Имрӯзҳо бешубҳа дигаргуниҳое, ки дар маркази вилояти Тошканд — Нурафшон амалӣ мегарданд, ба ободонӣ ва фаровонӣ хидмат хоҳанд кард.
Имрӯзҳо бешубҳа дигаргуниҳое, ки дар маркази вилояти Тошканд — Нурафшон амалӣ мегарданд, ба ободонӣ ва фаровонӣ хидмат хоҳанд кард. Шаҳри Нурафшон аз соли 2017 инҷониб маркази маъмурии вилоят ба ҳисоб меравад.
— Шаҳри пурра ба технологияҳои оқил асосёфта, дар се марҳила сохта мешавад, — мегӯяд сармеъмори шаҳри Нурафшон Хайрулло Хӯҷамқулов. — Бо тавсияи роҳбари давлати мо дар марҳилаи аввал сохтмони манзилҳои нӯҳ ва дувоздаҳошёнаи ҷамъ 1792 хонадор оғоз ёфтааст. Боғчаи бачагона барои 360 ҷой, мактаб барои 1200 ҷой, объектҳои маданию маишӣ ва ҳудудҳои фароғатӣ бо суръати тез сохта мешаванд. Кӯчаи марказии Тошкент йӯли низ аз нав сохта шудааст. Ба ҷои биноҳои кӯҳнаи якошёнаи қад-қади кӯча сохтмони хонаҳои ҳафт ва ҳаштошёна, шохобчаҳои хидматрасонӣ, марказҳои саломатӣ, гипермаркетҳо суръат мегиранд.
Дар назди ҳар як бино мавҷуд будани ҷойи исти автомобилҳо ба назар гирифта шудааст. Дар баробари шоҳроҳи чорқатора, роҳи дохилӣ низ сохта мешавад. Инчунин барои велосипедронӣ ва пиёдагардон ҷой ҷудо шудааст. Барои шабакаҳои обёрӣ намудҳои нави ҷӯйборҳои болопӯшида насб карда шуда, шафати кӯчаҳо сабзу хуррам гардонда мешаванд. Қарор шудааст, ки имсол “Smart City” (шаҳри оқил) дар шаҳр аз ҷониби сармоягузорони Сингапур сохта мешавад. Корҳои сохтмон баъд аз дар семоҳаи якуми соли равон ба анҷом расидани лоиҳакашӣ шурӯъ мешаванд. Бо як сухан ифода намоем, шаҳри зебое бунёд мегардад.
Воқеан, дар ин ҷо 41 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 782 миллиарду 500 миллион сӯм амалӣ гардонда мешавад. Барои сохтани “Smart City” дар кӯчаи Тошкент йӯли 213 иншоот ва манзили аҳолӣ вайрон карда шуда, ба соҳибони он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 24 миллиард сӯм ҷубронпулӣ дода шудааст. Дар кӯчаи марказии шаҳр бунёд намудани 172 бино ва иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир дар 78 иншоот корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст.
Дар ин иншоот низоми канализатсия, оби нӯшокӣ, газ ва қувваи барқ ба пуррагӣ навсозӣ карда мешаванд. Аз ҷониби ҳукумат барои низоми канализация ва оби нушокӣ 141 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Ғайр аз ин, иншооте, ки 4000 метри мукааб обро тоза мекунад, сохта мешавад.
Мувофиқи консепсияи ба нахустин шаҳри оқил табдил додани Нурафшон биноҳои маъмурӣ, манзилҳои замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо, маҷмӯъҳои варзишӣ, марказҳои эҷодии ҷавонон, китобхонаҳо, мактабҳо, беморхонаҳои бисёрсоҳа бунёд меёбанд. Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, боғҳои истироҳатӣ, майдонҳои сабз, хиёбонҳо барои пиёдагардон ва велосипедронҳо, роҳҳо сохта мешаванд. Имрӯз масоҳати умумии шаҳри Нурафшон, ки дар ҷои шаҳраки Тӯйтеппа бо масоҳати умумии 217 гектар ташаккул ёфт, тақрибан 16 маротиба васеъ шудааст.
Манзили ҳафтошёна барои кормандони филиали минтақавии “Ӯзсаноатқурилишбонк”-и вилояти Тошканд сохта шуд. Бинои истиқоматии иборат аз 72 хонадон дар асоси андозаҳои замонавии меъморӣ бунёд ёфт. Низоми гармидиҳии бино тибқи стандартҳои муосиртарин насб карда шудааст, ки нерӯи барқро ба ҳадди аксар сарфа мекунад.
Биёед, вазъи кунунии шаҳрро бо ҳолати қаблӣ муқоиса кунем. Хонаҳои кӯҳнаи бому деворҳояшон фарсуда куҷосту биноҳои замонавии ҳафтошёнаи баланд куҷо? Агар биноҳои бунёд ёфтаистода бе каму кост ба анҷом расанд, Нурафшон, бешубҳа, яке аз шаҳрҳои ободу шукуфони кишварамон хоҳад шуд. Бинои зебое, ки тирезаҳояш дурахшонанд, бевосита эътибори ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ин бино Маркази ҷавонон аст. Барои ҷавонони ояндаашон бузург, пешомадашон дурахшони Нурафшон як иншооти муносиби сазовори ҳавас барпо карда хоҳад шуд.
— Бо мақсади беҳтар намудани низоми оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои “Наврӯз” ва “Эвалак” ду истгоҳи насоси амудӣ сохта шуданд, — мегӯяд муовини раиси оид ба сохтмони шаҳр Шерзод Усмонов. — Ду насоси маҳаллаҳои “Қумариқ”, “Деҳқонобод” ва “Оппоқ” таъмир карда шуданд. Ба 25 километр аз нав қубурҳои оби нӯшокӣ гузаронида шуданд. Баробари ин, 47,5 километр хатҳои интиқоли барқ комилан таъмир шуда, 60,3 километр шабакаҳо аз таъмири ҷорӣ, 11 нуқтаи трансформатор аз таъмири пурра, 26 адад ҷорӣ бароварда шуданд.
Ба роҳҳо чароғҳои шабона насб карда шуданд. Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҳаллаҳои “Нурафшон” ва “Обод турмуш” роҳҳои пиёдагард таъмир ва воситаҳои равшаникунии нури диоддори офтобӣ насб карда шаванд. Дар доираи барномаи «Маҳаллаи обод» як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Гарчанде бо сабаби пандемия маблағгузории ин барнома ба таъхир афтода бошад ҳам, аз ҷониби КДУ “Хидмати фармоишӣ ба роҳҳои минтақавии вилояти Тошканд” аз ҳисоби 1,3 миллиард сӯм маблағи буҷаи маҳаллӣ асфалтпӯш гардондани 3,1 километр кӯчаҳои дохилӣ муайян шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби 797 миллион сӯм 5 роҳҳои дохилии дарозиашон 2,6 километр таъмир карда мешаванд.
Лоиҳаи ҷойгиркунии биноҳо дар канори кӯчаи Тошкент йӯли таҳия шудааст. Дар ин лоиҳа, қад-қади роҳ 172 иншоот ҷойгир карда шудааст. Соли гузашта 14 объект ба истифода дода шуд. Дар ҳудуди истеҳсолӣ дар 14 объекти дигари корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бунёдкориҳо, қулайиҳои барои аҳолӣ фароҳам овардашуда, корҳои анҷом додашуда аз торафт шукӯҳмандтар шудани ҳудуд, мутобиқи андозаҳои ҷаҳонӣ босуръат ривоҷ ёфтани соҳаҳои иқтисодиёт далолат медиҳад.
Дар сурати пурра татбиқ шудани лоиҳаҳои пешомадноки мазкур Нурафшон бешубҳа минтақаи ободу зебое, ки нурафшонӣ мекунад, хоҳад шуд.
Бо мақсади пешгирии тирбандии нақлиёт дар даромадгоҳи шаҳр кӯчаи нави 4 километра сохта мешавад. То имрӯз 9 бинои бонкӣ бунёд шудааст. Дар зарфи як-ду сол 96 чунин иншоот сохта мешавад. Дар айни замон, 14 бинои истиқоматии ҳафтошёна, биноҳои нави бисёр ташкилотҳо, ба монанди раёсатҳои адлия, ҳолатҳои фавқулодда, Маркази ҷавонони вилоят, “Қишлоққурилишбонк” ва “Ҳамкорбонк” ба истифода дода шуданд.
Ба мақсади фароҳам овардани қулайиҳо барои ҳаракати нақлиёт роҳҳои асосӣ васеъ карда мешаванд. Дар навбати худ, ба муносибати вайрон кардани хонаҳои фарсудаи ба тахриб афтида ба аҳолӣ дар қисмати дигари шаҳр ҷой ҷудо карда шудааст. Ин равандҳо зина ба зина амалӣ гардонда мешаванд.
***
Дарвоқеъ, Нурафшон шаҳри оянда аст. Имрӯзҳо дар ин ҷо миқдори зиёди корҳои созандагӣ ба анҷом мерасанд. Ба кадом маҳалла наравед, шоҳиди бунёдкориву ободонӣ мегардед. Зеро, Нурафшон дар мамлакатамон ба нахустин “Smart City” табдил хоҳад ёфт.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд.