Баробари ба дунё омадани фарзанд шодию нишоти падару модар ва тамоми аҳли хонадон меафзояд.
Баробари ба дунё омадани фарзанд шодию нишоти падару модар ва тамоми аҳли хонадон меафзояд. Яке аз вазифаҳои аввалини волидайн ва пайвандон ба кӯдак гузоштани номи муносиб аст. Номгузорӣ ба навзод асрҳо боз масъулияти бузурги қарибон ба ҳисоб меравад.
Баъд аз мутолиаи мақолаи Н.Нодирова таҳти сарлавҳаи «Фарзанд аз падар ҳақ дорад, ки...» дар рӯзномаи дӯстдоштаамон («Овози тоҷик», 20.II.2021, №15) ман низ хостам мулоҳизаҳоямро оид ба ном ва масъулияти номгузорӣ баён кунам.
Дар гузашта бо назардошти ҷой, рӯйдод, шароит ё вазъи таваллуди кӯдак ба ӯ ном мегузоштанд. Номҳои Истад, Ӯрун, Ӯсар, Тенглаш, Тӯйчӣ, Тӯйгул, Ҷумъа, Очил, Милтиқ, Ханҷар, Мергон ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Бисёр номҳоро вобаста ба ҷойи зист ва миллатҳои маскуни он маҳал мегузоштанд. Аз ҷумлаи Қазоқбою Ӯзбакбой, Қирғизбою Туркманбой ва монанди инҳо.
Дар баъзе маҳалҳо, бахусус мардуми тоҷики қаторкӯҳи Нурато ба фарзандонашон номҳои наздикони фавтидаашонро мегузоранд, ки бо ибораи “номи меросӣ” машҳур аст. Кӯдакро ба ҳурмати соҳиби аввали ном Бобо, Момо, Додо, Оча, Акабой, Амма, Бародар гӯён ном мегиранд.
Алҳол падару модар, махсусан, волидайни ҷавон кӯшиш мекунанд ба фарзандашон номе гузоранд, ки дар ҷойи зисташон набошад. Аз ин рӯ, аксарияти номҳо маъно ё хусусиятҳои миллӣ надоранд. Аз таҷрибаи омӯзгорӣ медонам, ки ба мактаб ҳар сол хонандагоне меоянд, ки соҳиби номҳои ғайримиллӣ ҳастанд. Ба мисли Саваш, Фемида, Сензора, Таня, Гита, Зита ва ҳатто Тайсону Зидан.
Мо, насли бузургсол ӯҳдадор ҳастем, ба фарзандонамон номҳои хубу бамаънӣ ва гӯшнавоз диҳем, Аз маънои номи духтарон доноиву барноӣ, зебоиву дилбарӣ ва ҳалимиву меҳрубонӣ ҳувайдо бошад. Аз маънои номи писарон мардиву ҷасорат, фидокориву олиҳимматӣ, некиву накӯкорӣ, ҳикмату хирад ва ғайра танинандоз гарданд.
Адиби шинохтаи доғистонӣ Расул Ғамзатов аз ин хусус дар “Доғистони ман” ном асараш чунин меорад: ”Номи духтар бояд монанди шӯълаи ахтар зебо ё чун гули бӯстон раъно бошад. Дар номи мард бояд садои шамшер ва ҳикмати китоб таҷассум гардад”.
Падару модарон ба фарзандашон бояд номҳоеро гузоранд, ки баъди ба воя расиданашон боиси норозигиву гила не, сабаби сарфарозии онҳо гарданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо ному насаби хонандагон ба бисёр ғалатҳо дучор меоем, ки аз беэътиборӣ ва “саводнокӣ”-и баъзе аз котибони идораҳои давлатӣ дарак медиҳад. Фарзандони як хонадон бо насаби ҳархела, ба монанди Орзумуродов, Орзумуратиев, Орзуев ё ба ҷойи Қиронбоева Куранбаева навишта мешаванд. Ҳангоми пур кардани гувоҳномаи таваллуд номҳои зебову маънодор ғалат сабт шуда, боиси аз байн рафтани маънои аслии он мегарданд. Ба ҷойи Шоҳиҷаҳон, Хушнуд – Шохчахон, Ҳушнуд, ба ҷойи Шаббодаву Фаррух – Шабодаву Фарух ва монанди инҳо. Таассуфовар аст, ки мо ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳо ба дуруст навиштани ному насаби ғалати шогирдон ҳақ надорем. Аз ин рӯ, тамоми ҳуҷҷатҳо аз рӯйи шаҳодатномаи таваллуд ғалат навишта мешаванд.
Аён аст, ки имрӯз тамоми ҳуҷҷатҳо аз рӯйи фомилгузории қолабии русӣ пур карда мешавад. Ному насаби дарозу гӯшхароши қолабӣ зиёданд. Вақт расидааст, ки мо дар фамилиясозӣ пасвандҳои русии –ов, -ев, -ова, -ева, -ович, -евич, -овна-ро сарфи назар карда, дар сабти ному насаб аз хусусиятҳои миллӣ истифода барем. Чунончи, ба ҷойи Элмуродов Шодмеҳр Манучеҳрович – Шодмеҳри Манучеҳр ё ба ҷойи Худойбердиева Дилноза Азизмуродовна Дилнозаи Азиз нависем, ки ҳам кӯтоҳу муъҷаз ва ҳам гӯшнавозу тоҷикона аст.
Элмуроди РӮЗӢ,
омӯзгори мактаби рақами 43-юми
ноҳияи Нурато.