Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шиносоӣ бо бозсозиҳои ҷорӣ дар минтақаҳо, ҳаёти аҳолӣ, муайян намудани нақшаҳо барои истиқбол 17-18 июн аз вилояти Андиҷон боздид ба амал овард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шиносоӣ бо бозсозиҳои ҷорӣ дар минтақаҳо, ҳаёти аҳолӣ, муайян намудани нақшаҳо барои истиқбол
17-18 июн аз вилояти Андиҷон боздид ба амал овард.
Дар рӯзи дуюми ташриф дар шаҳри Андиҷон бо иштироки ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои давлатӣ, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, фаъолони ҷамъиятӣ машварат баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳолати кунунии вилояти Андиҷон баҳо дод ва вазифаҳоро бинобар рушди ҳамаҷонибаи минтақа муайян кард.
–Мақсад аз сафари мо ба Андиҷон таҳлил кардани мушкилоти мардум, дақиқ намудани нақшаҳо, афзун сохтани даромад ба сари ҳар аҳолӣ, беҳтар намудани шароити ҳаёт дар маҳаллаҳо мебошад. Моро зарур аст, ки ба ҳар кадом натиҷа бо нуқтаи назари танқидӣ нигоҳ кунем. Бояд дарк намоем, ки боз чи гуна «нуқтаҳои рушд»-и Андиҷон мавҷуданд, мардумро чӣ ба ташвиш овардааст ва барои ин чораҳои дахлдор қабул кунем. Роҳбарони мақомоти иҷроия ва депутатҳои маҳаллиро зарур аст, ки ҷаҳонбинии худро тағйир диҳанд. Агар онҳо ҷаҳонбинии худро дигаргун карда, фидокорона меҳнат намоянд, ҳама чиз ба хубӣ тағйир меёбад, – гуфт Президент.
Ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, коҳиш додани нодорӣ, ташкил кардани ҷойҳои корӣ эътибори махсус дода шуд. Қайд гардид, ки имкониятҳо дар 882 маҳаллаи вилояти Андиҷон омӯхта, дар пояи намудҳои таърихии фаъолияти аҳолӣ «нуқтаҳои рушд»-и самарабахш, аз ҷумла ҳунармандӣ, хоҷагии боғ, боғпарварӣ, гулпарварӣ ва паррандапарварӣ муайян карда шуданд. Ба ҳар як маҳалла соҳибкорон вобаста мегарданд ва барои онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Роҳбарони вазорат, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, бонкҳо ва секторҳо, ки ба ҳар як ноҳия ва шаҳр вобаста карда шудаанд, барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ ва инкишофи соҳибкорӣ дар асоси кор аз рӯйи низоми «маҳаллабай» шахсан ҷавоб медиҳанд. Мақсад аз ин кор баланд барпдоштани дараҷаи шуғл ва даромади аҳолӣ, бартарафсозии қашшоқӣ дар мамлакат мебошад.
Сарфи назар аз он ки ҳоло ҳозир «нуқтаҳои инкишоф»-и аксарият маҳаллаҳо муайян гаштаанд, ҳанӯз 100 маҳалла бо ихтисоси худро муайян накардааст. Бинобар ин барои инкишофи ин маҳаллаҳо ҳокимияти вилоят ва маҷмӯи иқтисодӣ ҷавоб медиҳад.
Президент дар бораи аз кор холӣ кардани 5700 роҳбар ва ходимони маҷмӯи иқтисодии вилоят ва таъин намудани онҳо ба муҳлати се моҳ чун иҷрокунандаи муваққатӣ хабар дод. Дар ин муддат онҳо бояд ба ҳар як хонадони маҳаллаҳои мазкур рафта, ҳаёт, имконот ва талаботи сокинони онҳоро омӯзанд. Аз рӯи натиҷаи корашон маълум хоҳад гардид, ки онҳо оё дар вазифаҳои худ мемонанд ё не.
– Барои онҳо се моҳ муддати озмоишӣ хоҳад буд, ки дар ин муддат онҳо бе маош кор мекунанд. Агар собит кунанд, ки ба халқ, Ватан, ноҳия ва маҳалла содиқанд, чунин ҳисоб мекунем, ки онҳо аз имтиҳон гузаштанд. Онҳо дар соҳаи худ ба чӣ қодиранд? Мо молики қувваи бузургем, аммо роҳбарони мақомоти иҷроия, муовини Сарвазир Ҷ.Қӯчқоров, муовини аввали ҳокими вилоят қодир нестанд, ки ин қувваро ба кор андозанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки ба қарибӣ дар ноҳияи Избоскан бо Умедахон Усмонова вохӯрд, ки ӯ сарфи назар аз вуҷуд надоштани шароит дар хона, бо паррандапарварӣ машғул аст, ҳатто дар меҳмонхонааш мурғпарварӣ намуда, онро ба аҳолӣ тақсим мекунад. То имрӯз ӯ 25 ҳазор сар мурғи хонагиро тақсим кардааст.
– Коре, ки дар маҳаллаи Урганҷи ин соҳибкорзани шуҷоъ анҷом медиҳад, к» барои вай 5 миллиард сӯм кредити бефоиз медиҳад. Барои вай мо боз як туҳфа дорем – ҳозир дар назди шумо ман ба Умедахон ордени «Меҳнат шуҳрати»-ро месупорам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад фармони Презщидент дар бораи мукофотонидани Умедахон Усмонова бо ордени «Меҳнат шуҳрати» қироат гардид.
Роҳбари давлат мукофоти олиро ба ин зани шуҷоъ тантанавор супурд. Ҷамъомадагон бо чапакзании бардавом ин ташаббуси Президентро истиқбол намуданд.
Ғайр аз ин соли равон аз Бунёди таҷдид ва тараққиёт барилова 100 миллион доллар барои дастгирии тиҷорати хурду миёна ва бо маблағтаъминкунии лоиҳаҳои сармоявии минтақа ҷудо карда мешавад.
Дар солҳои 2021-2022 дар вилоят 584 лоиҳаи сармоявӣ ба маблағи тақрибан 20 триллион сӯм татбиқ мегардад, 60 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд. Саноати бофандагӣ, сохтмон, электротехника, чарму пойафзор, хӯрокворӣ ва доруворӣ муҳаррикони пешрафт муайян гардиданд.
Соли равон дар корхонаҳои «Асака текстил»-и ноҳияи Асака ва «Зумрад текстил»-и ноҳияи Ҷалақудуқ, корхонаи семонбарорӣ ва кластери маводи сохтмони ноҳияи Хӯҷаобод, ҳамчунин корхонаи истеҳсоли сӯзандору дар минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷонфарм» иқтидорҳои нав ба кор супурда мешаванд.
Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ низ вазифаҳо мушаххас гардиданд. Аз ҳисоби иҷораи такрории 70 ҳазор гектар замин, ки аз ҳосили ғалла холӣ шудаанд, метавон 220 ҳазор шахси бекорро бо шуғл таъмин кард.
Роҳбари давлат ба имкониятҳои гулпарварӣ эътибори махсус дод.
Бинобар маълумот аз парвариши орхидея дар 10 сотих замин метавон то 850 миллион сӯм, аз нигоҳубини лилия то 450 миллион сӯм, аз парвариши пион то 320 миллион сӯм даромад кард.
Вобаста ба ин супориш дода шуд, ки корхонаи «Гулбоғи Андиҷон» дар ноҳияи Андиҷон ба кластер табдил дода шуда, дар 30 гектар майдони он боғи гулҳо ва рустаниҳои манзаравӣ барпо карда шавад, ҳамчунин дар назди Маркази таълими касбии ноҳияи Шаҳрихон мактаби гулпарварӣ ташкил гардад. Зарурияти сохтани гармхонаҳо ва дастгирӣ намудани гулпарварӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ таъкид гардид.
Дар машварат ба беҳтар кардани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимои минтақа эътибори махсус дод.
Дар вилоят корҳои васеъмиқёси созандагӣ иҷро мешаванд. Чунончи, 271 адад хонаи бисёрошёна ва 2,5 ҳазор манзилҳои шахсии ипотекӣ бунёд меёбанд. Барои хариди 2710 ҳуҷра ҷудо кардани субсидия пешбинӣ шудааст.
Соли равон 460 километр шабакаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва 1147 километр хати электрӣ сохтаву таъмир карда хоҳанд шуд. Дар соҳаҳои таълим ва нигаҳдории тандурустӣ низ татбиқ сохтани нақшаҳои бузург дар назар дошта шудааст. Соли ҷорӣ 30 мактаб таъмир мегардад ва 13 мактаби махсус бо омӯзиши амиқи фанҳои математика, кимё ва биология, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ кушода мешаванд.
Супориш дода шуд, ки 4 поликлиникаи оилавӣ ва 9 бунгоҳи тиббии оилавӣ кушода шавад. Муҳимияти санҷиши тиббии 1,5 миллион сокинон, аз ҷумла санҷиши маммографӣ ва ултрасадоии зиёда аз 300 ҳазор бонувон таъкид гардид.
Дар бораи дар минтақа таъсис додани бунёди махсуси кӯмак ба аҳолие, ки ба ҷарроҳиҳои мураккаб ниёз доранд, ташаббус пеш гузошта шуд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳаллу фасли бонизоми мушкилоти ҷавонон ва занон, тайёрии касбӣ ва бошуғлфарогирии онҳо баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад муовинони Сарвазир, вазирон, ҳокимон ва роҳбарони секторҳо бо ҳисобот баромад карданд. Бо шаҳрвандоне, ки аз тариқи студияҳои шаҳриву ноҳиявӣ вобаста гардиданд, мулоқоти ошкоро ба амал омад.
Пас аз ҷамъомад сарвари давлат бо корҳои созандагии Андиҷон ва муаррифии лоиҳаи нав шинос шуд.
Нахуст аз маркази ахбору китобхонаи вилоятии ба номи Бобури Андиҷон дидан карда шуд.
Бинои мазкур соли 1965 сохта шудааст, солҳои охир фарсуда шуда, имсол таҷдид гардида, аз таъмири куллӣ бароварда шудааст. Асоси анбори зеризаминии китобҳо ва утоқҳои махсус бо бетон мустаҳкам карда шуд. Бинои сеошёна намуди замонавӣ гирифта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Фонди китоби китобхона зиёда аз 872 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.
Президент бо шароити дар марказ муҳайёшуда шинос шуд.
— Ин макон бояд маркази маънавияти вилояти Андиҷон бошад. Таҳсили фарзандонамон сармоягузорӣ ба оянда аст. Аз ин рӯ, бояд ба ин ҷо бештар ҷавононро ҷалб карда, самарабахширо баланд бардошт, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Зарурати ҷудо кардани маблағ барои пур кардани фонди китобхонаҳо, «пайвастани» марказ бо мактабҳо ва донишгоҳҳо, баргузории озмунҳо дар ин ҷо оид ба таърихи Андиҷон, эҷодиёти шоирон, ба мисли Бобур, Чӯлпон, Муҳаммад Юсуф зикр гардид.
Дар маркази ахбору китобхона 68 нафар коргарон ва мутахассисон кор мекунанд. Президент дастур дод, ки онҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ иловагӣ ҳавасманд карда шаванд.
Сипас Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи сохтмони кӯпрук дар қад-қади кӯчаи Бобури Андиҷон шинос шуд.
Сохтмони ин бино дар асоси таҷрибаи Самарқанд бо истифода аз усули монолитӣ ба нақша гирифта шудааст. Кӯпрук аз болои вокзали марказии роҳи оҳан гузашта, ду қисмати шаҳрро ба ҳам мепайвандад. Дарозии пул тақрибан 700 метрро ташкил медиҳад.
Ба шарофати бунёди кӯпрук, ки орзуи деринаи сокинони андиҷониён аст, ронандагон маҷбур намешаванд 5 километри иловагиро тай кунанд, вақт дар роҳ бошад 25 дарсад коҳиш меёбад.
Сарвари давлат лоиҳаро тасдиқ намуда, ба масъулин дастур дод, ки маблағҳои дахлдорро ҷудо кунанд.
Президент инчунин аз боғи гул дар вилояти Андиҷон дидан кард.
—Ин ҳам зебоӣ, ҳам даромад ва тарбияи завқ аст, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Бояд дар ҳар ноҳия чунин боғҳоро ташкил кард, ба занон парвариши гулро омӯзонд. Ин шуғл ва манбаи даромади занонеро, ки ба «дафтари занон» дохил карда шудаанд, таъмин менамояд.
Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Андиҷон ба охир расид.
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигорони ӮзА.