Сафири кишварамон дар Эрон Баҳодир Абдуллоев бо дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё (АПО) Муҳаммад Ризо Маҷидӣ мулоқот кард.
Сафири кишварамон дар Эрон Баҳодир Абдуллоев бо дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё (АПО) Муҳаммад Ризо Маҷидӣ мулоқот кард.
Ба ҳамсӯҳбат дар бораи ислоҳоти васеъмиқёси Ӯзбекистон дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ, такмил додани фаъолияти парлумонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, таъмин намудани ҳуқуқи инсон ва таҳаммулпазирии динӣ, ислоҳоти васеъмиқёс муфассал иттилоъ дода шуд.
Масъалаҳои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки имсол дар мамлакати мо баргузор мешаванд, бо раиси Ассамблеяи парлумонии Осиё муҳокима шуданд.
Муҳаммад Ризо Маҷидӣ ёдовар шуд, ки ҳангоми сафари охиринаш ба Ӯзбекистон соли 2019, шоҳиди тағйироти бузурги мусбат дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишварамон шудааст.
Вай қайд кард, ки таҷрибаи интихоботии Ӯзбекистон, низоми бисёрҳизбӣ ва хусусан интихоботи парлумонӣ дар соли 2019, ки шакл ва мундариҷаи нав касб кардааст, барои парлумонҳои бисёр кишварҳои Осиё таҷрибаи бузург хоҳад буд.
Ба гуфтаи дабири кулли АПО, аввалин бор дар таърихи худ узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ будани Ӯзбекистон тасдиқ мекунад, ки ислоҳоте, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар солҳои охир амалӣ кардааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот Муҳаммад Ризо Маҷидӣ инчунин эълом дошт, ки раёсати Туркия дар АПО моҳи октябри соли равон хотима меёбад. Ба ин далел, ин созмон изҳор намудааст, ки бори аввал дар таърихи худ тасмим гирифтааст, ки раиси навбатиро аз байни порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ интихоб кунад.
Дабири кулл қайд кард, ки дастовардҳои тӯли солҳои охир дар соҳаи рушди парламентаризм ноилгардидаи Ӯзбекистон ба раисии АПО пешбарӣ намудани номзади кишвар комилан мувофиқат мекунад.
Раёсати ин созмон ҳамчун як минбари дигари мусоид барои таблиғи ташаббусҳои ҷории Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ хидмат хоҳад кард.
Дар охири мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро идома медиҳанд, то масъалаҳои баррасишуда ва пешниҳодҳои тақдимшударо муфассал баррасӣ кунанд.
АПО дувумин созмони ҳамкориҳои байнипарлумонӣ пас аз Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо мебошад.
АИ «Дунё»,
ТЕҲРОН.