«НОН АФТАД, КУЛЧА ШАВАД...»

Вақте тоҷик мегӯем, яке аз миллатҳои ботинан ва зоҳиран зебо пеши назар меояд; миллате, ки аз замонҳои хеле қадим бо илму дониш, ҳунар сарукор дошт, таъриху фарҳанги куҳан дорад ва зотан тамаддунсозу бунёдгар аст.

Дар байни ин халқ санъати наққошӣ, чӯбкорию кандакорӣ, мисгарӣ, кӯзагарӣ (кулолӣ), хонасозӣ, шаҳрсозӣ, китобат, ноширӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, силоҳсозӣ, гилембофӣ ва анвои ҳунарҳои дигар хеле ривоҷ ёфтааст. Ва ин миллат тӯли қарнҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода, ки зебоиҳои ботиниаш дар ҳунари дастӣ ва ашёҳои офаридааш инъикос ёбад. 
Вақте сайёҳони хориҷӣ дар Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои бостонӣ аз растаи ҳунармандон, ёдгориҳои меъмории таърихӣ ва осорхонаҳо дидан мекунанд, шефтаи зебоиҳои дарунии ин миллати созанда мегарданд.
Шеър низ аз анвои ҳунарҳост. Оламиён ин навъи ҳунари миллати моро низ хеле баланд арзёбӣ кардаанд. Ба қавли устод Лоиқ:
Шеъри моро гар бихонад солиён,
Халқи олам, бемуҳобо, мерасад.
Санъати муболиғаро бубинед: аҳолии дунё чӣ миқдор аст? Яъне шеъру абёти баландсанъати халқи мо ба андоза зиёд аст, ки халқҳои олам солиёни дароз хонанд, мерасад... 
Вале таассуф, ки фарҳангзудоиҳои сад соли охир кори худро кард, мардум аз асолати худ то ҷое дур шуд. Бо вуҷуди тарғибу ташвиқи зиёд, дар рӯзгори мардум имрӯз моддият дастболост, дӯконҳо пури китобанд, аммо китобхон ангуштшумор. Дар ғурфаҳо мардум барои харидани рӯзнома навбат намепоянд...
Талаби давру замон чунин аст: миллатҳо, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик, бояд ба асолати худ баргардад, мисли аҷдоди созандаи худ рӯ ба бунёдкорию офарандагӣ ниҳад. Ба бедории сиёсию миллии халқҳо дар шароити имрӯз нашрияҳои даврӣ низ саҳмгузоранд. Пас, оне ки рӯзнома намехонад, бедории сиёсӣ ва нангу номуси миллӣ надорад, ин аз асолати худ дуршударо метавон ба ҳар кӯча кашид...  
Дар мавсими обуна, ки ҳоло дар сартосари ҷумҳурӣ идома дорад, ҳар сол куртаи ларза дар тани ходимони матбуот аст, ки барои соли оянда ғалбер аз об чӣ хел мебаромада бошад: пур, нима, ё холӣ?
Ҷойи баҳс нест, ки нархи обуна ба қишри ниёзманди аҳолӣ дастрас нест. Мисолан, обунаи солонаи рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилоятҳо, бо назардошти дурию наздикӣ ба пойтахт, қариб 400 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад, ки барои баъзеҳо гаронӣ мекунад. Ин гаронӣ аз кадом ҳисоб? Аз ҳисоби коғазу хароҷоти табъу нашр ва таҷҳизоти чопиест, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад, ҳамчунин, нархи сӯзишворию ҳамлу нақл – хидмати почта ба ин зам мешавад. 
Бояд нодида нагирифт, ки ба туфайли сиёсати халқпарваронаи Президенти мамлакат, ба халқ бобати бо ҷойи корӣ таъмин кардани аҳолӣ, афзудани нархи чинаки пахта ва маоши зиёиён ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад. Оилаҳое ҳастанд, ки дар мавсими ғунучини пахта то 20 миллион сӯм даромад мекунанд. Музди меҳнати зиёиён – омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба таври назаррас зиёд карда шуд.
Собиқаи рӯзноманигорӣ гувоҳ аст, ки ҳукумат, мухбирони фаъол, омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ ва сарсупурдагони миллат аз соли таъсисаш (1924) дастгиру тарғибгари яке аз нахустин рӯзномаҳои миллӣ – рӯзномаи «Овози тоҷик» будаанд. Онҳо дар солҳои мушкилтарину мудҳиштарин ба кӯмаки нангу номуси миллати сарбаланди худ шитофтаанд, дар чорсӯи зиндагӣ онро танҳо нагузоштаанд. 
Хонандагони азиз, фаъолон, омӯзгорон, ҷоннисорони миллат, шумо фикр накунед, ки ин суханон барои бекору бемаош намондани ходимони рӯзнома, ки аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ омада, барои бақои минбари миллат хидмати хоксоронаашонро дареғ намедоранд, гуфта мешавад. На, онҳое, ки имрӯз бо маоши ночизи «Овози тоҷик» қаноат накарда, домани дигар пешаҳоро, мисолан, тиҷоратро гирифтаанд, серу пур зиндагӣ мекунанд, имрӯз агар ба боми баландашон нигоҳ кунед, (насибашон кунад) кулоҳатон аз саратон меафтад...
Бо вуҷуди ин, ин қаноатпешагон барои хонданӣ шудани ҳар як шумораи он ҷон мекоҳанд, кӯшиш  ба харҷ медиҳанд, ки матолиби сиёсии он ба фаҳми ҳар як тоҷики ҷумҳурӣ расад, муштариён сари чанд вақт изҳори ақида мекунанд, ки саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷаҳони зан», «Омӯзгор» ва «Рӯзи истироҳат» барояшон як олам ғизои маънавӣ мебахшад. Ҳоло ҷамоаи «Овози тоҷик» тасмим гирифтааст, ки рӯзномаро ба минбари воқеии розу ниёзи мардум табдил диҳад. Тавре ки мегӯянд: «Қарс аз ду даст», барои хонданӣ шудани он пешниҳодоти шумо низ нақши муҳим дорад. Лоқайд набошед, рӯзномаатонро ба даст гиред, барои  беҳбуди мазмуну мундариҷаи он саҳм гузоред. Мисолан, омӯзгорон бо иштироки фаъолонаашон метавонанд саҳифаи «Омӯзгор»-ро хеле ҷолибу хонданӣ кунанд, аз усулу равишҳои наву пурсамари таълиму тадрис ҳамкасбони худро огоҳ созанд ё муносибаташонро доир ба ин ё он фармону қарори ба мактабу маориф дахлдори сарвари давлат, ба сифати як шаҳрванди комилҳуқуқи мамлакат, баён созанд...
Шоиру нависандагон ва адабиётшиносони тоҷики кишвар бояд дар ҳама маврид бо ҷоннисории ба худ хос, беҳтарин намунаҳои эҷоди худ, ба ғановати маънавии мардум биафзоянд... Зани тоҷик аз занони ботинан ва зоҳиран зебои дунёст. Дар саҳифаҳои «Ҷаҳони зан» пурра инъикос ёфтани ин ҷаҳон ба қаламфарсоён ва хонандагони рӯзнома бастагии зиёд дорад..
Овони мактабхонӣ, вақте аз кам будани китобҳои дарсӣ шикоят мекардем, бузургсолон ёдрас мекарданд, ки онҳо рӯзгоре бо як ё ду китоб савод баровардаанд. Бояд гуфт, ки дар байни онҳо мутахассисони хуб ва соҳибмаърифатон кам набуданд. Гап сари он аст, ки ҳоло ҳамзабонон метавонанд ду ё се ё чор нафарӣ барои як шумораи «Овози тоҷик» обуна шаванд. Рӯзномаи «Овози тоҷик» яке аз воситаҳои омӯзиши забони меъёрӣ – адабӣ аст, дар он барои мактабиён низ маводи ҷолиб чоп мешавад. Биноан, мактабиёни тоҷик метавонанд аз синфи панҷ то синфи даҳ, ҳар синф дастаҷамъона барои як сол ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шаванд.
Дар ҷумҳурӣ соҳибкорон, фермерон ва саховатпешагони фарҳангу миллатпарвар кам нестанд. Онҳо саргарми кору бори худ шояд бехабар мемонанд, ки  рӯзномахонони камбизоат ба рӯзнома обуна шудан мехоҳанду вале имконият надоранд. Онҳоро ба кӯмак хондан айни муддаост. Бе ин ҳам соле ду-се чорвояшон, бар асари беморӣ ё офати табиӣ, талаф мегардад. Агар аз дарёи моддиашон як сатил об ба ташнагон бахшанд, оби дарё кам намешавад...   
Бино ба маълумоти оморӣ (статистика) дар кишвари мо 1,5 миллион тоҷикон умр ба сар мебаранд. Мардум агар бо ин усул аз минбари худ харидорӣ кунанд, бо назардошти аҳолии болиғ, теъдоди солонаи рӯзнома аз 10 ҳазор нусха мегузарад. Ҳол он, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» соли равонро бо 1200 нусха ҷамъбаст менамояд. Вазъият дар дигар рӯзномаҳои миллӣ низ хуб нест... Вале фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон дар ҷумҳурӣ аз рӯйи саршумори аҳолӣ дар ҷойи дуюм меистанд.
Дар урфият мегӯянд: «Нон афтад, кулча шавад, кулча афтад, ҳеч чӣ шавад». Воқеан, баъди поккориҳо, нонпаз метавонад аз нонхамири афтода кулчае созад, вале агар хамиркулча афтад, мавриди истифода қарор намегирад. Дар танӯри матбуоти ҷумҳурӣ «Овози тоҷик», бо назардошти он ки ҳафтае ду маротиба, бо теъдоди кам рӯйи чопро мебинад, ба масобаи кулча аст, ин мабод, агар афтад, аз он ҳеч чиз намемонад. 
Халқи банангу ори мо на як бору ду бор аз имтиҳонҳои ҳаёт сарбаландона гузаштааст. Биёед, ғизои маънавии мо аз танӯри матбуоти ҷумҳурӣ наафтад, онро дар ин лаҳзаҳои мушкилу тақдирсоз дастгирӣ кунем. 

Абдулло СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: