НУР ВА ЗУЛМАТ

Яке аз ситораҳои дурахшон дар «асри тиллоӣ»-и Болливуд Мадҳубала мебошад.

Вай мусулмондухтар буд, номи аслиаш – Мумтоз.
Падараш Атоуллоҳхон 12 фарзанд дошт. Оила бо ночорӣ умр мегузаронд. Писарбачаҳо бинобар гуруснагӣ ва сабабҳои дигаре, ки ба вазнинии шароити зиндагӣ вобастаанд, дар хурдсолӣ вафот карданд. Духтарбачаҳо «ҷонсахт» баромаданд. Дар қалби Атоуллоҳхон як ҳасрати сӯзон: «Ақаллан як писар намонд, ки оянда такягоҳ шавад, чароғи хонадон фурӯзон дорад».
Хайр, духтар низ «чароғи хона». Дар ҳар вазъ шукри  зиндагӣ бояд намуд, ба худ меандешид саробони оила, хуб мешавад ба ояндаи духтарҳо низ бо чашми умед нигариста, рӯзҳои равшанро нигарон монем, Худо – подшоҳ...
Шавқу рағбати Мадҳубала ба рақс аз «тетапоя»-гиаш ошкор гашт. Овози хуб ҳам дошт, гуворо месароид. Наздикон ба Атоуллоҳ гуфтанд: «Мадҳубала оянда дорад, аз вай санъаткори аҷиб баромаданаш мумкин». Падар ранҷид: «Чӣ, мехоҳед духтари ман раққоса шавад, эътибори киносозон ба худ кашад? Ҳеч гоҳ!»
Вале фикр ҳам карда монд: «Шояд кӯмакаш расад?»
Эҳ, нодорӣ ба чӣ қодир аст!
Барои то ҳадди имкон ба таъмини оила саҳм гузоштанаш Мадҳубаларо дар ҳафтсолагӣ ба киноиндустрия супурданд.
***
Бо зикр шудани номи Мадҳубала бидуни ихтиёр филми машҳури «Сулолаи бузург» (номи дигараш «Муғули бузург») ба хотир мерасад, ки дар он яке аз нақшҳои марказӣ Анаркалиро бозидааст. Ба рӯйи экранро дидани ин картина зиёда аз 60 сол гузашт. Бо вуҷуди ҳамин, дӯстдорони кино дар ҳамаи қитъаҳо ҳамон бо як шавқу ҳаяҷон тамошо мекунанд ин мелодрамаи таърихиро. Нақши Акбари Бузургро – Притхвираҷ (падари Раҷ Капур) ва роли Шоҳзода Салимро Дилип Кумар офаридаанд.
Мавзӯи асосӣ – моҷарои ишқии валиаҳд (Салим) ва раққосаи дарбор (Анаркалӣ).
Ҳаёти шахсии Мадҳубала аз муаммову ташвиш, изтиробу ғуссаҳо холӣ набуд. Гули сари сабад буд чун актриса, вале дар зиндагӣ чӣ хорҳо мехалиданд ба қалби нозукаш. Азобу шиканҷа ва ноомади кор дар зиндагии шахсӣ оқибат кори худро кард, – ба беморӣ печид. Бемории дурудароз, ниҳоят, ба хазон шудани умри ӯ дар 36-солагиаш оварда расонд.
Бо ифодаи дигар, муҳаббати пуразоби Анаркалӣ дар «Сулолаи бузург» дар ҳаёти ҳақиқии иҷрокунандаи нақши ӯ – Мадҳубала (ба тарзи дигархелтар, албатта) ба вуқӯъ пайваст. Вай Дилип Кумарро, ки нақши Салимро бозидааст, сидқан дӯст медошт. Дилип низ нисбати ӯ лоқайд набуд. Аҳду паймон баста буданд. Вале аснои ба навор бардоштани филме як воқеаи ногувор рӯй доду...
***
Дилип муҳаббати нахустин набуд Мадҳубаларо. Як вақтҳо Премнадҳ низ хаёли акстрисаро банд карда буд. Мусулмондухтар динашро дигар кунад, завҷаи Премнадҳ шуданаш мумкин буд. Инро нахост Мадҳубала. Муносибатҳо ним сол давом карду халос. Баъди он Дилип Кумар (иҷрокунандаи нақшҳои дугоникҳо Рам ва Шам аз картинаи «Рам ва Шам»), қалби ӯро забт кард. Дилип низ мусулмон, номи аслиаш – Юсуф. Дин – як, қалбҳо ба ҳам моил, вале ба мақсад расидан – оила барпо кардан дар тақдир набудааст.
Дилип ва Мадҳубала дар ҷараёни ба сурат гирифтани филми «Тарона» (1951) ба ҳам шинос шуда ва якдигарро дӯст дошта буданд. Баъдтар дар филмҳои «Қаҳри сахт» ва «Амар» якҷо нақш бозиданд. «Роман» байни актёр ва актрисаи машҳур 9 сол давом намуд.
***
Хоҳари Мадҳубала – Мадҳур дар хотирааш қайд кардааст: «Байҷан (Дилип) ба хонаамон меомад, ба ҳамаамон меҳрубон буд, бо хоҳарбузургам ба сайрҳо мебаромад. Умуман, ҷавоне буд ба оилаамон бисёр маъқул».
Вақте филми «Асри нав» ба навор гирифта мешуд, нохушӣ рӯй дод. Ба ин актриса Ҷабин Ҷалил сабаб шуд. Як гурӯҳ одамон ба Ҷабин бо нафрат нигаристанд, ӯро ба беибоӣ айбдор карданд. Атоуллоҳхон фикр кард оянда ба духтараш низ ин гуна ҳолат рӯй доданаш мумкин. Гуфт, ки аз баҳри кино баро. Ҳатто ба кӯча баромадани Мадҳубаларо манъ кард.
Лоиҳа, ки нимкора монд, коргардон Р.Чопра ба ғазаб омад. Мадҳубаларо, ки шартномаро вайрон кард, ба суд дод. Дар суд Дилип Кумар коргардонро ҳимоя намуд. Атоуллоҳро ҳатто «диктатор» номид. Ин ба муносибати байни дӯстдоштаҳо таъсири нохуб гузошт, албатта. Мадҳур боз қайд мекунад: «Хоҳарбузургам талх мегирист, ки Дилип маро фикр накард, бетараф истоданаш ҳам мумкин буд-ку. Вай ҳатто падарамро таҳқир намуд»...
Мадҳур бо оби дида ба назди Дилип рафт. «Дӯст медоштед ё не?» – пурсид. Дилип гуфт: «Ҳанӯз дӯст медорам!»
Мадҳур ҷониби Мадҳубала парид: «Ҳанӯз дӯст медорад Дилип!»
Дар қалби актриса шуълаи умед дурахшид. Гуфт: «Биёяд, аз падарам узр пурсад». Дилип розӣ шуд, вале Атоуллоҳ гуфт: «Асло ӯро намебахшам!»
Риштаҳо канда шуданд. «Ба бебахтшавии духтаратон сабаб шудед, падар!» – фиғон бардошт Мадҳур.
Овозхони маъруф Кишор Кумар Мадҳубаларо ниҳонӣ дӯст медошт. Барои вай аз ҳамсараш Рума Девӣ ҷудо шуд. Вале Дилипро фаромӯш кардан ба Мадҳубала осон намекӯчид. 
Барои ӯро фаромӯш кардан низ таклифи Кишорро пазируфт. Соли 1960 тӯйи арӯсии онҳо барпо гашт. Лекин дар пеши назари арӯс – ҳамон Дилип!
Мадҳур менависад: «Соли 1966 Дилип Сайрабонуро ба занӣ гирифт. Аламҳои апаам тоза гашт. Гирист. «Ба ман не, ба Сайра насиб кард Дилип. Сайра аз ман зеботар аст-а?»
Боз мегуфт: «Сайра – духтари зебо, садоқатманд. Хурсандам!» Вале оби дида мерехт...»
Мадҳубала дар «Рӯзи дӯстдорон» – 14 феврал ба дунё омада буд. Ошкоро гуфта буд: «Бо муҳаббати Дилип зиндаам».
Тимсоли зебоӣ буд актриса. Мегуфтанд «Мадҳубала маликаи Осиёст».
Вале ба вай дар айни гулшукуфти умр ва авҷи камоли эҷод нур не, зулмат насиб кард.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: