Интихоботи раисони маҳаллаҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат воқеаи муҳим мебошад.
Зеро ҷамъияти навро бо мизон, қоида ва тартибҳои кӯҳна наметавон сохт.
Аз ин рӯ, бар асоси моддаи 105-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон — «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон», моддаҳои 8, 10 ва 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон — «Дар бораи интихоботи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон» ва қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз 16-уми марти соли 2022 «Дар бораи омодагӣ ва баргузории интихоботи раисони ҷамоати шаҳрвандон» аз 16-уми майи соли равон сар карда, то 24-уми май дар 265 ҷамоати шаҳрвандони вилояти Навоӣ низ интихоботи навбатии раисони маҳаллаҳо гузаронида шуд.
Ин маъракаи муҳими молики аҳамияти сиёсӣ дар асоси тамоюлҳои демократӣ гузаронида шуда, ба мақоми раис номзадҳои беҳтарин интихоб гардиданд.
Бино ба маълумоти Хидмати матбуоти Садорати дастгирии маҳалла ва нурониёни вилояти Навоӣ дар интихобот ҷамъ 678 нафар шаҳрванд ба мақоми раиси маҳалла номзади худро пешниҳод карда, аз онҳо 265 нафар интихоб шуданд. Аз онҳо 145 нафар аз рӯйи ихтисос омӯзгор, 37 нафар муҳандис, 4 нафар ҳуқуқшинос, 27 нафар иқтисодчӣ ва 52 нафар намояндагони соҳаҳои дигар мебошанд.
Хуб медонем, ки масъулияти вазифаи раиси маҳалла сол аз сол зиёд мешавад. Бинобар ин, талаб ба номзадҳо низ меафзояд. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Каттасой низ ба вазифаи раиси маҳалла се нафар сокини деҳа номзади худро пешниҳод карданд, ки ҳар се соҳиби маълумоти олӣ буданд.
— Номзаде, ки беш аз нисфи интихобкунандагон барои вай овоз додаанд, ба вазифаи раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандон интихобшуда маҳсуб меёбад, — гуфт узви гурӯҳи кории кумакрасон барои ташкил ва баргузории интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Каттасойи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Ҷаъфар Ғайбуллоев. – Дар интихоботе, ки дар маҳаллаи мо гузаронида шуд, вакилон аз се деҳа – Катта Эҷ, Сойихурд ва Симбулоқ овоз доданд. Рӯзи интихобот аз 142 нафар намоянда 122 нафар иштирок карданд. Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ, номзад Ашраф Тилабов беш аз 50 дарсад, яъне 63 овози вакилонро ҷамъ карда, раиси маҳалла интихоб шуд.
— Боварии ҳамдеҳагон ба зиммаи ман масъулияти бештарро вомегузорад, — гуфт А.Тилабов. — Кори асосии мо кор бо мардуми маҳалла мебошад ва дар доираи имкон ҳаракат мекунам, то ба боварии мардум сазовор шавам, ба халқи деҳа кумак кунам ва аз имконияту шароитҳое, ки аз тарафи роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев барои шаҳрвандон фароҳам гардидааст, истифода намуда, баҳри обод кардани қишлоқ, беҳтар намудани шароити зиндагонии мардум саҳм гузорам.
Ёдовар мешавем, ки Ашраф Тилабов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, ихтисосаш иқтисодчӣ мебошад. Тӯли солҳо дар шуъбаи Бонки халқии ноҳияи Нурато дар вазифаи назоратчӣ-кассир кор кардааст. Аз соли 2003 инҷониб дар мактаби таълими умумии рақами 43-юми деҳаи Катта Эҷ ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагӣ меҳнат карда, барои обод гардидани боргоҳи таълимӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Фаридун ЮЛДОШЕВ.
Вилояти НАВОӢ.