НОМДОРИ ДИГАРЕ АЗ ДЕҲАИ ҚАЛЪА

Қалъа аз деҳаҳои хушбоду ҳавост, ки дар соҳили рӯди шӯхоби Обишир ҷой гирифта.

Аз рост Сойи Такоб ин деҳкадаро аз деҳаҳои Сарикандаву Сарибозорча ҷудо кунад, дар чап кӯҳи Янгиариқ бо виқор доман густурдааст.  Аз ин маҳалла, ки аз мавзеъҳои қа-димии ноҳияи Сӯх мебошад, дар садсолаи охир якчанд шахсони маъруф баромадаанд. Яке аз онҳо Алиҷон Каримҷонов мебошад, ки дар равнақи таълими халқ ба ҳадди имкон ҳисса мегузорад.
Гӯё дирӯзакак вай дар синфҳои ибтидоии мактаби ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил мекард. Ҳоло ба дараҷаи олимӣ расида ва чун педагоги пешқадам ном бароварда, синни ҳафтодро пур кардааст. Дар Донишкадаи давлатии педагогии   Чирчиқ ба сифати дотсент фаъолият мебарад.
Деҳкадаи зикршуда хеле камзамин. Барои аз қитъаҳои наздиҳавлӣ даромад гирифтан ё бо парвариши чорво машғул шудан дар ин ҷо имконият хеле маҳдуд. Бинобар ҳамин сокинон асосан ҳунармандӣ мекунанд ё бо савдою тиҷорат рӯз мегузаронанд.
Волидони Алиҷон – амаки Каримҷону холаи Соҳиба панҷ писарро ба воя расонданд. Шароити зиндагӣ душвор. Вале онҳо барои ҳамчун одамҳои ба ёру диёр даркорӣ тарбия намудану хонондани ҷигарбандони худ кори аз дасташон меомадаро карданд.
Фарзандҳои калонӣ (шодравонҳо) Ҳасанҷону Азимҷон ронанда буданд. Хурдии хонадон Орифҷон, ки низ собиқадори меҳнат мебошад, ҳоло ронанда аст. Дигар аз бародарон – Ғаниҷонака омӯзгориро пеша кардааст ва аз фанни таърих дарс медиҳад.
Оиди он ки аз Қалъа номдорҳои Сӯх баромадаанд, таъкид карда гузаштем. Номзадҳои илм Аъзамҷон Гадоев ва Алиҷон Мамаҷонов зодаи ҳамин деҳаанд. Раҳматӣ Ҳаётҷон Мамаҷонов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ сарбаланд кор карда, эътирофи умумро сазовор шуда буданд. Номи муаллими мардумии Ӯзбекистон Обидхӯҷа Иброҳимов, ки муддати тӯлонӣ чун директори дабистони таълими умумии рақами сеюм фаъолият бурдаанд, ҳанӯз бо камоли эҳтиром ба забон оварда мешавад. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбеков низ зода ва парвардаи ҳамин деҳа буд. Аз ҳамин ҷо ба фронт сафарбар гашт, бо нишон додани корномаҳои бемисл дар сангарҳои хунфишон шарафи диёри моро ҳифз намуд.
Алиҷонака бо як ҳузни ширин давраи тифлию наврасиашро ба хотир меорад. Баъди синфҳои ибтидоӣ ӯ дар мактаби нисбатан калонтар, ки воқеъ дар деҳаи Сариканда номи Амиралӣ Саидбековро дошт, таҳсили худро идома дод. Саҳарии барвақт роҳи мактабро пеш мегирифт, тай намудани пайроҳаи тангу мушкилгузар, хусусан, гузаштан аз болои кӯпруки чӯбӣ ва ларзандаи Маччоб осон набуд. Вале ҳаракат мекард дар вақташ ба машғулиятҳо расида равад. Аълохон, ки буд, ба дилу дидаи устодон Аъзамҷон Муталлиев, Абдуҷаъфар Маҳмудов, Абдураҳмон Раҳимов, Додобек Давронов (охираташон обод бод) ва дигарон ҷой гирифт.
Устодон меҳрубон, дар айни замон хеле сахтгир буданд. Ин буд аксарияти хатмкардагон ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд. Қариб ҳама китобхону китобдӯст. Имрӯз садҳо дастпарварони ин мактаб дар соҳа ва вазифаҳои гуногун чун мутахассиси хуб адои вазифа менамоянд. Яке аз онҳо – қаҳрамони лавҳаи мо Алиҷон Каримҷонов.
Зикршуда соли 1969 баъди гирифтани номаи камол роҳи Хуҷандро пеш гирифт. Дониши қавӣ, ки дошт, бе ҳеч душворӣ ба факултаи педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоии ДДОХ дохил гашт. Ҳанӯз донишҷӯ буду чунин фармудаи Низомии бузургвор ӯро шиор:
Дониш талабу бузургӣ 
омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат 
аз рӯз.
Соли 1973 таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро ба охир расонда, Алиҷон азм кард роҳи зодгоҳ пеш гирад ва дар мактабе, ки таҳсил карда буд, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шавад. Шароити оилавӣ низ ба деҳа баргаштани ӯро тақозо менамуд, вале устодони донишкада ҷавони дидадаро ва илмдӯстро, бо хаёле, ки ояндаи хуб дорад, ҷавоб додан нахостанд. Падару модараш низ ноилоҷ розӣ шуданд вай дар институт бимонад.
Ҳамин тариқ, фаъолияти мустақилонаи А. Каримҷонов дар муассисаи олии зикршуда ба ҳайси омӯзгор оғоз ёфт. Дертар муаллими калон шуд дар ҳамин даргоҳ. Соле чанд ба сифати нозири садорати маорифи халқи вилояти Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) низ софдилона кор кард.
Меҳри диёр Алиҷонакаро чун оҳанрабо ба худ мекашид. Завқу ҳаваси пажӯҳиш низ. Ин буд, ки ба Тошканд омад. Солҳои 1986–1989 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии педагогии Низомӣ таҳсил гирифт. Барои такмили маҳорат ва амиқтар фаро гирифтани яке аз шохаҳои фанни педагогика ба Маскав рафт. Солҳои 1989–1990 он ҷо аз болои мавзӯи илмии “Роҳ ва усулҳои баландбардории дараҷаи ихтисоси муаллимони синфҳои ибтидоӣ”  тадқиқот бурд ва ба баҳои хуби муҳаққиқони соҳа  сазовор гашт. Ба Тошканд баргашт, 27 ноябри соли 1990  дар Шӯрои илмии марказонидашудаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ рисолаи илмӣ дифоъ намуд ва номзади илмҳои педагогӣ гардид.
Баъдтар тақдир Алиҷонакаро ба шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд пайваст. Фаъолияти омӯзгориашро дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-муҳандисии Чирчиқ идома бахшид.
Баробар бо омӯзгорӣ тадқиқотҳои илмӣ оиди педагогика ва таълими ҳарбӣ дар муассисаҳои таълими олӣ пеш бурд ва рисолаҳо навишт. “Педагогикаи ҳарбӣ” (2005), “Тарзи корбарии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар муассисаҳои таълимӣ” (2020). “Муаммоҳои таълимию тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (2021) барин маҷмӯаҳои ӯ рӯйи чоп диданд ва чун китоби дарсӣ мавриди омӯзиш дар макотиби олӣ қарор гирифтанд. “Алифбо ва инкишофи нутқ” (соли 2021) бо забони тоҷикӣ таълиф ёфт, ки ба шуъбаҳои таълим ба тоҷикии Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ пешбинӣ шудааст. Алъон аз болои рисолае фаъолият пеш мебарад, ки “Забони тоҷикиро меомӯзем” унвон дорад.
Омӯзгор ва муҳаққиқи борикбини соҳаи педагогикаи таълими ибтидоӣ Алиҷон Каримҷоновро бо ҳафтодсолагиаш қалбан муборакбод менамоем. Орзуи он дорем боз солҳои зиёд дар соҳае, ки интихоб кардааст, кор кунад. Бо ҳис кардани самараи фаъолияти илмиву омӯзгорӣ худро ҳамеша ҷавон ҳис намояд.

А. НАЗАРҚУЛОВ,
С. ТОҲИРОВ,
Ш. АВАЗХОНОВ,

вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: