аст намуди тамоми мамлакат ва давлатро куллан дигаргун созад, – гуфт Президент.
Ба аҳли парлумон ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ тавсия гардид, ки тағйиротро дар низоми таълим то аҳолӣ расонанд ва ҳисси дахлдориро баланд бардошта, иҷрои фармонро пас аз қабули он зери назорат гирифта, бо таҷрибаи худ кӯмаки амалӣ расонанд.
Дар ҷараёни ҷамъомад ҳокимон, ректорҳои муассисаҳои таълими олӣ, директорони мактабҳо ва муаллимон дар бобати баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим фикрҳои худро баён намуданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: