НОНИ ШИРИН ВА САНГИНИ ЖУРНАЛИСТ

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт ҷамъомади Шӯрои журналистони собиқадори назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Нони ширин ва сангини журналист: эҷод, ҷустуҷӯ, изтироб, таҷриба ва маҳорат» баргузор шуд

Дар он аъзои шӯро ва Иттиҳоди эҷодии журналистон, донишҷуёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ, ҳамчунин ходимони ВАО иштирок карданд. 
Тавре ки таъкид гардид, пас аз қабули қарору фармонҳои Президент бинобар рушди журналистикаи кишвар ва беҳтар намудани фаъолияти Иттиҳоди эҷодии журналистон дар соҳа корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Алҳол дар назди иттиҳод нӯҳ шӯро фаъолият мебарад, ки Шӯрои журналистони собиқадор аз ҷумлаи онҳост. Дар ҷамъомад муовини раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Х. Салимов, раиси шӯро Ҷ.Раззоқов, ходими масъули Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон – ӮзА И.Абдухолиқов вобаста ба мавзӯъ, вазифаҳои шӯро ва журналистика, бурду бохт ва душвориҳои касби рӯзноманигорӣ ҳарф заданд.  
– Дар ин даврони шадид Иттиҳоди эҷодии журналистон хеле ҷоннок гардид. Аз ҷумла, баробари дигар шӯроҳо Шӯрои журналистони собиқадор низ таъсис ёфт, ки баргузор намудани мулоқоти ошкоро, ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани анъанаи устоду шогирд бо ҳамкасбон ва журналистони ҷавон аз вазифаҳои мост, – мегӯяд Ҷаббор Раззоқов. – Тавре ки маълум аст, асри XXI-ро асри илму техника меноманд. Аз ин рӯ, ҳоло дар дунёи муташанниҷ, аз ҷумла дар мамлакати мо низ бояд нақши журналист, матбуот, радиову телевизион ва Интернет боз ҳам баландтар гардад ва журналистон бояд ҳамқадами замон бошанд. Албатта, журналистони собиқадор таърихи зиндае мебошанд, ки рӯзноманигорони ҷавон бояд аз онҳо бисёр чизро омӯзанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд.    
Дар ҷамъомад журналисти собиқадор Ирисмат Абдухолиқов оид ба мавзӯи мавриди назар ва таҷрибаи ғании худ сухан кард. Вақтҳои охир теъдоди рӯзномаҳо хеле коҳиш ёфт, ки нигаронкунанда аст. Ин масъаларо чӣ хел бояд ҳаллу фасл кард? Ҳалли масъала дар дасти рӯзноманигорон аст, ё ба онҳо кӯмак лозим аст?!  Журналисти имрӯз бояд се чиз – маҳорат, ҷасорат ва башорат дошта бошад.
Дар ҷамъомад аъзои Шӯрои журналистони собиқадор бобати фаъолияти чандинсолаи худ маълумоти муфассал ва ба саволҳо ҷавоб доданд.  

М. МИРМАҲМАДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: