НУКТАҲО

Соҳиби эҳсос будан – бахт, эҳсосотро ба накӯӣ хидмат кунондан – шарафи олӣ.

**
Боксчӣ мушт хӯрда бошад ҳам, пул меёбад. Вале эҷодкор «калтак» хӯрда ҳам чизе наёфтанаш мумкин.
***
Устоди ҳақиқӣ ба комёбие, ки худаш ноил нашуд, ноил шудани шогирдашро мехоҳад.
***
Фақат инсонҳое, ки дили зебо доранд, дунёро зебо дидан мехоҳанд.
***
Нафистарин гул дар замин не, дар дил мерӯяд.
***
Журналистони воқеӣ ҷанговареро монанд, ки шамшер доранду сипар не.
***
Масхара нашавам гӯед, дар назди бандаҳои нафс аз эҷоди худ даҳон накушоед.
***
Худи қалам сиёҳ, вале кори сафед мекунад.
***
Оне, ки ҳис надорад, на эътиқод дорад, на эҳтирос.
***
Маҳорат, истеъдод ва эҷод на миллат интихоб мекунад, на мансаб, на шаҷара ва на синну сол – худодод ҳастанд ин чизҳо.
***
Мутолиаи китоби олим назар ба зиёрати қабри ӯ савобтар.
***
Сахттарин фоҷиаи эҷодкор – назди дигарон таъриф кардани асари худ.

Бобониёз ҚУРБОН,
рассом.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: