ШУКРИ ВАТАН
Нормурод КАРИМЗОДА
ШУКРИ ВАТАН
Шукри Ватан, нону ҷон,
Зиндагии шодмон.
Шукри Худованди пок,
Сабзаву оби равон.
Шукри шараф, нангу ном,
Ҳамдилӣ бодо мудом.
Гул кунад одамгарӣ,
Дӯстии бардавом.
Шукри падар, модарон,
Насли ҷавон – ворисон.
Шукри қазову қадар,
Тинҷии аҳли замон.
Шукри ниёгони мо,
Умри бақо, босафо.
Шукри камоли хирад,
Маҳфили назму наво.
Шукри сухан, анҷуман,
Тантанаи рӯҳу тан.
Шукри умеду ҳаёт,
Ин ҳама баҳри Ватан!
АВҶУ БАРОРАМ ТУ
Забони модариям, аз ниёгон ёдгорам ту,
Нишотам, эҳтиёҷам, баргу борам, ифтихорам ту.
Парешонем дар ақсои олам бо дили дарё,
Ливои ваҳдатам, ҷӯшу хурӯши чашмасорам ту.
Агар коми маро бардошт модар бо калому шир,
Яқин рӯҳу равонам ту, нумӯи иқтидорам ту.
Туӣ лаъли Бадахшонам, туӣ мавҷи Зарафшонам.
Навои тору танбӯрам, хати авҷу барорам ту,
Китоби таърих аз авроқи заррин маъниборон аст,
Зи ҳар як шеваи шевои миллат зарнисорам ту.
Садои ганҷи фарҳангӣ, мунаққаш дар варақ, сангӣ,
Камоли бурдбориҳо – шиорам ту, ҳисорам ту.
Забони пуршукӯҳу пойдори суғдиён астӣ,
Аз он аҳди қадим анбози сӯгу ёр-ёрам ту.
Ғазал дилро ба ҷӯш орад зи ишқи маҳваши хушгӯ,
Манам сармасти гуфтори дарӣ – дар ихтиёрам ту.