ЧАРОГОҲҲОРО ЧӢ ХЕЛ ҲИФЗ БОЯД КАРД?
Бо ташаббуси як гурӯҳ депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонун «Дар бораи чарогоҳҳо» таҳия шуд.
Хӯш, рӯзмаррагии лоиҳаи қонуни мазкур, ки 7 январи соли 2019 дар ҷамъомади палатаи поёнии парлумон дар қироати якум баррасӣ гардид, дар чӣ ниҳон аст?
Дар айни ҳол муносибатҳо оид ба истифода бурдан аз чарогоҳҳо ва ҳифзи онҳо ба воситаи як қатор қонунҳои соҳа, хусусан, Кодекси замини Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қонунҳо «Дар бораи хоҷагии фермерӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ», «Дар бораи ҳифзи олами растаниҳо ва истифода бурдан аз онҳо», «Дар бораи ҷангал», инчунин беш аз даҳ ҳуҷҷати зерқонунӣ ба танзим оварда мешаванд.
Инвентаризатсияи ҳуҷ-ҷатҳои меъёриву ҳуқуқии зикршуда ва таҳлили таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ нишон медиҳанд, ки дар мамлакатамон дар соҳаи оқилона истифода бурдан аз чарогоҳҳо як қатор мушкилоти муҳими ҳалталаб, холигиҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳое мавҷуданд, ки бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим оварда шаванд.
Ба тариқи маълумот гуфтан мумкин аст, ки то 1 январи соли 2018-ум майдони умумии чарогоҳҳо ва ҷойҳои алафдаравӣ дар ҷумҳурӣ 21,1 миллион гектар, ё ки 46,5 фоизи майдони замини мамлакатро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо дар ин майдонҳо беш аз 300 хоҷагии фермерӣ дар самти чорвопарварӣ ва қоракӯлпарварӣ фаъолият нишон медиҳанд. Онҳо пӯсту мӯинаи қарокӯл, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ расонда медиҳанд.
Аммо аз сабаби мавҷуд набудани механизми самарабахши ҳуқуқӣ бинобар истифодаи чарогоҳҳо, қабул нашудани қонуни махсус, ки муносибатро дар ин соҳа ба тартиб орад, аниқ муайян карда нашудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ бинобар оқилона истифода бурдан аз чарогоҳҳо, андешида нашудани чораҳои дахлдори зарурӣ, аз ҷумла, муайян карда нашудани меъёру нақшаҳои парвариши чорво ва алафдаравӣ, ҷорӣ нагардидани коркардҳои илмиву тадқиқотӣ ва инноватсионӣ, дар натиҷаи куҳна шудани иншоотҳои мавҷудаи таъминоти об ҳолати чарогоҳҳо сол аз сол бадтар мегарданд.
Дар тӯли 35-40 соли охир дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифода бурдан аз чарогоҳҳо дар чорвопарварии кӯчманчигӣ, дар чарогоҳҳо барзиёдатӣ чаронидани чорво ва таъсирҳои дигари антропогенӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми озуқаи чорво ва бӯҳрони чарогоҳҳо ба миён меоянд.
Агар дар солҳои 90-ум дар чарогоҳҳо 274 намуди растаниҳоро дида бошем, ҳоло аз онҳо ҳамагӣ 42 намудашон боқӣ мондаанд, халос. Намудҳои боқимонда дар натиҷаи ба ҳоли худ гузоштан, истифодаи бесарусомон ва пайҳон намудани чарогоҳҳо несту нобуд шуданд. Ба корҳо бинобар аниқ намудани чарогоҳҳо, ки ба буҳрон дучор шудаанд, барқарор намудани онҳо ва кишти зироати хӯрока барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба дараҷаи бояду шояд эътибор дода нашудааст.
Ба мақсади ҳаллу фасл намудани вазифаҳои болоӣ ва таъмин кардани вазифаи устувор ва нақши амволи хусусӣ дар соҳаи чорвопарварӣ, самарабахш истифода бурдан аз чарогоҳҳо, васеъ гардондани ҳаҷми истеҳсолот ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти чорвопарварӣ зарурати коркарди лоиҳаи қонун доир ба чарогоҳҳо торафт баланд мегардад.
Мақсад ва вазифаҳои лоиҳаи қонуни мазкур, ки дар асоси нақшаи кор бинобар эҷоди қонун барои солҳои 2015-2019 Кумитаи оид ба масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии оби Палатаи қонунгузорӣ коркард намудааст, ниҳоят калон мебошад. Якум, ҳуқуқи молиро нисбати чарогоҳҳо ва намудҳои онҳо, идоракунии давлатии соҳаи мазкур, ваколатро дар соҳаи истифода ва ҳифзи чарогоҳҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатӣ оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба хоҷагии ҷангал, Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаяйн бояд намуд.
Баробари ин, бо лоиҳаи қонун ба тартиб овардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо, иштироки мақомоти худидораи шаҳрвандон, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва шаҳрвандон дар таъмини истифода ва ҳифзи чарогоҳҳо ба назар гирифта шудааст. Дар ҳуҷҷат тартиби додани рухсат барои истифодабарӣ аз чарогоҳҳо, таъмин кардани ҳифзи онҳо, истеҳсолоти такрорӣ ва барқароркунӣ, дар ин соҳа пеш бурдани назорати давлатӣ, механизмҳои ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳ доштани самарабахшии чарогоҳҳо ва тартиби ҳуқуқии ташкили инвентаризатсия ва мониторинги чарогоҳҳо нигаронда шудааст, дақиқ муайян карда мешавад.
Бо қабули қонун механизмҳои ташкиливу ҳуқуқии оқилона истифода бурдан аз чарогоҳҳо фароҳам оварда мешаванд, ки қариб ними майдонҳои умумии мамлакатро ташкил медиҳад. Ҳол он ки бинобар муайян намудани чарогоҳҳое, ки ба буҳрон рӯ овардаанд, барқарор намудани онҳо, кишти зироати озуқа барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ корҳо ташкил карда мешаванд. Барои афзун гардондани захираҳои озуқаворӣ, ба аҳолӣ расонда додан ва содироти маҳсулоти гӯшту шир имкониятҳои нав пайдо мешавад. Коркардҳои илмиву тадқиқотӣ ва инноватсионӣ, ки ба ҳифзи чарогоҳҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо нигаронда шудааст, ҷорӣ карда мешаванд.
Шерзод РАҲИМОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.