НОНИ ҲАЛОЛИ ОМӮЗГОР

Соли хониши гузашта мактаби миёнаи рақами 20-уми ноҳияи Шофиркон аз таъмири асосӣ баромад.

Дар арафаи оғози соли хониши нав — 31 августи соли 2021 дар ин ҷо маросими тантанавии ба истифода супурдани бино ба амал омад. Ба ин муносибат меҳмонон  аз Бухорою маркази ноҳия, маҳаллаю деҳа ташриф оварданд. Вақте сардори Садорати таълими халқи вилоят Дилфуза Мустафоева бо ҳамроҳонаш толору дарсхонаҳоро хушнудона дидан мекард, диққати ӯро намоиши корҳои эҷодии хонандагони мактаб аз фанни санъати тасвирӣ бештар сӯйи худ кашид. Вай ҳайрон монд, ки талабагони мактаби одии як деҳаи дурдасти канори дашт то чӣ андоза иқтидор доранд ва пурсид:
– Омӯзгори ин шогирдон кист?
– Қобил Орифов, – ҷавоб дод сардори мактаб.
– Бо ӯ мулоқот кардан мумкин аст? – таваҷҷуҳи худро пинҳон накард сардори садорат.
– Албатта, – гуфт директор ва омӯзгори санъати тасвирии  мактаб Қ. Орифовро  даъват намуд.
Фурсате нагузашта роҳбарону меҳмонон огоҳ гардиданд, ки ба туфайли меҳнатҳои пай дар пайи фидокоронаи омӯзгори заҳматкаш шогирдони мактаб дар давоми даҳсолаҳо дар озмунҳои ноҳиявию фанни санъати тасвирӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аҷибаш дар он, ки  Муноҷот Аслонова, Мафтуна Кенҷаева, Сабина Баротова (вай ҳоло донишҷӯйи ДДБ), Нурхон Каримов, Завур Умуров барин шогирдони дирӯзаи фаъоли Қобил Орифов аллакай чанд сол ин ҷониб баъди хатми мактаби олӣ (шуъбаи графикаи бадеӣ) ҳамроҳи вай ё ки дар таълимгоҳҳои гирду атроф ба шогирдон аз фанни санъати тасвирӣ сабақ меомӯзанд.
– Шумо муаллим Қ. Орифовро то ҳол ба ягон мукофот тавсия кардед? – ба мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия рӯ овард. Д. Мустафоева.
– ...
– Ҳуҷҷатҳои ин омӯзгорро фавран тайёр карда ба мо пешниҳод кунед, – супориш дод вай.
Ҳамин тариқ, дере нагузашта дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён омӯзгори тоифаи олии мактаби миёнаи собиқ тоҷикии ба номи Берунии пештара Қ.Орифов сазовори нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» гардид. 
***
Қобил Орифов дар хонадони колхозчиёни одӣ Кенҷа Орифов ва Ҳафиза Кенҷаева ҳамчун фарзанди дуюми хонадон ба воя расид. Падараш раҳматӣ Кенҷаамак инсони меҳнатии хоксор, механизатори номдор, соҳиби ордену медалҳои замон буданд. Қобил байни ҳашт нафар бародарону хоҳарон ва додарон дар муҳити меҳнатдӯстӣ калон шуд. Ин фазилат аъзои ҳамаи хонадонро комёб гардонд.
Қобил Орифов баъди хатми мактаби тоҷикии деҳа худи ҳамон сол ба факултети графикаи бадеии Институти давлатии педагогии Бухоро дохил шуд ва баъди панҷ соли таҳсил сарбаландона онро хатм кард. Дар ин миён ду сол хидмати ҳарбиро низ ба ҷо овард. Фаъолияти меҳнатии вай соли 1989 дар мактаби азизаш оғоз ёфта, соли 34-ум аст, ки ҳамоно баҳри таълиму тарбияи фарзандони деҳа масъулиятшиносона заҳмат мекашад. Аз бозёфтҳои технологияи таълиму тарбияи замон огоҳ гардида, аз хусуси фаъолияти касбии худ низ дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ мақолаҳо менависад. Вақти зиёдашро баҳри таълиму тарбияи наврасон, нумӯъёбии муғҷаҳои истеъдод сарф мекунад. Азбаски деҳқонзода асту дар деҳа буду бош дорад, бо зироатпарварӣ, нигоҳубини боғу чорбоғ низ машғул шуда, баҳри таъмини оила азму кӯшиш менамояд. 
Гуфтан ҷоиз аст, ки вай соли 2010 дар озмуни вилоятии «Омӯзгори сол» иштирок карда, соҳиби ҷойи дуюм гаштааст.
Ӯ ҳар гоҳ, ки  корҳои эҷодии шогирдонашро дар саҳифаҳои нашрияҳои «Булбулча», «Билимдон», «Эркатой» бинад, сараш ба осмон мерасад.
Омӯзгор ҳоло бо ҳамсари  меҳрубонаш  се фарзандро табъи дил ба воя расонда, онҳоро дар рӯзгор комёб гардондааст. 
Онҳо хуб медонанд, ки меҳнатдӯстию садоқат ба касб на фақат инсонро ба мақсад мерасонад, балки ӯро байни мардум сарбаланд низ месозад. 

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: