ҚАСРИ САФЕД ВАШИНГТОН 16 майи соли 2018
Тамоми меҳмонони пазироиро, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ва рафиқаи ӯ Зироат Мирзиёева созмон дода шуд, муборакбод мекунам.
Аз номи халқи Амрико ба Президент Мирзиёев барои сафари таърихии ӯ ба Қасри Сафед миннатдорӣ изҳор менамоям. Ҳангоме ки дар Осиёи Марказӣ вазъиятҳои бағоят мураккаб ба миён меоянд ва барои ҳамкорӣ имкониятҳои нав муҳайё мешаванд, мулоқоти мо ба навсозии шарикии стратегиамон ҳамчун такони пурқувват хидмат хоҳад кард. Ба саъю кӯшишҳое, ки аз ҷониби Президент Мирзиёев бобати дастгирӣ намудани хатсайрҳои боркашонӣ дар минтақа ва сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодӣ татбиқ гардида, ба беҳтар шудани робитаҳои тарафайн бо Афғонистон мусоидат мекунанд, эҳтироми худро изҳор менамоям.
Президент Мирзиёев маро бовар кунонд, ки барномаи ислоҳоти барои Ӯзбекистон коркардшуда ҷиҳати бебозгашт дорад. Муътақидам, эътиборе, ки аз ҷониби Президент ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дода мешавад, ба фаровонҳолӣ ва ҳаёти муътадили минбаъдаи халқ мусоидат мекунанд. Мо бо саъю кӯшишҳои муштарак метавонем ба минбаъд беҳшавии масъалаҳои вобаста ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият дар Ӯзбекистон муваффақ гардем. Ин дар навбати худ барои кори ширкатҳои амрикоӣ асоси мустаҳкам фароҳам оварда, ба баланд шудани дараҷаи бошуғлфарогирӣ дар кишварҳои мо хидмат мекунад.
Мелания ва ман ба Президент Мирзиёев ва Хонуми Аввал Зироатхон Мирзиёева барои сафари пурмуҳтаво ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз таҳти дил миннатдории самимӣ изҳор менамоем.
Муътақидам, ҳамкории мо, ки ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд, ҳанӯз ибтидои ояндаи дурахшони ду кишвар мебошад.