НОМ ВА ОСОРИ НЕКИ НАҚҚОШ

Сарводае ба васфи Самарқанд гуфтаем, Омехта ба шаҳду шакар қанд гуфтаем. Пурсанд гар шаҳомати ин мулки бостон, Марзест мардхезу зафарманд гуфтаем.

Оре, Самарқанди бостонӣ нафақат бо манораву гунбазҳои муҳташам, балки мардуми босаховату ҳунарманди худ низ шуҳрат ёфтааст. Нақши дастони ҳунармандони моро дар нафистарину зеботарин бинову иморатҳои мамлакатамон ва берун аз он дучор омадан мумкин аст. Имрӯз мавҷи зиёди сайёҳон ба вилоятамон низ ташриф меоранду аз тамошои санъати дастони халқи мӯъҷизакор лаззат мебаранд, инчунин бо худ намунаи маҳсулоти дастисохти ҳунармандони халқиро ҳамчун ёдоварӣ мебаранд.
Устои бомаҳорат, наққоши гулдаст, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мирумар Асадов аз зумраи ҳунармандони нотакроре мебошад, ки имрӯз номи ӯро бо ифтихор дар радифи бузургмардони Самарқанд ба забон меоранд. Ӯ соли 1924 дар маҳаллаи Лаби Ғори шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба ҳунармандиву наққошӣ меҳри алоҳидаи ӯро пай бурда, бобояш усто Абдуҳафиз, ки худ устои моҳири кандакор буд, бо ниятҳои наҷиб ба назди усто Ширин Муродови машҳур ба шогирдӣ бурда монд. Ҳамин тавр, Мирумар Асадов дар назди устоди худ гаҷкорӣ, кандакорӣ, нақш гузоштан ба сангҳои мармар ва гранитро хеле пухта азхуд намуд. Азбаски дар ин кор қобилияти худро нишон дода, ба боварии устоди худ сазовор шуда тавонист, усто Ширин Муродов ӯро соли 1937 ҳамроҳи худ барои ба ҷо овардани корҳои гаҷкории театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе гирифта бурд, ки дар он ҷо баҳри гузаронидани 1100-солагии ҷашнвораи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ омодагӣ медиданд. Инчунин, Мирумар Асадов дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дар корҳои кандакории театри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд низ иштирок дошт. Ӯ дар солҳои баъд аз ҷанг низ дар корҳои таҷдиду таъмири ёдгориҳои таърихии Ӯзбекистон фаъолона иштирок намуда, саҳми сазовори худро гузошт. Корҳои азнавбарқарорнамоӣ ва таъмирӣ дар масҷиди ҷомеи Бибихонум, мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Улуғбек, масҷиди Ҳазрати Хизр, маҷмӯи Шоҳи Зинда, мақбараи Имом Ал-Бухорӣ, мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухоро, мадрасаи Мири Араб, мақбараи Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, Оқсаройи Шаҳрисабз ва ғайра аз ҷумлаи инҳо мебошад. 
Хидматҳои Мирумар Асадов ба таври сазовор қадр карда шудааст. Ба ин устои забардаст ва моҳир соли 1958 Ифтихорномаи Президиуми Олии Тоҷикистон ва соли 1974 мукофоти давлатии Ӯзбекистон супурда шуд. Имрӯз низ биноҳои Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва чойхонаи Роҳати шаҳри Душанберо гаҷкориҳои бемисл ва назаррабои ҳамин устои бомаҳорати самарқандӣ зеб медиҳанд. 
Дар баробари хидматҳои шоён дар соҳаи наққошӣ Мирумар Асадов ҳамчун аъзои фахрии Маркази тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд барои пойдору мустаҳкам гардонидани дӯстиву ҳамдигарфаҳмии миллатҳои вилоятамон саъю кӯшиши зиёд намуд.
Дар мамлакати соҳибистиқлоли мо хидмати ҳунармандону фидоиёни кори худ доимо дар мадди назар мебошад. Соли 1996 дар қатори абармардони кишвар ба Мирумар Асадов низ унвони олии Қаҳрамони Ӯзбекистон дода шуд. Ин марди некӯном, ки дар баробари ҳунари бемонанду нотакрор, доимо хислатҳои хоксориву фурӯтанӣ дар ӯ ҳувайдо буд, ба ин муносибат изҳор намуда буд: «Ёдгориҳои давраи Темуриён мӯъҷизаҳои нотакрори ақл ва қудрати инсон ба шумор мераванд. Дар ҳолати асл ҳифз намудани онҳо бошад, вазифаи муқаддаси мост». Имрӯз суханони ӯро писарони устод ва шогирдон, хусусан, пайравони касби мазкур шиор ва пешаи худ қарор додаанд. 
Ном ва корҳои неки ин марди соҳибҳунар ҳамеша дар дилу дар ёди халқу кишварамон ҷой дорад. Ӯ аз худ натанҳо нақши дастони эъҷозофаринро боқӣ гузошт, балки зиёда аз 50 нафар шогирди боистеъдодро ба камол расонда, ба хидмати халқу Ватан вогузоштааст, ки ҳар кадоме устои касби худ гардидаанд. Дар шаҳри Самарқанд кӯчае, ки Мирумар Асадов ҳаёт ба сар бурдааст, имрӯз номгузорӣ нашудааст. Ҳамчун рамзи эҳтиром ба он номи Қаҳрамони Ӯзбекистон Мирумар Асадов гузошта шавад, нуран аъло нур мешуд.

Фозил ШУКУРОВ, 
Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ, 
устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: