Марямбонуи ФАРҒОНӢ
(Ҳикоя)
Вай ҳеҷ гоҳ тобистонро чун имсола интизор нашуда буд. Ҳоло баҳор аст. Пас аз фасли гул тобистон мерасад. Дар оғози тобистон тут мепазад. Тутпаз барои мардуми камбизоат фасли раҳоӣ аз маргу мир аст. Вале духтарак ин фасли деррасро танҳо барои серии шикам интизорӣ намекашад. Тутпаз ба ӯ шодиву сурур бояд биёрад. Оре, шодиву сурур. Он гаҳ ашки чашмони шаҳлояш хушк хоҳад шуд, дар лабонаш табассум гул хоҳад кард. Ва бешак он гаҳ тамоми дунё бедарду доғ хоҳад гашт.
Духтарак ба боғ баромад. Ин боғи беҳадду ҳудуд ҳамонест, ки замоне модаркалон дар хонаяки пасту танги иҷораашон ба набера таъриф мекард. Таъриф мекарду бо ҳасрат чашмаш об мегирифт. Тавораи каҷу килеби ин боғ ба чашм намерасад. Зеро дарахтони анбӯҳи себу зардолу, ноку биҳӣ, анҷиру анор ва анвои тут шиғдеворҳоро аз назар дур медоранд. Духтарак аз кисачаи камзулаш оиначаи гирдаро бароварда, ба чеҳраи коҳидаи хеш назар меандозаду як оҳи бадард мекашад ва чашм аз рухсораи худ барканда, аз пушти акси хеш ба манзараи беохир нигоҳ мекунад. Чӣ дилфиреб аст ин манзара! Бале, дилу дидаро мефиребад акси ин боғ, ҳамчунон ки афсонаву хобу хаёл аз воқеият ширинтаранд. Вагарна худи ин дарахтзор ба ин андоза дилкаш нест.
Умеду интизорист, ки қалби орзупарвар афсона мебофад. Ӯ дар кӯдакӣ орзу мекард: «Чӣ мешуд, агар оилаи онҳо ба ҷойҳои дури дур кӯч бандад. Аз кӯчаҳои каҷу килеб, аз ин кулбаҳои пасту баҳам часпидаи маҳаллаи Кӯҳдоман, ки мардумаш худро ҳатто «шаҳрӣ» медонанд, дур бираванд».
Маркази шаҳр, хонаҳои бисёрошёна ё порку боғҳои фароғатиро ҳавас намекард духтарак. Зеро ҳар сари чанд – рӯзҳои иду ҷашн падару модараш ӯву бародаронашро либосҳои озода пӯшонида ба тамошои хиёбони марказӣ мебурданд. Духтарак чунин рӯзҳо худро озод эҳсос намекард: нигоҳашро аз кӯдакони лӯхтаквор ороста, ки аксаран кабудчашму малламӯй буданд, мегурезонид. Охир, бештар вақт духтарчаҳои фариштасурат, ки пираҳанҳои ҳариру сафеди серчину парпардорашон онҳоро аҷаб афсонавӣ менамуд, забончаашонро бароварда ӯро мазоҳ мекарданд, ё биничаашонро, ки бе ин ҳам сарболо буд, баландтар бардошта, ба вай беэътиноӣ менамуданд. Дар чунин лаҳзаҳо духтарак куртачаҳои сабуку хушдухти онҳоро ба пӯшоки хеш – куртаи дарозу фарохи сергул, камзулчаи сиёҳ, поҷомаи зеҳдори урфӣ муқоиса мекард. Фиттаи мӯйҳои тилоранги фариштасуратон ҳамранги пироҳанҳояшон мебуд. Ин мӯйбандҳо ба мисли шоҳпаракҳо гӯё дар сари гулбаргҳои хушрӯ пар-пар мезаданд. Ӯ аз сари орзуву хаёл беихтиёр ба кокулони кӯтоҳи хеш, ки бибиаш боҳавсала ҷамолак бофтаву ба нӯгашон пилта тофта мемонд, даст мезад. Духтарак ҳеч дар хотир надошт, ки волидайн ба дасташ даста-даста пуфакҳои парон ё байрақчаҳо дода, ӯро дар сари китф шинонида, дар сафи мардуми озодалибос аз идгоҳ гузаронида бошанду вай даст ба сӯйи ҳайкали доҳӣ ё одамони расмии минбарнишин афшонида, дар ҷавоби «Зинда бод!»-гӯйиҳо нидои «Урра!» сар дода бошад. Шояд падару модар барои чунин корҳо вақт надоштанду харидани байрақу пуфакҳоро сарфи беҳуда медонистанд? Ва ё он мардуми саф андар сафу кӯдакони фариштасураташон аз қавму тоифаи хосе буданд, ки зодмандони ӯро дар бари онҳо роҳ набуд? Шояд...
Ин духтарбача ҳанӯз мактабхон набуд ва рӯзу шабаш андар ин кулбаи намкашидаву кӯчаҳои каҷу килеб мегузашт. Ин кӯйи бенавоён ба ном кӯча буд. Дар асл обпартоеро мемонд, ки аз обмӯриҳо ба он мағзобаву хунукшӯйи бадбӯй мешорид. Дигар бачагони ин мавзеи нообод низ ҳамранги ин духтарчаву бародарони вай буданд. Бибии падариаш, ки тирамоҳи гузашта ба аёдати онҳо омадаву дигар илоҷи бозгаштан ба деҳа намеёфт, пайваста ғур-ғур мекард:
– Ҳамин ҳам хонаву дар шуд? Дар ин ҳелча сага баста монӣ, намеистад. Боз кош ин катаки мурғ аз они худат бошад. Ҷой қаҳт задагӣ барин аз миёни шаҳр нею аз сари адир хона гуфта сагхоная иҷора гирифтанаша бин. Хара шинохтагеш – шӯра. О, зану шӯ кор мекунед, наход, ақаллан талош карда аз ҷойи кор хобгоҳе гирифта натавонед?! Ношуд, ки шудӣ, рӯзат ба ҳамин оғилхона мемонад. «Шаҳр мерем, шаҳр мерем», мана, дидам шаҳри таърифитона…
Набера ба ғур-ғуру нолишҳои модаркалон гӯш медоду фикр мекард, ки шояд бибиву бобо дар русто соҳиби манзили бошукӯҳе бошанд, хонаҳои боҳашам, боғу бӯстон.
– Бибиҷон, қишлоқ нағзи нағз аст?
– Набошад-чӣ. Ун ҷо бандчаи пиёзу кашнизро пул дода намехарӣ, ширу ҷурғот фаровон, меваю чева дар таги дарахтҳо резу чош. Себу нока сагу пишак намехӯрад.
– Саги Сокинаино ҳам себу нок намехӯрад, фақат нону ҳасиб мехӯрад. Пишаки мо ҳам мева намехӯрад, муш мехӯрад.
Модаркалон ба гапи наберааш эътибор надода, боз гӯё ба худ мегӯяд:
– Одам, ки нону намаки шаҳра чашид, дигар ҳавои дашту даману боғу роғаш намефоридааст. Дар деҳа касе нони муфт намедиҳад, меҳнат кардан даркор, оре – меҳнат!
– Дар ин ҷо ҳам одамон кор мекунанд. Додоям коргари заводи хишт. Очаам кӯчарӯб.
– Эъ, бас кун, тирмизак! Чӣ, дар деҳа падарат лой хобонда, хишт рехта наметавонист? Ҳамин шабу рӯз айни ғунучини мева. Боғи бобоят як сар куҷову як нӯг куҷо. Очаи ту бошад, ин ҷо таги пойи мардума мерӯбад. Беномусҳо! Аз вуҷудатон бӯйи мағзобаву туршоба меояд. Э, Худо-е, кай ба хонаи худам бармегардам? Кай дар боғу роғам ҷавлон мезанам?...
Набера боғу роғи модаркалонро тасаввур мекунад: ба мисли порки марказӣ сояву сардгин, ҳама ҷо гулзор, сарҳавзаш фаввора дорад. Ва кӯдакони хушлибос шоҳпараквор аз гуле ба гуле даст мезананд, бо ҳаёҳуй дар арғунчак бод мераванд, резаборони фавора ба ҳафт ранг метобад.
– Бибиҷон, мана қишлоқ баред.
– Худо хоҳад, мебарам.
– Кай ба роҳ мебароем?
– Кош болу пар мебаровардаму ҳамин ҳозир ба парвоз меомадам.
Тирамоҳи ҳамон сол падари духтарак бибиро ба деҳа бурд. Модаркалон мехост набераашро ҳамроҳ гирад, аммо модар розӣ нашуд.
– Не, – гуфт ӯ, – имсол ҷони оча ба мактаб меравад.
– Дар деҳа ҳам мактаб ҳаст, – гуфт бибӣ.
– Агар мактаби он ҷо мактаб мебуд, писаратон хиштпазу ман ҷорӯбкаш намешудам. Ман ба ҳама азоби шаҳр тоб мебиёраму бачаҳома хононда одам мекунам.
Ва модаркалон рафт. Духтарча оҳи сарде кашиду ба хонаи пурнаму заҳ даромад ва рӯ ба девор дароз кашиду оби дида рехт.
Ҳаёти якранг идома меёфт. Аввалҳо модар ҳар субҳ ҷорӯби дарозро ба сари китф гирифта, ҳамроҳи фарзанди калонӣ ба кор мерафт. Акнун писари дуюмашро ҳам бо худ мегирифт. Охир, вай ҳам калонак шудааст.
Он рӯз ҳам, аз афти кор, онҳо саҳари барвақт баромада рафта буданд. Падар, ки аз басти сеюми кор навак баргашта буд, ба паҳлӯи духтараш дароз кашид. Фарзанди дӯстрӯяки падар чунон ширин мехуспид, ки...
Духтарбача хоб дид. Хоб дид, ки рӯзи иди бузург аст. Ӯро, ки лӯхтаквор оро ёфтааст, падар сари китфони васеаш гирифтаву ҳамроҳи мардуми хушлибос дар майдони марказӣ роҳ мепаймояд. Падар аз ҳад зиёд шод аст. Духтарак ӯро ягон вақт ин гуна кушодачеҳраву хандонрӯ надидааст. Вай дар тан куртаи сап-сафед дорад, галстуки сиёҳи ҳамранги пиҷакаш чунон зебидааст, ки!... Мӯйҳои сиёҳи ҷилодораш шона задагӣ.
Аз минбар касе бо нидои «Шод бош!» издиҳомро ба ҷашн табрик мегӯяд. Падару духтар дар баробари дигарон ҷониби минбариён даст афшонда «Урра-а-а!!!» мегӯянд. Ба ҳаво як не, даҳ не, сад не, балки ҳазорон адад пуфакҳои рангаро сар медиҳанд. Ва пуфакҳо баланди баланд мепаранд. «Гум!!! Гум!!! Қарс!!! Қарс!!!» Ин садои пасу пеш таркидани мушакҳои рангаи ороишии ҷашнист, ё пуфакҳои парвозӣ дар ҳаво кафидан доранд? Ин лаҳза қандили чарх хомӯш мешавад ва осмон шароразор мегардад.
– Салют! – дод мезанад кӯдак, – Салют!!! Урра! Аскарон мушак сар медиҳанд! Мушакҳои ранга сар медиҳанд.Урра!!! Салют!!!...
– Хез, духтарам, хез, ҷони додо!
Духтарча сар аз болин бардошта, худро дар хонаи пурзаҳу мағор дарёфт.
– Тез бош, камзулчаат ку? Ҷуробакат-чӣ?
Духтарак меранҷад. Охир, аз чӣ падар намемонад, ки ӯ, ҳатто, дар хоб лаззати иди айёмро бичашад? Чӣ хоби зебое буд!
– Хез, чӣ хамёза кашида мешинӣ?
– Ба мактаб меравем? Ҳоли барвақт нест?
– Мактаб чӣ? Ҷанг сар шуд, ҷони додо…
– Ҷанг? Чӣ хел ҷанг? Мисли кино? Фашистон ҳуҷум карданд?
– Гӯш кун, духтарам. Беист мепаронанд. Хаёлам, дар назди бинои ҳукумат, парон-парон сар шуд. Модарату акоҳоят… охир онҳо хиёбони марказиро мерӯбанд-ку… туро ба хонаи ҳамсоя мемонаму худам пеши онҳо метозам, боз ягон фалокате нашавад, мегӯям…
***
Дӯшиза ба дарахти тути сершоху панҷа баумед менигарад: «Кош тезтар тут пазад». Вай дар ин хона, дар ин боғу роғи беҳудуд худро бегона меҳисобад. Амаку янгааш, амакбачаву амакдухтаронаш ҳама ба ӯ бо нигоҳи аҷиб менигаранд, гӯё чӯҷаяки мурғобие дар катаки мурғони хонагӣ бошад. «Мурғи бегона», – аз дил гузаронид духтарак ва хориаш омад. Гиристу гирист. Кош, бо як чашм пӯшида кушодан худро дар ҳамон кулбаяки пурзаҳи кӯҳдоманӣ дарёбад, ки модаркалон бо кароҳат гоҳ катаки мурғу гоҳ ҳелчаи саг ё оғилаш мегуфт. Бигузор, бо падару модар ва бародаронаш дар ҳамон кулбаи вайрона бошад, ки аз обмӯриаш оби зулол не, мағзобаву туршоба мерехт...
Ва аз он айёми тифлӣ солҳо гузашт. Кокулони нимваҷабаи духтар то лаби домон расид. На модар дар ҳаёт асту на модаркалон. Ҳанӯз пас аз чили модар бародари хурдиаш ҳам аз бемории домана талаф ёфт. Падар солҳост, ки мардикори мулки бегона. Бародари ягонааш, ки аллакай пушти лабонаш хатти навҷавонӣ майса зада, аз пайи ҷустуҷӯйи падар мусофират ихтиёр кард. Вай пеш аз он ки муҳоҷир шавад, хоҳарашро ба деҳа овард.
– Кай бармегардӣ, акоҷон? – оби дида мерехт хоҳар.
– Базудӣ. Пас аз чанд моҳ.
– ?
Бародар нигоҳашро аз чашмони кони саволи хоҳаракаш, ки бо модар себи дукафон аст, мегурезонид. Чӣ ҷавоб диҳад, охир? Кай бармегардад, худаш намедонад. Аслан, куҷо меравад, инро ҳам намедонад. Падар дар кадом гӯшаи он кишвари беҳадду ҳудуд бошад? Сиҳат бошад? Оё дида ба дидор мерасад?
– Мегӯм, пас аз чанд моҳ гуфтанат чӣ маънӣ дорад? Ту дақиқ гӯй.
Бародар аз ҷавоб мегурехт, аз афти кор, ки аз шохаи тути балхӣ гули «гӯшворак»-еро канда ба баногӯши хоҳар наздик оварда мегуфт:
– Ваҳ, гӯшҳои духтари калони ката ҳанӯз шикоф надорад. Оиначаатро гирифта бин, ба ту гӯшвор чӣ қадар мезебад. То омадани ман гӯшҳоятро сӯрох кунон, ман аз сафар бароят гӯшворе меорам, ки шабеҳи шаҳтут бошад. Хуб?
Хоҳар бо овози ларзон мегуфт:
– Ба ман гӯшвор даркор нест. Ту додома ёву тез гирифта биё.
– Албатта, хоҳарҷон.
– Кай мебиёйӣ?
– Вақти тутпаз. Интизор шав. Тутпазро интизор шав, ширини акош.
– Баъд ба шаҳр бармегардем?
– Албатта, бармегардем. Ту боз ба мактаб меравӣ. Ман додома дигар заҳмат кашидан намемонам. Худам ҳам мехонаму ҳам кор мекунам. Мо хонда одам мешавем.
Аз миён чанд сол гузашт. Чанд мавсими тутпаз паси сар шуд. Чанд тобистону чанд тирамоҳ, чанд зимистону чанд баҳор.
Ғӯраҳои тути балхӣ сафед шудан доранд – мавсими тутпаз мерасад. Духтарак беист ба боғи бобоӣ мебарояд, ки модаркалони раҳматӣ бисёр дӯст медошт. Бо умед ба шохсорони тути марворидак чашм меандозад ва аз киса оинача мебарораду бо орзуҳои ширин ба гӯшаи номаълуме, ки аз тариқи оина бисёр зебо менамояд, чашм медӯзад.
– Ба куҷо назар меандозӣ, духтари шаҳрӣ? – бо тамасхур савол медиҳад зани амакаш.
– Ба оянда,– ҷавоб медиҳад духтараки софдил бо содафеълӣ.
– Ба ломакон гӯй.
Духтарак ба гапи он зани сиёҳдил эътибор намедиҳад. Чашмонаш роҳ мебинанд.
– Ҳудҳуд! Ҳудҳуд!
Духтарак гӯё ҳушёр мешавад ва ду кафи дастро карнайвор ба ҳам меорад.
– Тут пухт! Тут пухт! – ба ҳудҳуд ҳамовоз мешаваду ба боғоти дигар метозад.
– Ҳудҳуд! Ҳудҳуд!
– Тут пухт! Тут пухт!
– Оча, боз «тутпухт» омад.
– Корат набошад, шонасарак – мурғаки беозор. Хафа накун.
Ба вай касе кордор намешавад. Ва ӯ аз боғе ба боғе меравад. Ҳар боғ, албатта, чанд навъи тут дорад: марворидак, понғозӣ, сафедак, бедона, мавизак, балхӣ, ҷиртут, шаҳтут. Шонасарак ба парвоз меояд ва аз мавсими тутпаз мардуми интизорро дарак медиҳад:
– Тут пухт! Тут пухт!!!
Кӯдакон ба шохаҳои туте мечаспанд, ки мевааш расида бошад. Чӣ мазаи гуворо дорад меваи тару тозаи тут! Модарон ба зери тутҳои шаҳдрез чодир меандозанд. «Шукр, то тутпаз расидем»,– мегӯянд онҳо. Ба кулчаи рӯйи кӯдакон ранг медарояд, навдаи қоматашон шира мегирад. Аз субҳи солеҳон то намози шом мардуми деҳ дар боғот ҷунбуҷул мекунанд. Рӯйи бомҳо тут мавиз мегардад. Дегҳои доши ширинӣ дар ҷӯшанд. «Ширинӣ дар сармои кӯҳистон давои сад дард аст, барои ҳалвои сурхак масолеҳи зарурист»,– таълим медиҳанд модарон духтарони хешро. Кадбонуҳои боҳунар фарзандакони коргурезро ба дастёрӣ маҷбур месозанд. Бояд аз тути хушк поплангу тутпӯст омода кард: тутпӯсти шалпӣ, тутпӯсти манур...
Ҳама машғули кору бори хешанд. Касеро ба тақдири минбаъдаи шонасарак парвое нест. Мардуми деҳ дар талоши ёфтани қути лоямуте ҷон мекананд. Гоҳ аз боғу гоҳ аз роғ садои дилнишини шонасарак ба гӯш мерасад.
– Ҳудҳуд! Тут пухт!
Ин нидо оҳанги интизорӣ мекунад, бӯйи умед меоварад.