НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР АНҶУМАНИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

(ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 июни соли 2019)

Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!
Муҳтарам сарони ҳайатҳо! Хонумон ва ҷанобон!
Мехоҳам махсусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмон барои ташкили Анҷумани аҷоиб изҳори ташаккур намоям.
Имрӯз Ҷамъомад майдони бонуфузи байналхалқӣ барои гуфтугӯ бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои умумӣ ва тақсимнопазири бехатарӣ дар Осиё ба шумор меравад.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Низоми имрӯзаи муносиботи байналхалқӣ бозгӯкунандаи бесуботии рӯзафзун ва пешгӯинашаванда аст.
Мамлакатҳои қитъаи Осиё, ки молики потенсиали бузурги иқтисодӣ ва зеҳнӣ мебошанд, бо ситезаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегарданд.
Ин пеш аз ҳама, масъалаҳои экология, демография ва муҳоҷират, дараҷаи пасти ҳаёт ва таълим мебошад.
Онҳо манбаъҳои асосии низоъҳои иҷтимоӣ, заминаи паҳн гардидани мафкураи ифроткорӣ ва терроризм ба ҳисоб мераванд. Ҷараёни ифротгарии ҷавонон инчунин боиси нигаронии алоҳида мегардад.
Аммо аз ҳама муҳимаш имрӯз ҷаҳон буҳрони бовариро аз сар мегузаронад. Зеро боварӣ дар байни мамлакатҳо ва халқҳо ин шарти муҳими таъмини бехатарӣ ва тараққиёти босубот мебошад.
Ҳамаи мо шоҳиди шиддат гирифтани рақобати байни марказҳои нерӯҳои ҷаҳонӣ мегардем.
Гузашта аз ин, баъзе аз коршиносон ба чунин эҳтимол роҳ медиҳанд, ки он метавонад ба муқовимати ошкорои мусаллаҳ бадал гардад.
Аз ҳама мудҳиш он аст, ки дар шуури ҷамъият эҳсоси хатари бузурги ин таҳдиди ҷаҳонӣ кунд мегардад.
Ба фикри мо, барои бартараф намудани буҳрони боварӣ ва мустаҳкамсозии бехатарӣ, дар навбати аввал, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои тараққиёти сармояи инсонӣ тақозо мегардад.
Бинобар ин, фаъолияти Ҷамъомади мо, ки ба эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти дастаҷамъона асос меёбад, беш аз пеш ногузир мегардад.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Барои минбаъд мустаҳкамсозии тадбирҳои боварӣ ва бехатарӣ дар Осиё нуктаҳои зерин муҳим ба назар мерасанд. 
Якум, омили муҳими суботнокӣ дар қитъаи Осиё бартарафсозии муноқишаҳои мусаллаҳ ба ҳисоб мераванд.
Мо гуфтугӯро дар ҳама гуна ҳайат агар онҳо барои дастёбӣ ба сулҳ нигаронда шуда бошанд, истиқбол менамоем.
Аз ин лиҳоз натиҷаҳои мулоқотҳои сеҷонибаро доир ба Афғонистон бо иштироки Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳида бо қаноатмандӣ қайд менамоем.
Таъкид мекунам: сулҳ дар Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳташами инфрасохторӣ дар ин мамлакат имконоти нави стратегиро барои тамоми қитъа фароҳам меорад.
Дуюм, ташаккул ёфтани шароити муносиб барои татбиқи потенсиали ҷавонон, муқовимати он бар зидди ифротишавӣ ва васеъ гардондани дастёбӣ ба таълими босифат молики аҳамияти махсус мегардад.
Бо ташаббуси мо резолютсияи Ассамблеяи генералии СММ «Маърифат ва таҳаммули динӣ» қабул гардида, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон таҳия мегардад.
Мо омодаем, ки вазифаи танзимгарро дар соҳаи ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва маданиву инсонпарварӣ ба ӯҳдаи худ бигирем. Инчунин хеле муҳим мешуморем, ки алоқаҳо дар самти «дипломатияи халқӣ», аз он ҷумла бо роҳи табодул ва ташкили анҷуманҳо, дар соҳаи сайёҳӣ фаъол гардонда шаванд. Ин бидуни шубҳа барои мустаҳкам гардидани боварӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳоямон мусоидат хоҳад кард.
Сеюм, пешниҳод менамоем, ки гуфтугӯи низомнок доир ба масъалаҳои нигоҳ доштани мусолиҳаи байнидинӣ, ғанисозии маърифатӣ ва мадании байниҳамдигарӣ роҳандозӣ гардад.
Аз он ҷумла, Маркази байналхалқии тамаддуни исломӣ дар Тошканд ва Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ дар Самарқанд метавонанд майдони босамар гарданд.
Чорум, пурзӯр намудани кӯшиш дар заминаи инкишофи вобастагии иқтисодӣ ва савдои минтақавӣ ногузир аст.
Сухан дар бораи, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои бартариноки инфрасохтор, ки татбиқи онҳо барои ҳарчи бештар ифшо намудани потенсиали транзитӣ ва иқтисодии тамоми минтақа имкон медиҳад, меравад.
Панҷум, таҳрикдиҳандаи инкишофи босуботи иқтисодӣ рушди шарикӣ дар дараҷаи тиҷорат ба шумор меравад.
Бинобар Конвенсияи ҳамкорӣ дар ин соҳа таъсис намудани Анҷумани минтақавии тиҷорати хурдро пешниҳод менамоем.
Ахиран, таҳдиди ҷиддии бехатарӣ ва рушди устувор хатари тезутундшавандаи экологӣ ба шумор меравад.
Мушкили Арал имрӯз фоҷиаи экологӣ ва гуманитарии миқёси ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Он аллакай барои генофонд, ҳаёт ва саломатии аҳолии ҳавзаи Арал оқибатҳои вазнин овард.
Муттаҳид намудани кӯшишро барои бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Арал муҳим мешуморем.
Маҳз бо чунин мақсадҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди бисёршарикии траст барои сафарбарсозии маблағҳои донорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар ҳавзаи Арал низ  таъсис гаштааст.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Ҳамаи мо хуб медонем, ки бехатарӣ – тақсимнашаванда ва пойгоҳи аслии он боварӣ ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, нигоҳ доштани суръати ҳамкории ҷорӣ дар минтақаи Осиё муҳим аст.
Ҷустуҷӯи якҷоя ва қабули қарорҳои барои ҳама муфид барои ба мақсадҳои некамон ноил гардидан, яъне таъмини сулҳ, субот ва гул-гулшукуфӣ имкон медиҳад.
Барои эътиборатон ташаккур.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: