Устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем, дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст.
Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хидмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, ва дар замони ҳозира дар Самарқанд шодравон Шодон Ҳаниф, Ҳаёт Неъмат, аҳли адаб Адаш Истад, Тӯрабек Искандарӣ, Нормурод Каримзода, Озод Ҳамидзода ва дигар адибонро ба камол расонид.
Устод равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегардид. Чуноне ки гуфтаанд:
Расад ҷон бар лаби бечора устод.
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам ниҳодан муаллим моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори накӯро меомӯзонад. Пас аз чанд сол бо ҳамон чеҳраи кушод ба зиндагии мустақилона мегуселонад.
Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шогирди хуб ба воя расонад. Барои ин ӯ чӣ қадар нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, вале боре ҳам шикоят накарда, ба кори худ содиқ мемонад. Пас мо – шогирдонро зарур аст, ки ҳамаи заҳматҳои устодонро пос дорем ва корҳоеро ба сомон расонем, ки онҳо бо мо бифахранд.
Устод барои гулгулшукуфоии ҷомеа, соҳибмаърифатии наврасон, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хидмат мекунад. Бо ақл, хирад, таҳаммул муносибат менамояд. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли одӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, маърифат, дониш ва нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Устод ғарқи дарёи дониш, ғарқи анбуҳи китоб, шабзиндадор, ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз натиҷаи меҳнати устодон мебошад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Даме, ки шогирди устод шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро ба забон мегирад.
Ба хотир дорам, ки дар синфи 7-уми мактаби миёнаи рақами 32, воқеъ дар деҳаи сарсабзу хуррами Оҳалик мехондам. Дарсҳо ба охир расид ва роҳ ба сӯйи хона гирифтам, ки назарам ба ду-се нафар афтод. Назди онҳо рафтам. Дар он ҷо ҷараёни наворбардорӣ идома дошт. Ҳамаи мактаббачагоне, ки аз дарс мебаромаданд, давон-давон ба он ҷо омада наворбардоронро тамошо мекарданд. Ҳамин дам мошине омад ва аз он журналисти маъруф, ки мо дар телевизион медидем, Шаҳло Аҳророва берун шуд.
Журналисти ботаҷриба, сухандони ширинзабон, бонуи фарҳангдӯст ва бедордил, хушсадову хушсимо Шаҳло Аҳророва, ки зимнан мешинохтам, сухан гӯяд ё шеър қироат кунад, ҳозирин ҳушу гӯш, мафтуну шайдои забони биҳиштӣ мегардиданд. Маҳз садои дилнишину рафтору гуфтори муаддабонаи устод дар ман шавқи сухандониро зиёд карда буд.
Вақте ки онҳо наворгириро ба охир расониданд, ман зуд аз папкаам қаламу коғаз гирифта, назди Шаҳло Аҳророва рафтам ва хоҳиш кардам, ки соядаст диҳанд. Устод дар дастхаташон «Ансорҷон, оқилу донову азиз бошед! Бо хурмату эҳтироми самимона Шаҳло Аҳророва. СТВ» навиштанд. То ҳол ин дастхат ҳамроҳам аст.
Дар он айём кам-кам шеър менавиштам ва рӯзе чанд шеъри худро ба рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно» бурдам. Ногаҳон Шаҳло Аҳророваро дар таҳририят дидаму наздашон рафта салом додам. Ин бароям ифтихор буд. Мактаб ва литсейро хатм кардам ва донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардида, ба забони тоҷикӣ дубора шавқи зиёд пайдо кардам ва ин завқ маро назди Ш.Аҳророва овард. Аз ӯ ҷараёни наворгирӣ, сеҳри сухан, рафтору гуфторро омӯхтам ва боз сӯи Душанбе равона шудам. Устодам ба сармуҳаррири Телевизиони давлатии «Сафина» Носир Саидов хат навишта гуфтанд, ки агар Душанбе равам хатро аз номи мавсуф ба сармуҳаррир диҳам. Маҳз ҳамин хат ҳаёти маро комилан дигаргун сохт. Маро ба Телевизиони давлатии «Сафина» ба кор гирифтанд. Дар раванди кор бо чандин адибон шинос шуда, ҳамкориро ба роҳ мондам. Ҳоло мақолаву ҳикояву шеърҳоям мунтазам дар рӯзномаҳо чоп мешаванд, дар барномаҳо баромад мекунам. Албатта тамоми ин муваффақиятҳоям бо кумаку панду насиҳатҳои устоди азизам – Шаҳло Аҳророва мебошанд.
Ансор СОБИРОВ, ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд.