НОМАИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СММ БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН

Ба Волоҳазрат, ҷаноби Шавкат Мирзиёев,

Ба Волоҳазрат, ҷаноби Шавкат Мирзиёев, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Ҷаноби олӣ!
Мехоҳам барои мактуби Шумо ҷиҳати даъвати ман доир ба оташбаси ҷаҳонӣ миннатдории самимӣ изҳор намоям. Ман аз он рӯҳбаланд будам, ки то чӣ андоза даъвати мазкур аз ҷониби пешвоёни ҷаҳон ва ҳукуматҳо дар тамоми дунё ва ҳамчунин шарикони минтақавӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва роҳбарони динӣ вокуниши мусбӣ ба вуҷуд овард. Хусусан муҳим аст, ки даъват аз чандин ҷониби даргир бори аввал акси садои мусбӣ ба вуҷуд овард.
Ман ҳанӯз аз тақдири онҳое нигарон ҳастам, ки аз муноқиша на ба андозаи ченаки худ зарар дида, дар муқобили пандемия бештар заиф гардиданд ва таъкиди масъулияти ҳамаи моро оид ба ҳимояи аҳолии мулкӣ, хусусан занон, кӯдакон ва гурӯҳҳои хурд идома медиҳам. Ман барои кӯшиши мамлакати Шумо дар заминаи кӯмаки башардӯстона ба давлатҳои зарардидаи минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амиқан миннатдор ҳастам.
Инчунин, иҷозат бидиҳед, чорабиниҳои қатъии андешидаи Ҳукумати Шуморо дар бобати ҷилавгирии паҳн гардидани вирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамчунин нармсозии оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемия, инчунин барои қишри ҳарчи заифи аҳолӣ олӣ арзёбӣ намоям. Ман инчунин аз дараҷаи баланди ҳамкории байни Ҳукумати Шумо ва Гурӯҳи мамлакатии СММ зери роҳбарии резидент-ҳамоҳангсоз рӯҳбаландам.
СММ бо тамоми муассисаҳои ҳукуматӣ ва ташкилотҳои манфиатдор барои он ки ба ҷонибҳои даргир барои аз изҳорот ба азми нек ва ё муваққатан оташбас эълон намудан то поёнёбии ҷанг, даст ёфтан ба қарорҳои дарозмуддати сиёсӣ ва роҳандозии сулҳи суботнок гузаштан ҳамдастӣ намуданро идома медиҳад. Ман ба дастгирии минбаъдаи кӯшишотамон аз Шумо умед дорам.
Инчунин таъкид кардан мехоҳам, ки ман аз рахна гардидани сарбанди обанбор дар вилояти Сирдарё бо андӯҳи амиқ хабардор гардидам. Мехоҳам ҳаммаслакии худро бо мардуми Ӯзбекистон ва Қазоқистони ҳамсоя изҳор намоям, ки аз обхезӣ дар натиҷаи рахна гардидани обанбор зарар дидаанд. Ман ҳамкории байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистонро дар заминаи кӯмак ба одамони эҳтиёҷманд олӣ арзёбӣ менамоям.
Хоҳиш мекунам, Аълоҳазрат, арзи эҳтироми амиқи маро бипазиред.

Бо таманноҳои гарми шахсӣ,
Антониу Гутерриш,
Котиби генералии СММ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: