Мансур Ҷумъаев соли 1991 дар вилояти Қашқадарё таваллуд шудааст.
Дастпарвари факултаи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон аст.
Муаллифи маҷмуаҳои шеърии «Оқ орзуларим» («Орзуҳои сапеди ман») ва «Ҳайрат қӯшиқлари» («Сурудҳои ҳайрат») мебошад. Чанд муддат корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» низ буд. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон аст. Алъон дар идораи ин ниҳоди адабӣ кор мекунад.
ТАСАДДУҚ
(Илҳом аз «Бобурнома»)
Дар бистари марги худ Ҳумоюн ночор,
Андар сари ӯст Шоҳ Бобур дилхун.
«Ҳар дарди туро пазирам, ай ҷони падар,
Ҳар дарди ту дарди дили ман ҳаст эдун».
Бигзашт Ҳумоюн аз Бадахшонаш, лек
Нагзашт зи меҳри ёду дидори падар.
Аллоҳ, Аллоҳ, фидои номат, бар ман
Мебахшӣ агар, бубахш ин гуна писар.
Чун дард кашад писар падар дармонҷӯст,
В-ар ғам бикашад муборак он ғам донад.
Ҷонро чу тасаддуқ ба писар кард, яқин
Мирзо Бобур ҷадди мудомам монад.
Гар ҳаст ниёзат ба чунин дардкаше,
Ё ин ки тасаддуқталабе бошӣ ту низ.
Бори ҳама дардат бикашам, ай Миҳан,
Ҳар дарди туро пазирам, ай Халқи азиз!
СУҶУД
Бар сухан ман саҷда кардам,
Саҷда кардам бар шумо ман.
Ҳам ба он ҳиссе, ки аз дил
Хест, кардам саҷдаҳо ман.
Синаам тахти баҳор аст,
Марҳами хоки диёр аст.
Миҳани ман саҷдазор аст,
Ман ба он ишқе, ки дар дил
Гашт пайдо, саҷда кардам.
Миҳани ман, ай азизам,
Ай азиз, аз ҷумла чизам.
Ҳар куҷо барги каҳи ту
Дидам, он ҷо саҷда кардам.
Боз бар он ҷоми бода,
Бӯсаҳои поку сода,
Бар қади болои дилбар
Бо муҳаббат,
Бо садоқат,
Бо таманно саҷда кардам.
Ай Ватан,
Ай Модари ҷон.
Ай Замин,
Ай Ёри ёрон.
Ай Сухан,
Ай шеъри вораста зи банди синаам.
Саҷда кардам бар шумоҳо,
Бар шумоҳо саҷда кардам.
ПУРСИШ
Зерам, забар набошам,
Шери ҳунар набошам.
Ҷуз замин гар набошам,
Бар само чӣ хоҳам гуфт?
Тоби назар надорам,
Бар меҳр, як низорам.
Бар Ғарби оға, бар Шарқ –
Бар ниё чӣ хоҳам гуфт?
Фикре накарда то хеш,
Ҳарфе нагуфта бо хеш,
Худро надидаву боз
Нашнида хешро хеш,
Яъне тамом нохеш,
Бар шумо чӣ хоҳам гуфт?
Мағлуби хоби шабҳо,
Рӯзон дар ғами дунё.
Шеъре нагуфта ҳоло,
Дурре насуфта, асло
Бар даҳо чӣ хоҳам гуфт?
Рози бебақо бошам,
Авҷи бенаво бошам.
Дарди бедаво бошам,
Ман худ як гадо бошам,
Бар гадо чӣ хоҳам гуфт?
Аз мани ҷудо аз худ,
Аз мани адо дар худ
Бар он ки илҳомам дод,
Аз сухан инъомам дод.
Бар они бо ман, яъне
Бар Худо чӣ хоҳам гуфт?
Бар Худо чӣ хоҳам гуфт?
Тарҷумаи ПАЙМОН.