НИЗОМИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАҚСАДНОК ВА САМАРАБАХШ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Ислоҳоти васеъмиқёс, дигаргуниҳо ва лоиҳаҳои наве, ки дар кишварамон татбиқ мегарданд, пеш аз ҳама ба гиромидошти шаъну шарафи инсон, хушнудии мардум, пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шуда, имрӯз самараи онро дар мисоли болоравии некуаҳволии халқи мо равшан дидан мумкин аст.

Дар навбати худ, қарори Сарвари давлат аз 28 сентябри соли 2023 «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам такмил додани низоми хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ» дар ташкил намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи маҳалла, дар асоси равиши маҷмӯгӣ расондани хидмати иҷтимоӣ ва кумак, пешгирии ба вазъияти вазнини иҷтимоӣ афтодани аҳолӣ  чун асоси муҳими ҳуқуқӣ  хидмат мекунад.

Баробари ин, ташкил карда шудани Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати давлатро татбиқ мекунад, дар ҳузури он бошад, марказҳои хидматҳои иҷтимоии «Инсон» омили муҳими таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ба куллӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад. 

Аммо ба ин нигоҳ накарда, имрӯз зарурати дар асноди ҳуқуқӣ мушаххас намудани ваколатҳои Агентӣ, намудҳои хизматҳои иҷтимоӣ ва кумакҳо ба аҳолии ниёзманди дастгирӣ ба миён омадааст.

Агар гӯем, ки Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмили низоми хизматрасонӣ ва кумаки иҷтимоӣ», ки аз ҷониби роҳбари давлатамон 18 октябри соли равон ба имзо расид,  ба дилҳои бисёриҳо шодӣ, ба оилаҳо ҳаловат ва хотирҷамъӣ  овард, хато нахоҳем кард.

Аз ин рӯ, бо ин ҳуҷҷат ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба муайян намудани ваколатҳои Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президент дар соҳаи ҳифзи занон аз таъқибу зӯроварӣ, озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ,  ба зиммаи он гузоштани вазифаи таъин кардани нафақа барои дафн тағйирот дароварда шуданд.

Муҳимаш он аст, ки хулосаи муассисаи муолиҷавӣ барои ба собиқаи корӣ ҳисоб кардани вақти нигоҳубини пиронсолоне, ки ба синни 80 расида, ба парастории дигарон эҳтиёҷ доранд, талаб карда намешавад ва ҳуқуқи бепул истифода бурдан аз нақлиёти мусофиркашонии шаҳр  ба пиронсолоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, пиронсолони танҳо ва шахсоне, ки ногироӣ доранд,  дода мешавад.

Инчунин, муайян карда шуд, ки маълумот дар бораи созишномаҳо оиди ба шахси дигар додани манзил бо шарти таъминоти якумра ва шартномаи умрбод, муомилоти доир ба тақсимоти молу мулки шахси таҳти васоят ва дигар муомилоте, ки ба ҳалли тақдири ӯ нигаронда шудаанд, ба марказҳои хидмати иҷтимоии «Инсон» пешниҳод карда мешаванд.

Илова бар ин, бо ин ҳуҷҷат ба Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» тағйирот ворид карда шуд, ки озод кардани пиронсолони яккаву танҳои ба парвариши дигарон ниёздошта, пиронсолоне, ки танҳо зиндагӣ мекунанд ва шахсони ногироро  аз боҷи давлатӣ дар иваз кардани ID-корти идентификатсиякунии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё шиносномаи биометрии гумшуда ва ба ҳоли корношоямӣ омада пешбинӣ менамояд. Аз ҳама муҳимаш, ҳатто барои бақайдгирии муваққатии тоифаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманди ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби марказҳои хизматрасонии иҷтимоии «Инсон» боҷи давлатӣ ситонида намешавад.

Ба мо маълум аст, ки солҳои охир дар кишварамон ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумшуда, бо манзил таъмин намудани онҳо, ба ятимхонаҳои оилавӣ супоридани онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба ҳаёт омода намудани онҳо чорабиниҳои муайян анҷом дода мешаванд.

Мувофиқи қонун, озод кардани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумшуда аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми анҷом додани амалҳои нотариалӣ ҷиҳати ба қайд гирифтани манзили аз ҷониби давлат аз бозори такрорӣ ба номи онҳо гирифташуда намунаи равшани тамоюли инсондӯстӣ аст.

Махсусан, дар муайян намудани пойгоҳи андози ба ҳомигии нигоҳубини пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбон нигарондашуда ба ҷумлаи хароҷоти тарҳшаванда ворид кардани он рӯзгори ҳазорон нафарро равшан намуда, ба хонадонҳои зиёд шодию хурсандӣ ва умед бахшид. Ҳамватанонамонро ба фаъолӣ даъват намуда, онҳоро ба ҷунбиш меорад.

Бо дарназардошти он, ки мақсади асосии ислоҳоте, ки дар кишварамон татбиқ мегарданд,  ба инсон, ҳаёти ӯ, озодӣ, шаъну шараф, қадру қимат, ҳифзи эҳтиёҷоти ҳуқуқӣ ва манфиатҳои инсон нигаронида шудааст, бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии корро дар ин самт мустаҳкам менамояд. Дар баробари ин ба пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мақсаднок ва самараноки аҳолии эҳтиёҷманди ҳифзи иҷтимоӣ, такмили низоми хидматрасониҳои иҷтимоӣ, кумакрасонӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо хизмат мекунад.

Адҳам НАЗИРҚУЛОВ,

аъзои Кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: