Аз номзад ба депутатӣ пурсиданд:
– Барои чӣ номзадиатонро ба депутатӣ гузоштед?
– Охир, худатон бинед, дар атроф чӣ гапу кор аст! Вазифадорон пурра ба ришвахорӣ, ҷамъ намудани сарват ва бепарвоӣ дода шудаанд!
– Ва шумо мехоҳед бо ин мубориза баред?
– Не, ман мехоҳам дар он иштирок кунам!
Занги дар
Шаб занги дар садо дод.
– Кист?
– Кушоед, милитсия!
– Дар хона касе нест.
– Набошад, ин кӣ гап мезанад?
– Ба назаратон намуд.
– Ин хел бошад, чароғ барои чӣ гирон аст?
– Ҳозир мекушам...
Таҳияи Далер АЗИЗОВ.