Бинобар моддаи 72-юми Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7 ноябри соли ҷорӣ дар Комиссияи марказии интихобот роҳбари Ҳизби халқии демократӣ барои номзадҳоро ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ ба рӯйихат гирифтан бо дархост ба Комиссияи марказии интихобот муроҷиат намуд.
Мувофиқ ба Кодекси интихобот ба аризаи ҳизб инҳо шомиланд: қарори мақомоти болоии ҳизби сиёсӣ дар бораи нишон додани номзад ба депутатӣ; баённомаи маҷлиси мақомоти болоии ҳизби сиёсӣ дар бораи нишон додани номзад ба депутатӣ, дар он фамилия, ном, насаб, санаи таваллуд, касб, вазифа (намуди машғулият), кор ва ҷойи зист, ба кадом ҳизб мансуб будан, ҳамчунин, ном ва тартиби рақами ҳавзаи интихобот нишон дода мешавад; аризаи номзад ба депутатӣ дар бораи ризоияташ барои аз ҳавзаи интихоботи дахлдор ба овоз гузоштани номзадии ӯ; аризаи номзад ба депутатӣ, ба шарти он ки ба сифати депутати Палатаи қонунгузорӣ интихоб мешуда бошад, барои озод кардан аз вазифааш.
Ба шахсе, ки ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намудааст, маълумотномаи дорои сана ва вақти қабул карда гирифтани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дода мешавад.
КМИ ҳуҷҷатҳои тақдимшударо дар давоми панҷ рӯз санҷида, оиди ба талабҳои кодекси мазкур мувофиқ будани онҳо хулоса медиҳад.
Комиссияи марказии интихобот оиди номувофиқиҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои барӯйихатгирӣ пешниҳодгардида муайян шудаанд ва ҳолати аз талабҳои кодекси мазкур канортар рафтан ба роҳбарони ҳизбҳои сиёсии дахлдор хабар мерасонад.
Ҳизби сиёсӣ ҳақ дорад, ки ҳолати номувофиқӣ ва хатоҳои муайяншударо дар муддати ду рӯз ислоҳ карда, онҳоро ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод намояд.