НУСХАҲОИ ДУГОНИКИ ИНШООТИ МЕРОСИ МАДАНИИ БУХОРО

Тавре ки пештар хабар дода будем, соли 2021 дар қисмати шаҳри кӯҳнаи Бухоро аз ҷониби Оҷонсии миллии рушди технологияи иттилоотии Ҷумҳурии Куриё нусхаи рақамии ҳаммонанди мақбараи Исмоили Сомонӣ бо кумаки технология ва маълумоти ҷуғрофии 3D «Digital Twin» офарида шуда, он ба низоми «Google maps» ворид гардида буд.

Арзиши ин лоиҳа 150 ҳазор доллари ИМА аст. Соли гузашта ба мақсади офаридани нусхаи ҳаммонанди рақамноки тамоми иншооти мероси мадании маркази таърихии Бухоро, инчунин гузоштани асбобу камераҳои онлайн барои идоракунии масофавию мониторинги баъзе ёдгориҳои таърихӣ консепсия таҳия гардида, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба лоиҳаи гранти Оҷонсии ҳамкории байналхалқии Куриё (KOICA) тақдим ёфта буд. Ба қарибӣ бо мақсади омӯхтани ҳудуд, масофа, ҷиҳатҳои техникию иқтисодии лоиҳа ва имкониятҳои дар сатҳи воло ба сомон расондани он як гурӯҳ мутахассисҳои KOICA ба Бухоро омаданд. Онҳо ҷойҳои таърихии шаҳри куҳанро аз назар гузаронда, бо намояндагони созмонҳои дахлдори вилоят бобати ба амал татбиқ намудани лоиҳа мулоқот карданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: