НОҲИЯҲОИ ДУРДАСТ СОҲИБИ КӮДАКИСТОНИ МОБИЛӢ МЕШАВАНД

Бо ташаббуси Агентии таълими томактабӣ чанд автобуси тамғаи «ISUZU HC 40» ба вилоятҳои ҷанубии кишварамон – Қашқадарё ва Сурхондарё фиристода шуд, ки барои кӯдакони деҳоти дурдаст ба сифати кӯдакистонҳои рӯзона хидмат мекунанд.

Ин иқдом таҳти як лоиҳаи хос сурат гирифт, ки  ба гурӯҳҳои мобилии «Ақлвой» марбут мебошад.
Лоиҳаи мазкур як ҳалли инноватсионист, ки ба кӯдакони ноҳияҳои кӯҳистону деҳоти дурдаст ва душворгузар имкон медиҳад, то аз таълими босифати томактабӣ бархурдор шаванд. Метавон гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба тариқи санҷиш муқаддам чанд автобус ба шаҳру ноҳияҳои Қароқалпоқистон (16 адад) фиристода шуд, ки ҳоло дар ин автобусҳо кӯдакон ба таҳсилу тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ба ин ташаббуси нек бо қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ аз соли 2019 ҳусни оғоз бахшида шудааст. 
Автобусҳои мазкур бо кумаки бевоситаи ҶС «Ӯзавтосаноат» ташкил карда шудааст. Дохили ҳар як автобус бо ҷиҳози зарурӣ ва маводи мавриди эҳтиёҷ муҷаҳҳаз шудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи таҷрибавии мазкур дар 40 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ҷумҳурӣ 44 майдончаи муҷаҳҳаз ташкил карда шуда, тақрибан 1 ҳазору 600 кӯдаки аз 3 то 7 сола дар чунин гурӯҳҳои мобилӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Онҳо кӯдаконеанд, ки дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд ва ба муассисаҳои таълимии томактабӣ намераванд.
Ғайр аз ин, соли 2021 барои кӯдакони чунин минтақаҳо 98 майдонча сохта шуд, ки бо тамоми анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар маҷмӯъ 49 автобуси муҷаҳҳаз  ба як қатор минтақаҳои кишварамон фиристода мешаванд.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур 294 гурӯҳи сайёр таъсис дода шудааст, ки бо кумаку фаъолияти 195 нафар (65 ронанда, 130 мураббӣ ва ёрдамчиёни онҳо) 4 ҳазору 704 нафар кӯдак мавриди таълиму тарбия қарор гирифтаанд. 
Бар асоси марҳилаи навбатии лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Кӯқдала, Китоб ва Деҳқонободи вилояти Қашқадарё бо истифода аз 3 автобуси «ISUZU HC-40», инчунин дар ноҳияҳои Бандихон, Деҳнав, Олтинсой ва Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё 6 майдонча ташкил карда мешавад. Дар ихтиёри ин кӯдакон 4 автобус  низ ба сифати кӯдакистони мобилӣ қарор дода мешаванд. Дар натиҷа, бо таъсиси 42 гурӯҳи сайёр 672 кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Самараи ин таҷриба хеле нек ва пурбор аст ва дар оянда минтақаҳои дигари кишварамонро низ фаро хоҳад гирифт. 

Шаҳноз ТӮРАЕВА, 
мутахассиси бахши матбуоти
Агентии таълими томактабии
Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: