Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 июн бо бунёдкориҳо ва лоиҳаҳои бузурге, ки дар шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегарданд, шинос гардид.
Роҳбари давлатамон аввал ба майдони сохтмони маркази тиҷоратии «Tashkent City» ташриф овард.
Маркази мазкури тиҷорати байналхалқӣ дар ҳоли тақсим намудан ба 7 лот бунёд карда мешавад. То айни ҳол дар ҳаҷми 7 миллион метри мукааб корҳои хокӣ иҷро гардида, таҳкурсии беш аз 50 бино гузошта шуд. Имрӯз бастҳои бетонӣ ва конструксияҳои баранда васл карда шуда, шабакаҳои муҳандисӣ кашида мешаванд.
Лоти панҷум, ки Конгресс-холл ва меҳмонхонаи Hilton сохта мешавад, яке аз майдонҳои пешқадам ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо корҳо бинобар васли конструксияҳои оҳанубетонӣ ва металлӣ, бомпӯшӣ ба анҷом расида, беш аз ҳаштод фоизи ҳаҷми сохтмон ба охир расидааст. Ҳоло шабакаи электр васл карда шуда, ороиши дохили хонаҳо ва корҳои механикӣ иҷро карда мешаванд.
Ба сарвари давлатамон дар бораи иҷрои супоришоте, ки ба онҳо дар рафти ташрифи пешина дода шуда буданд, маълумот доданд. Аз ҷумла, дар бинои боҳашамати Конгресс-холл барои ташкил намудани ҳама гуна чорабиниҳои байналхалқӣ шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин ҷо ҳамоишҳои бузург, инчунин анҷуманҳои бунуфуз дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронда мешаванд. Барои намояндагони ҳайатҳои сершумор, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, кормандони хидматрасонанда қулаиҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Президент инчунин ба меҳмонхонаи панҷситорадори Hilton-и шафати Конгресс-холл, ки аз 21 ошёна иборат мебошад, ташриф овард. Дар ин ҷо бо сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ суҳбат орост.
«Tashkent City» дар тамоили шаҳрсозӣ ва сайёҳӣ беҳтарин таҷрибаро дар худ таҷассум менамояд. Хусусан боғе, ки фаввораи мусиқии 60 метрӣ дар маркази он ҷойгир гаштааст, боз як объекти сайёҳӣ мегардад. Боғе, ки дар асоси ороиши манзара сохта мешавад, кӯли сунъӣ, гулзор ҷой гирифта, ба манзараи маҷмӯа ҳусни дигаргуна мебахшад.
Сарвари давлат бинобар дар Конгресс-холл ва меҳмонхона ба роҳ мондани сервиси дараҷаи олӣ супоришҳо дод.
Президентамон бо сохтмони маркази тамаддуни исломӣ шинос шуд.
Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли гузашта ба таҳкурсии сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон санги аввалини рамзӣ гузошта буд. Моҳи декабр ба ин ҷо бори дигар ташриф оварда, бинобар давра ба давра, дар асоси манбаву ашёҳои бар ҳар як аллома оид намоиш додани таърихи кишварамон, такмил додани сохтмон тавсияҳо дода буд.
Дар тӯли давраи гузашта дар ин ҷо корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ амалӣ гардонда шуданд. Қисми асосии иморат сохта шуда, дар айни ҳол конструксияҳои металлии бом васл карда мешаванд.
Лоиҳаи маркази сеошёна дар асоси услуби шарқона буда, аз он толорҳои маросимҳо ва намоишгоҳҳои муваққатӣ, шуъбаи таъмири дастхатҳои қадимӣ ва осори атиқа, хонаҳои нигоҳ доштани манбаҳои таърихӣ ва ашёҳо, китобхона ҷой хоҳанд гирифт. Дар маркази мутаносиби бино толори Қуръони Усмон ҷой гирифтааст. Маркази ахбору захира, кафедраҳои илмӣ ва хонаҳои дигар аз ошёнаи болоӣ ҷой мегиранд.
Имрӯз ба ороиши намо ва зебу зинати бадеии толорҳо, корҳои керамикӣ тайёрӣ дида мешавад. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони фаронсавӣ бинобар барпо намудани дизайни ландшафти ҳудуд лоиҳа тайёр карда мешавад.
Президентамон сохтмонро аз назар гузаронда, бо намуди дохилӣ ва берунии бино, намунаҳои барои рангҳои гумбаз интихобшуда шинос шуд. Таъкид гардид, ки маркази мазкур бояд ба маскани илмиву маърифатӣ табдил ёбад, ки мероси алломаҳои бузурге, ки ба рушди дини ислом ҳиссаи бузург гузоштаанд, омӯзонда, моҳияти аслии динамонро ба халқамон расонад.
Ду муассисаи таълими олӣ ва ҳафт омӯзишгоҳи миёнаи махсуси динии кишварамон дар ин ҷо «ҷӯш зананд», ба онҳо ҳам ҷой бояд дод. Чунки илм дар ин ҷо ғанӣ гардонда мешавад, талабагон донишҳояшонро бо далелҳои пурарзиши ба мероси аҷдоди бузургамон алоқаманд мустаҳкам менамоянд, гуфт роҳбари давлатамон.
Барои он ки мероси бузурги алломаҳоямонро дар қалби авлоди ҷавон ҷойгир намоем, тавсия дода шуд, ки ба толорҳо ҳайкалҳои онҳо, кашфиётҳои илмӣ, нусхаи дастхатҳо, ашёҳои таърихӣ оиди ҳамон давр гузошта шаванд. Ин дар ҷамъият бобати мустаҳкам намудани тамоюли «Бар зидди ҷаҳолат бо маърифат» аҳамияти муҳим касб менамояд.
Ба воситаи ин марказ мо саҳмеро, ки халқамон ба рушди илм, маърифат ва маданият гузоштаанд, нақш бандонданием, чунин мероси бузургро ба халқамон, ҷавононамон расонданием. Маркази тамаддуни исломӣ бояд барои ин гуна муассисаҳо пойгоҳи фундаменталӣ гардад. Бояд фаъолияти марказ бо ҷараёни таълим дар Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон ҳамоҳанг бошад, донишҷӯён курсҳои охирро дар ин ҷо хонда, омӯзгорон ихтисосашонро такмил диҳанд, таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Дар ҳамин ҷо дар назди боғи маданият ва истироҳати ба номи Абдулло Қодирӣ лоиҳаи музейи адиб ва ба номи ӯ барпо гардидани мактаб муҳокима гардид. Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар мактаби мазкур муҳити ба даҳои нависандаи бузург хос бояд вуҷуд дошта, онҳое, ки дар ин ҷо таълим мегиранд, бояд чунин тарбия ёбанд, ки ба адабиёти миллиамон меҳри махсус дошта бошанд. Ба мутасаддиён дар бобати такмил додани лоиҳа супоришҳо дода шуд.
Президентамон соли ҷорӣ ҳангоми суханронӣ дар маросими тантанавӣ бахшида ба 9 май – Рӯзи хотира ва қадр таъкид намуда буд, ки соли оянда пеш аз ҷашни 75-солагии Ғалаба дар яке аз масканҳои зеботарини шаҳри Тошканд бахшида ба ин санаи пуршараф боғи бузурги Ғалаба барпо карда шавад.
Айни ҳол дар 11,6 гектар майдони ноҳияи Олмазор бунёд намудани ин боғ ба нақша гирифта шудааст.
Мақсад аз барпо намудани боғи Ғалаба аз пурзӯр гардондани ҳисси ифтихори ҷавонон аз таърих ва маданиятамон, абадӣ гардондани қаҳрамониҳои падару бобоҳоямон иборат мебошад.
Ин боғ бояд ҳиссаи халқамонро ба ғалабаи бузург намоиш дода, қаҳрамониҳои падарону бобоёнамонро абадӣ гардонад. Дар ин ҷо муҳити Ҷанги дуюми ҷаҳон вуҷуд дошта, дар бораи ҷангҳое, ки ҳамватанонамон иштирок намудаанд, бояд маълумотҳо инъикос ёфта бошанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар қисми даромадгоҳи боғ гузоштани пештоқи Ғалаба ба назар гирифта шудааст. Дар пеши ҳайкали Собир Раҳимов амфитеатри конструксияи сабук, саҳнаи калон сохта мешавад.
Дар боғ маҷмӯъҳои композитсионие, ки манзараҳои давраи ҷанг, аз ҷумла, хандақ ва паногоҳи болопӯшида, чодарҳо, ошхонаҳои саҳроӣ ва лаҳзаҳои дигарро инъикос менамоянд, сохта мешаванд. Намоишгоҳи техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои ҳамон давр вазифаи музейи осмони кушодро иҷро менамояд. Дар ҳудуди боғ музей, китобхона, кинотеатр барпо карда, ҳудуди Wi-Fi, тайёрии ҳарбӣ ва варзиш, инчунин сайргоҳ ташкил карда мешавад.
Ба сифати рамзи матонати зани ӯзбек бахшида ба Зулфия ая Зокирова, панҷ нафар фарзанди аз ҷанг барнагаштаи ӯ, инчунин чор нафар арӯси бевамондааш маҷмӯи ёдгории «Мадҳияи матонат» гузошта мешавад.
Мазмуну маъно, экспозитсияи боғ амиқ фикр карда шавад. Он натанҳо дар рӯзҳои ид, балки дар давоми сол кор кунад. Ҷавонони ба ин ҷо омада илҳому руҳ гиранд, ифтихор намоянд, ба қадри ҳаёти осоиштаи имрӯза расида, ҳисси ватанпарвариро мустаҳкам кунанд, гуфт Президент.
Ба вазоратҳои мудофиа ва маданият, Академияи фанҳо, Академияи бадеӣ, ҳокимияти шаҳри Тошканд супоришу тавсияҳо дода шуд, ки бо таърихнигорон ва ҷомеа маслиҳат карда, лоиҳаи консепсияи боғи Ғалабаро такмил диҳанд.
Лоиҳаҳои мазкури бузург, ки дар шаҳри Тошканд татбиқ мегарданд, барои ба сифати маркази илмиву маърифӣ, маданӣ ва тиҷоратӣ боз ҳам вусъат додани нуфузи пойтахтамон хидмат мекунанд.
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,
мухбирони ӮзА.