НИЗОМҲОИ АКСИ АМАЛ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ВА НАЗОРАТИ ҶАМЪИЯТӣ ТАКМИЛ ДОДА ХОҲАНД ШУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 феврал бинобар масъалаҳои такмил додани низоми акси амал бар зидди коррупсия ва назорати ҷамъиятӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Коррупсия яке аз саддҳои асосии роҳи рушди иқтисодиёт, фароҳам овардани муҳити воқеан мусоиди соҳибкорӣ ва иқлими сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар таҳлилҳо зарар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз коррупсия ба ҳисоби миёна соле 2,6 триллион долларро ташкил медиҳад.
Мамлакати мо ҳам аз ин мушкилот халос нашудааст. Дар индекс, ки аз ҷониби созмони байналмилалии Transparency International тартиб дода шудааст, Ӯзбекистон дар тӯли се соли охир мавқеи худро ба 12 банд беҳтар гардонд, аммо ин иллат пурра решакан нашудааст.
Бинобар ақидаи ҳамватанонамон коррупсия дар соҳаҳои тиб, таълим, бонк, гумрук, суд, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, хидматрасонии коммуналӣ, инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон ба кор васеъ паҳн шудааст.
Масалан, дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 25-30 фоизи хароҷот ғайрисамарабахш харҷ мегарданд. Дар бисёр соҳаҳо харидҳои давлатӣ шаффоф амалӣ гардонда намешаванд.
Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи ба қарибинаи худ ба парлумон зарурати аз барҳам додани оқибатҳои коррупсия ба барвақт пешгирӣ намудан гузаштанро таъкид намуда, пешниҳод сохт, ки мақомоти ҷудогонаи барои мубориза бар зидди коррупсия масъул таъсис дода шавад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои ташкили ин сохтори нав баррасӣ гардиданд.
Оид ба коркард ва иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ дар соҳаҳое, ки дараҷаи коррупсия баланд мебошад, супоришот дода шуд.
Яке аз омилҳои асосӣ дар мубориза бар зидди коррупсия шаффофияти фаъолият ва равандҳои кории мақомоти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин бобат бояд ба таъмин кардани рӯшодӣ ва шаффофият ҳангоми ба кор қабул кардан, харидҳои давлатӣ, додани рухсатномаҳо, литсензияҳо ва дигар ҷараёнҳо эътибори алоҳида бояд дод, таъкид гардид дар ҷамъомад.
Ба Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ супурда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар вазоратҳо, ширкатҳо ва ҳокимиятҳо низоми «комплаенс-назорат»-ро ҷорӣ намоянд, ки коркард ва татбиқи чораҳои дохилии зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.
Зарурати коркард ва ҷорӣ кардани тамоми асосҳои ташкиливу ҳуқуқии декларатсия кардани молу мулк ва даромади хидматчиёни давлатӣ бо ҷалб намудани коршиносони хориҷӣ зикр гардид.
Ба шахсони масъул бинобар коркарди ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба ташкил намудани сохтор оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар асоси таҷрибаи хориҷӣ супориш дода шуд. Қайд гардид, ки он бояд натанҳо сиёсати давлатиро дар соҳаи мазкур амалӣ ва ҳамоҳанг созад, балки барои мубориза бо коррупсия тамоми қувваву воситаҳоро дошта бошад.
Яке аз воситаҳои муҳими решакан намудани ин иллат назорати ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 10 ҳазор созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ фаъолият доранд. Аммо нақшу фаъолии онҳо ба назар намерасанд. Чунки низоми томе мавҷуд намебошад, ки манфиатҳои онҳоро ифода намуда, байни ин ташкилот ва давлат кӯпрук гардад.
Низоми имрӯзаи ҳамкорӣ бо ҷомеа дар то ба миқёси давлат баровардану ҳаллу фасл намудани масъалаҳои мубрами халқамон ба натиҷаҳои назаррас муваффақ намегардад. Фаъолияти аксарияти созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ аз расмиятпарастӣ иборат шуда мемонанд.
Аз чунин иттиҳодияҳои бузург мисли «Маҳалла», «Нуроний», Кумитаи занон шаҳрвандон чӣ хел нафъ мебинанд. Онҳо кадом масъалаҳои муҳимро ба миён гузошта, ба ҳаллу фасли онҳо муваффақ гардиданд? Мутаассифона, ба ин суолҳо ҷавоби қаноатбахш гирифтан мумкин нест.
Ба ин муносибат дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис Президент пешниҳод намуд, ки ба мақсади пурзӯр гардондани назорати ҷамъиятӣ, барқарор намудани ҳамкории боз ҳам наздики байни давлат ва ҷамъият Палатаи ҷамъиятӣ созмон дода шавад. Дар ҷамъомад вазифаҳои асо-сӣ, ҷанбаҳои ташкилии фаъолияти палата баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки Палатаи ҷамъиятӣ бояд мунтазам фикру ақидаи аҳолиро омӯхта, дар назди идораҳои давлатӣ бинобар ҳаллу фасли онҳо вазифаҳои дақиқ гузорад. Муҳим будани ҷорӣ намудани чунин шаклҳои муассири назорати ҷамъиятӣ, мисли мурофиаҳои ҷамъиятӣ, мониторинги ҷамъиятӣ, экспертизаи ҷамъиятӣ ва ташаббуси ҷамъиятӣ зикр гардид.
Самтҳои муҳими фаъолияти палатаи нав инчунин ҷоннок гардондани фаъолияти созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти давлатӣ, ба онҳо расондани кӯмаки ҳамаҷонибаи методӣ хоҳанд гардид. Бинобар созмон додани асосҳои ташкиливу ҳуқуқии Палатаи ҷамъиятӣ бо назардошти вазифаҳои зикршуда, коркарди Барномаи чорабиниҳо оид ба рушди институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар солҳои 2020-2021 супоришҳо дода шуданд.
Инчунин масъалаҳои такмил додани фаъолияти Фонди ҷамъиятӣ оид ба дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис, ҷудо намудани грантҳо ба созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ барои омӯзиш ва таҳияи таклифот аз ҷониби онҳо оид ба ҳаллу фасли самарабахши мушкилоти ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардиданд.
Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида чораҳои дахлдор муайян шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: