Носипос

(Тамсил)

Ниҳолаке аз бехи ток сар боло кард. То даме, ки ниҳол қад мекашиду ба ёрӣ мӯҳтоҷ буд, ток онро нигоҳубин мекард. Обу ғизоеро, ки ба ток дода мешуд, баробар тақсим мекарданд. Аз шамолу боронҳои сахт ток сипар, гармии офтоб бошад, соябони сари ниҳолак буд. Ниҳолак бошиддат нашъунамо мекард. Аз зебоии худ дар курта намеғунҷид. Ток ҳамоно сарпарастии ниҳолакро ба ӯҳда дошт. Ниҳолак дарахти сершоху барг шуд. Акнун чун рӯзҳои аввал аз ток бо нигоҳи имдодталабона ёрӣ намепурсид. Ҳар қадар ки мехост обу ғизо мегирифт. Майдони қадкашии ток торафт тангтар мешуд. Ба ин ҳам қаноат карда, обу ғизо меёфт ва вақташ, ки расид, ғӯрачаҳо хӯшаҳои калони ширин мешуданд. Агар дарахт бо шоху баргаш роҳи нурҳои офтобро намегирифт, ҳеҷ гап набуд. Аммо чунон паҳну парешон шуда буд, ки офтоб базӯр ба баъзе навдаҳои ток мерасид. 
Хӯшаҳои зарду сурхи ҷилодори токро дида, дарахт даруни худро мехӯрд. Мехост навдаҳои худро паҳнтар кунад. Ток дигар тоқат карда натавониста, ба ҳамсояаш, яъне дарахт таъкид кард, ки каме ҷафстар шуда истад ва пеши офтобро нагирад. Дарахт токро писанд накарда, шохҳояшро паҳнтар кард. Ток ба ин низ тоб оварда, дар вақту соати мувофиқ ғӯрачаҳо ва баъди каме обу ғизо хӯшаҳои зарду сурхи ҷилодор ба бор овард. Он дарахт то ҳанӯз нури офтоб ва обу ғизоро ба худаш гирифта, қад афрохта истодааст, вале оё шохҳои азимаш борвар мешуда бошанд?..

Саодат САНГИНОВА, 
омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 82-и ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: