НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДАНД

Бинобар хабари АМИТ «Ховар» дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ масъалаҳои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бинобар хабари АМИТ «Ховар»  дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/   масъалаҳои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Комиссияи марказӣ қарорҳои дахлдор дар бораи пешбарии номзадҳо аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои қасабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон барои маълумот ворид гардида буданд.
Дар ҳолати 10 сентябри соли равон мувофиқи моддаи 25-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадҳоро мувофиқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии дар боло зикр мавриди омӯзиш қарор дода, номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода аз ҷониби Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев аз ҷониби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаро ба қайд гирифт.

АМИТ «Ховар».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: