НУР – ДАР ҲАР ХОНАДОН

Дар урфият мегӯянд: «Рӯзата фурӯшу рӯшноӣ хар» Рӯшноӣ ба маънии нур, шодиву хурсандӣ ва ҳузуру ҳаловат бошад.

Инсон аз рӯзи таваллуд то дами марг ба дунболи нури воқеиву маҷозӣ мегардад, мехоҳад рӯзгори нуроние дошта бошад. 
Инсон барои рӯшан кардани шаби худ нахуст гулхан, сипас шамъ, чароғи керосинӣ ва дигар воситаҳои рӯшанидиҳандаро офарид. Имрӯз хиради ӯ чароғу нерӯи барқ офаридааст, ки бе он рӯзгорамонро тасаввур карда наметавонем. Як рӯз барқ набошад, зиндагиамон аз қолаби муқаррарӣ берун меояд. Чароғ, дарзмол, ҷомашӯйӣ, чойҷӯш, печ ва дигар асбобу анҷомҳои барқӣ мушкиламонро хеле осон кардаанд. Компутеру ноотбук ва телефону планшетҳоямон бе нерӯи барқ арзише надоранд. Як пеши назар оваред, сари дастархон нишаста бо аҳли оила хӯроки шом хӯрда истодаед, тавассути телевизор филми ҷолиберо намоиш медиҳанд. Вале, ғайричашмдошт, нерӯи барқ қатъ мегардад. Дар партави шамъ ё чароғи керосинӣ хӯрок базӯр аз гулӯятон мегузарад, табъатон хира мешавад. Вале вақте ки барқ омад, хушҳолии пешина барқарор мегардад. 
Нишасти матбуотие, ки чанде қабл дар Маркази «Стратегияи амалиёт» бо ташаббуси ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» ва иштироки мутахассисони соҳа доир ба мавзӯи «Корҳое, ки оид ба таъмини бетанаффуси истеъмолгарон бо нерӯи барқ татбиқ мегарданд: дастовард ва муаммоҳо» баргузор гардид, ҷолибу хотирмон буд. 
Дар чорабинӣ раиси идораи ҶС «Ӯзбекэнерго» Улуғбек Мустафоев ва мутахассисони соҳа доир ба корҳое, ки соли равон аз ҷониби ҷамъият анҷом дода шудаанд ва дастоварду норасоиҳо сухан ба миён оварданд. 
Ҷолибияти ҳисоботи раис ва ходимон дар он буд, ки онҳо суханони баландпарвоз нагуфтанд, дар хусуси осон ба даст наомадани пешравиҳо ва камбудиҳо бисёр заминӣ ҳарф заданд. 
Аз баромади онҳо ошкор гардид, дар низоми «Ӯзбекэнерго» 10 истгоҳи барқии иқтидори умумиашон 12158 МВт кору фаъолият доранд, ки 7-тоашон МЭГ – маркази электрикии истеҳсоли гармӣ, боқимондаашон истгоҳҳои барқианд. 
Бино ба суханони раиси ҷамъият, имрӯз аз ҷониби «Ӯзбекэнерго» беш аз 6 миллиону 601 ҳазор оила ва қариб 304 ҳазор истеъмолгарони юридикӣ тавассути 1696 зеристгоҳ, 75650 нуқтаи трансформаторӣ ва 0,4-500 шабакаҳои интиқолдиҳӣ бо нерӯи барқ беист таъмин карда мешаванд. 
– Коркарди барқ дар марказҳои электрикии истеҳсоли гармӣ газ, ангишт ва мазути зиёдро талаб мекунад, – гуфт раис, – вале ҳама гуна энергия беохир нест. Нерӯи истгоҳҳои барқии обӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Аз ҷониби давлат дар дарёҳои ҷумҳурӣ бунёди истгоҳҳои барқии обӣ низ ба нақша гирифта шудаанд. Зеристгоҳ, трансформатор ва дигар дастгоҳҳои барқие, ки солҳои 80-уми қарни сипаригардида устувор карда шуда буданд, таъмирталаб мебошанд. Аҳолӣ сол аз сол зиёд мешавад, бояд ҳамаи хонадонҳоро бо нерӯи барқ таъмин кард, ки кори осон нест. Трансформаторҳои мавҷуда нерӯи муайяни барқро интиқол медиҳанд. Вале гоҳо мешавад, ки дар манзилҳои нав одамон бе дар назардошти иқтидори интиқоли трансформаторҳо худсарона хатҳои нави барқиро мекашанд. Дар натиҷа, бар асари камии неруи барқ, фурӯзонакҳо хира месӯзанд ва дигар муаммоҳо пеш меоянд. 
– Ҳукуматамон, чун дигар соҳаҳо, ба таъмини бетанаффуси аҳолӣ бо нерӯи барқ низ эътибори ҷиддӣ медиҳад, – изҳор дошт сардори раёсати истифодабарии шабакаҳои барқии ҷамъияти мазкур Д.Тоҷихоҷаев. – Тибқи қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба навсозӣ ва бунёди шабакаҳои барқии фишорашон паст», аз 23 октябри соли равон, ба дарозии 34023,1 км корҳои навсозӣ ва таҷдиду таъмири шабакаҳои барқию трансформаторҳо ба нақша гирифта шудаанд. Барои ин мутахассисон аз ҷумҳурии худамон, Русия ва дигар кишварҳо ҷалб карда шудаанд. 
– Ҷамъият дар доираи Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» хеле корҳоро анҷом додааст, – гуфт ӯ дар идомаи суханаш. – Хариду фурӯши нерӯи барқ бо кишварҳои ҳамсоя – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон тибқи қарордодҳо ба роҳ монда шудааст. Ҷамъият аз ҳарчи бештар фурӯхтани нерӯи барқ ба истеъмолгарони ватаниву хориҷӣ манфиатдор аст. Биноан, саъю кӯшиши ҳукумат ва ҶС «Ӯзбекэнерго» ба он нигаронида шудааст, ки ҳар як оила ва корхонаҳои ҷумҳурӣ муттасил бо нерӯи барқ таъмин карда шаванд. 

А. СУБҲОНОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: