НИЗОМИ ТАЪМИНИ НАФАҚА ТАКМИЛ МЕЁБАД

Ба қарибӣ дар маҷлисгоҳи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президент бо ташаббуси Фонди нафақаи ғайрибуҷети назди Вазорати молия бахшида ба корҳое, ки дар соли 2019 ба амал татбиқ гардидаанд ва вазифаҳои соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Тавре ки таъкид гардид, такмил додани низоми таъминоти нафақаи давлатӣ, мустаҳкам намудани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, дастгирии қишри ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷи аҳолӣ, шахсони маъюб аз вазифаҳои асосиест, ки Фонди нафақаи ғайрибуҷет бояд ба иҷро расонад.
Дар Ӯзбекистон се намуди нафақа: нафақа мувофиқи синну сол, нафақаи маъюбӣ ва нафақаи бепарастормондагон мавҷуд аст. Нафақаи синну сол ба шаҳрвандоне, ки на кам аз 7 сол собиқаи корӣ доранд, таъин карда мешавад. Мардҳо аз синни 60, занҳо аз синни 55 ба гирифтани нафақаи синнусолӣ муваффақ мегарданд. Нафақаи ногироӣ ба ногироҳои гурӯҳи I ва II таъин карда мешавад. Нафақаи бепарастормондагон ба аъзои оилаи ноқобили меҳнат, бепарастормондагон дода мешавад.
Дар ҷумҳурӣ қариб 3,3 млн. шаҳрванд аз ҷониби Фонди нафақаи ғайрибуҷет бо нафақа таъмин карда мешаванд. Ба хидматчиёни ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ, судяҳо нафақа аз ҷониби ҳамон мақомот таъин карда мешавад ва аз буҷети давлат пардохта мешавад. Баромадкунандагон ҳамчунин, таъкид намуданд, ки ҳамаи намудҳои хизмати ҳарбӣ, кору фаъолият дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорӣ, вақти ба парвариши ногиро ва пирони барҷомонда сарфшуда, таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ ба собиқаи корӣ дохил мешавад.
Дар баробари ин, мувофиқи иловаҳои нави қонун аз 1 сентябр ба шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум гардида, муддати ҷазоро дар маҳбасхонаҳо мегузаронанд, ҳуқуқи нафақагирӣ дода шудааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки нафақахӯрон метавонанд, ба Фонди нафақа наомада, маълумотҳоро доир ба миқдори нафақа ва муддати дастрасӣ аз хизматҳои интерактив истифода баранд. Имрӯз аз рӯйи гуфтаи онҳо аз хизмати интерактиви «SMS-Pensiya» 2,4 млн. нафар нафақахӯрон истифода мебурдаанд.
Намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ дар рафти чорабинӣ бо вазифаҳои ояндае, ки бояд дар соли 2020 ба амал татбиқ гарданд, шинос шуданд. Соли оянда дар соҳа ҷорӣ кардани технологияи нав дар назар дошта шудааст. Бино ба гуфтаи баромадкунандагон, соли оянда бо ҳамкории институтҳои байналхалқии молия, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ Консепсияи ислоҳсозии низоми таъминоти нафақа коркард мешавад.
Таъкид намуданд, ки дар натиҷаи санҷишҳои соли ҷорӣ 73 нафар шаҳрванди нафақахӯри Ӯзбекистон, ки баҳри зиндагӣ ба Қазоқистон кӯч бастаанд ва дар ин муддат нафақаашонро ҳам аз Ӯзбекистон ва ҳам аз Қазоқистон гирифтаанд, фош шуда, миқдори нафақаи аз Ӯзбекистон гирифтаашон баргардонда шуд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».        

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: