Ҷавоне бо духтаре, ки дер боз мафтуни зебоии ӯ шуда буд, хонадор мешавад.
Ҷавоне бо духтаре, ки дер боз мафтуни зебоии ӯ шуда буд, хонадор мешавад. Зиндагии ширин доштанд, вале бо гузашти солҳо ҳамсараш ба бемории пӯст гирифтор шуду оҳиста-оҳиста ҳуснаш иллат пайдо мекунад. Аз қазо шавҳар ҳам рӯзе ба садама дучор омада, нобино мешавад. Дигар ӯ зебоии ҳамсарашро дида наметавонист. Зиндагии оилавии онҳо ба таври маъмулӣ идома меёфт. Ниҳоят бар асорати ҳамин беморӣ зан аз олам чашм пӯшид. Бо анҷоми маросими дафн мард аз алам тарки шаҳр намуд.
Дар роҳ марде ӯро садо карду гуфт:
– Танҳо чӣ хел сафар мекунӣ? Ҳамсарат буд, ки бо ин нобиноӣ туро як лаҳза танҳо намегузошт?
Мард гирён ҷавоб дод:
– Аслан ман нобино нестам. Баъди садама вонамуд кардам, ки кӯрам. Зеро, агар ҳамсарам медонист, ки ман қиёфаи зишти ӯро мебинам, ин ба вай бештар аз бемориаш таъсир мекард. Ман танҳо мехостам вай ҳамчунон хушбахт бимонад.
Таҳияи Далер АЗИЗОВ.
Бузургон дар бораи бонувон
Занонро иззат ва эҳтиром намоед. Ба онҳо такя созед. Ҳарчанд нисбати шумо заифанд, аз онон нерӯ ҷӯед: бонувон қодиранд қобилияти маънавӣ ва ақлии шуморо ду баробар зиёд намоянд.
Ҷ.МОЗИНИ.
Маҳз бонувон асабҳоямонро дар вақти лозимӣ ором мегардонанд. Ҳисси шахсиятпарастиамонро фурӯ менишонанд. Онҳо ба хотир расонда меистанд, ки аслан кистем, чӣ тавр бунёд ёфтаем, ниҳояти кори дунё чӣ аст.
М.БАРРЕС.
Агар зан даъвои мардӣ накарда, то охир ба зании худ истад, ба иззату икроми воқеӣ ноил мегардад. Агар вай ба хислатҳои занона қонеъ нашуда, хислатҳои ҷинси муқобилро фаро гирад, зиён диданаш муқаррар.
Ж.Ж.РУССО.
Қатъияти зане, ки барои муҳаббати худ мубориза мебарад, аз ҷамъи қатъиятҳое, ки дар дунё мавҷуданд, олиҷанобтар аст.
***
Марде, ки дӯстдори зан нест, аз зеботарин асрори зиндагӣ бебаҳра хоҳад буд.
СТЕНДАЛ.
Одаме, ки аз муҳаббати зан ҷудо шудааст, дар ин бобат бояд маҳз худро сабабгор ҳисобад.
Н.ДОБРОЛЮБОВ.
Бе зан субҳ ва шоми ҳаёт беранг ва заиф, рӯзҳо пур аз ғам мебошанд.
П.БАУСТ.
Табиат ба зан чунин мегӯяд: аз ӯҳдааш бароӣ зебо бош, агар хоҳӣ оқила бош, аммо соҳиби идрок будан шарт!
П. БОМАРШЕ.
Мутарҷим ва омодакунанда
М. МАҲМУДҶОНОВ.