онҳо чӣ гуна танзим мегарданд?
Роҳбари давлат ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи пардохтҳо ва низоми пардохтҳо», ки дар ҷамъомади бистусеюми умумии Сенати Олий Маҷлис маъқул дониста шуд, имзо гузошт.
Бояд таъкид кард, ки қонун дар соҳаи муносибатҳое, ки ҳангоми татбиқсозии пардохтҳо ва хидмати пардохт байни шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқие, ки муҷовирони хидматҳои пардохт ва истифодабарандагони хидматҳои пардохт ба шумор мераванд, ба миён меоянд, истифода мешавад. Қонун дар нисбати амалиётҳо бинобар критоактивҳо истифода намешавад.
Дар қонун мафҳумҳои асосӣ бинобар соҳа ворид карда шуданд. Аз ҷумла, мафҳумҳои бенифитсиар, санаи асъоргузорӣ, воситаи иденсификатсия, клиринг, низоми хидмати масофавӣ, рӯзи амалиёт, ташаббускор, пардохт, агенти пардохт, воситаи пардохт, субагенти пардохт, ташкилоти пардохтӣ, хидмати пардохтӣ, бозори хидматҳои пардохтӣ, истифодабарандаи хидматҳои пардохтӣ, пардозгар, фармоишот, пулҳои электронӣ маънидод ва моҳияти онҳо кушода дода мешаванд.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкури меъёриву ҳуқуқӣ Бонки марказӣ кори низоми пардохтро назорат мекунад. Санҷишҳои инспексионӣ мегузаронад ва нисбати операторони низомҳои пардохт ва (ё худ) ташкилоти пардохтие, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузории аксуламал ба легализатсияи даромадҳои бинобар фаъолияти ҷинояткорона, бо маблағтаъминкуни терроризм ва моликунонии паҳншавии силоҳи қатли ом ба даст омадаро вайрон мекунанд, чора ва тадбирҳо меандешад.
Баробари ин, дар қонун меъёрҳо бинобар махсусиятҳои истихроҷи кортҳои бонкӣ, татбиқкунии пардохтҳо бо истифодаи онҳо, амалиётҳое, ки ҳангоми истифода бурдани кортҳои бонкӣ бидуни рухсат иҷро мешаванд, татбиқсозии амалиётҳо бино бар пардохтҳои байнибонкӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ пешбинӣ шудаанд.
Ғайр аз ин, дар қонун мушаххас шудааст, ки низоми пулҳои электронӣ – низоми пардохте ба шумор меравад, ки пардохтҳо ва амалиётҳои дигарро бо истифода аз пулҳои электронӣ аз тариқи ҳамкории оператори низоми пулҳои электронӣ бо эмитенти пулҳои электронӣ ва (ё худ) соҳибони пулҳои электронӣ таъмин менамояд.
Шахсони ҷисмоние, ки аз дигар шахсони ҷисмонӣ пулҳои электронӣ, эмитенти пулҳои электронӣ гирифтаанд, оператори низоми пулҳои электронӣ ё худ агенти низоми пулҳои электронӣ соҳибони пулҳои электронӣ ба шумор мераванд.
Агентҳои низоми пулҳои электронӣ – бонкҳо ё худ агентҳои пардохтӣ мебошанд, ки бинобар ба даст овардани пулҳои электронӣ ва дар асоси муоҳида додани онҳо ба шахсони ҷисмонӣ, ки ин шартнома бо эмитенти пулҳои электронӣ ё худ оператори низоми пулҳои электронӣ тартиб дода шудааст, амалиёт мебаранд.
Ҳамчунин дар қонун тартиби пешниҳоди фармоиш дар шакли супориш ё худ ариза, иҷрои фармоиш ва муҳлати иҷрои он, иҷрои фармоиш бо санаи асъорӣ, иҷрои фармоиш ҳангоми набудани пули нақд ё худ кам будани миқдори маблағҳои пулии пардозгар, ки барои иҷрои фармоиш заруранд, маънидод шудаанд.
Ҳамин тариқ, қонун ба роҳ мондани соҳати ягонаи маълумот ва ҳуқуқро дар соҳаи пардохт ва низоми пардохт таъмин менамояд. Асоси ҳуқуқии танзими самарабахши бозори хидматҳои пардохтии Бонки марказӣ мустаҳкам карда шуд. Зеро асосҳои ҳуқуқӣ бобати кӯмакрасонӣ ба андешидани чораҳо бинобар танзими муносибатҳо дар соҳаи пулҳои электронӣ ва фаъолияти иштирокдорони низоми пулҳои электронӣ фароҳам оварда шуданд.
Хотиррасон менамоем, қонуни мазкур, ки 2 ноябри соли 2019 дар матбуот чоп шуд, баъд аз се моҳ эътибор пайдо мекунад.
Одилҷон ИМИНОВ, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ӮзА.