«НОНИ ГАНДУМ ҶО-ҶО»...

Китоби собиқадори соҳаи кишоварзӣ Талъат Абдуллоев, ки дар нашриёти «Fan bulogi» ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудааст, чунин ном дорад.

Китоби собиқадори соҳаи кишоварзӣ Талъат Абдуллоев, ки дар нашриёти «Fan bulogi» ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудааст, чунин ном дорад.
Нон яке аз неъматҳои асосии ғизои инсонӣ мебошад. Пас аз ихтирои ҳован гузаштагони мо донро бо қайроқсанг майда карда, ба ҳолати хамир оварда, болои санги тафсон ё қӯра пухтанро омӯхтаанд. Бо гузашти айём мардуми мо усули дар танӯр пухтани нонро ёд гирифтанд.
Нон ривояту ҳикоят, ситоишу пандҳо дорад, ки муаллифи китоб ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Масалан, яке аз онҳо қабл аз ақди никоҳи ҷавонон гузаронидани маъракаи «ноншиканон» мебошад, ки дар байни самарқандиён маъмулу машҳур мебошад. Ҳатто ҳангоми ба сафар баромадан ё ба меҳмонӣ рафтан нон гирифта бурдан ба анъана табдил ёфтааст.
Дар китоб чанд ривоят доир ба пухтани нони Галаосиё низ оварда шудааст, ки яке аз дигаре шавқоваранд. 
Китоби Талъат Абдуллоеви 80-сола ба оммаи васеи бостоншиносон, муҳаққиқон ва меҳмонон пешбинӣ шудааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: