Муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулиевич!
Муҳтарам роҳбарони давлатҳо!
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Пеш аз ҳама ба муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳамедов барои меҳмондӯстӣ ва ташкили олии ҷамъомади имрӯза дар гавҳари Туркманистон – «Аваза»-и зебо миннатдории самимӣ изҳор намудан мехоҳам.
Ӯзбекистон раёсати Туркманистонро дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал олӣ арзёбӣ менамояд.
Аз ҷониби дӯстони туркманистониамон кори зиёди амалӣ доир ба рушд ва такомули фаъолияти бисёрҷанбаи сохтор, баланд бардоштани нуфузи байналхалқии он ба амал татбиқ мегардад.
Боварӣ дорам, ки ҷамъомади имрӯзаи таърихии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси хазина, ки пас аз қариб танаффуси даҳсола баргузор мегардад, дар фаъолияти ташкилотамон саҳифаи нав боз намуда, ба шарикии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таҳрики қавӣ мебахшад.
Имрӯз дар сарзамини Туркманистон ҳамаи мо бори дигар омодагии қатъии худро ба ҳамкории муфиди ҷонибҳо собит менамоем.
Бешубҳа дар мавзӯи мушкилоти минтақавии мо хушк гардидани баҳри Арал ҷойгоҳи махсус дорад – ин фоҷиаи умумии мост. Оқибати манфии он амиқ мегардад.
Минтақаи ҳавзаи Аралро биёбони бавуҷудомада ишғол менамояд.
Дар натиҷа мо танқисии захираи об, коҳиш ёфтани сифати оби ошомиданӣ, харобгардии замин, зуд кам гардидани гуногунии биологӣ, тағйироти ҷиддии иқлимро эҳсос менамоем.
Бинобар ин мулоқоти имрӯзаи мо хеле муҳим аст.
Барои бартарафсозии оқибатҳои ин фоҷиа ва беҳсозии вазъияти иҷтимоиву иқтисодии ҳавзаи Арал, ҳалли мушкилоти об ва экологии минтақа бо назардошти манфиатҳои умумиамон қувваҳоро бояд муттаҳид намуд.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Ҳоли ҳозир Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал – ташкилоти ягонаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки озмоиши ҷиддиро аз сар гузаронда, имрӯз метавонад дар ҷиҳати ҳамкории мамлакатҳоямон механизми таъсирбахш гардад.
Мо барқарор намудани иштироки Ҷумҳурии Қирғизистонро дар хазина истиқбол менамоем.
Боварӣ дорам, ки мо дар доираи ташкилот метавонем мувозинати манфиатҳои тамоми мамлакатҳои минтақаро таъмин намоем, ояндаи умумиамон – дар дасти худамон.
Танҳо дар сурати иштироки пурраи тамоми мамлакатҳои минтақа дар фаъолияти хазина, аз он ҷумла дар таҳия ва ҳамоҳангсозии Барномаи чорум доир ба имдод ба мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Арал мо метавонем мушкилот ва ситезаҳои умумиро ҳаллу фасл намоем.
Бинобар ин мо омодаем, ки пешниҳодоти шариконро доир ба такмили пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ намоем.
Дӯстони муҳтарам!
Дар бобати кӯшишоти мамлакатамон, ки ба бартарафсозии оқибатҳои буҳрони экологии ҳавзаи Арал ва бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Фонди экологии ҷаҳонӣ, дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои донор ба амал татбиқ мегарданд, каме таваққуф намуданро ногузир мешуморам.
Дар чандин соли охир Ӯзбекистон дар минтақаи ҳавзаи Арал чандин лоиҳаи доманфарохро ба амал татбиқ намуд.
Дар сатҳи хушкидаи Арал қариб дар 350 ҳазор гектар ниҳолҳои ҳимоя – саксавул ва дигар намудҳои растании ба шӯрхок тобовар шинонда шудааст.
Майдони умумии чунин ҳудудҳо қариб 700 ҳазор гектарро ташкил намуд.
Дар доираи Барномаи чорабиниҳои маҷмӯӣ доир ба нармсозии оқибатҳои фоҷиаи Арал ва рушди минтақаи ҳавзаи Арал, ки барои солҳои 2013-2017 муқаррар гаштааст, беш аз 500 лоиҳа татбиқ гардида, бештар аз нисфи он хусусияти миллӣ дорад.
Барномаи давлатӣ доир ба тараққиёти минтақаи ҳавзаи Арал барои солҳои 2018-2021 қабул гаштааст.
Дар қатори ин Ӯзбекистон ташаббуси ба вуҷуд овардани шарикии бисёрҷонибаи ташкили Фонди трастро доир ба амнияти инсон барои минтақаи ҳавзаи Арал пешниҳод намуд, ки он ба дастгирии СММ муваффақ гардид.
Бино бар фикри мо, кори Фонди траст зери шафоати СММ ва татбиқи Барномаи махсуси СММ барои ҳавзаи баҳри Арал, ки имрӯз бо пешниҳоди дӯстони туркман собит мегардад, ҳамдигарро пурра хоҳанд кард.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Бо назардошти хулоса ва пешниҳодоти асосии анҷумани байналхалқӣ оид ба нармсозии оқибатҳои фоҷиаи Арал, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор гардид, мехостам самтҳои ҳамкории ба назари мо муҳими зеринро махсус таъкид намоям.
Якум. Боварӣ дорам, ки барои куллан беҳсозии вазъияти номатлуби экологӣ дар минтақаи мо чорабиниҳои қатъӣ ва ғайристандартӣ зарур аст.
Бино бар ин пешниҳод менамоям, ки масъала дар бобати минтақаи инноватсия ва технологияи экологӣ эълон намудани ҳавзаи Арал баррасӣ гардад.
Ин ташаббус ба муттаҳид сохтани кӯшишоти умумии мо бо мақсади ташаккули шароит барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои таҳия ва татбиқи технологияи поки экологӣ; татбиқи маҷмӯии принсипҳои иқтисодиёти «сабз», технологияи аз лиҳози экологӣ пок ва сарфакунандаи энергия ва об; бартарафсозии биёбоншавии минбаъда ва муҳоҷирати экологӣ; рушди экотуризм ва татбиқи чорабиниҳои дигар нигаронда шудааст.
Барои баррасии ҳамаҷонибаи ташаббуси мо пешниҳод менамоем, ки соли оянда ба дастгирии СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Фонди ҷаҳонии экологӣ анҷумани махсус ташкил карда шавад.
Ба раёсати хазина баргузор намудани мулоқотҳо бо ташкилотҳои байналхалқии мазкур доир ба масъалаҳои амалии ба вуҷуд овардани минтақаҳои инноватсия ва технологияи экологӣ, ки шомили ташаккули руйхати ягона ва омодагии муштараки лоиҳаҳои инноватсионӣ буда, бо назардошти таҷрибаи татбиқи чунин лоиҳаҳо дар минтақаҳои номатлуби экологии ҷаҳон; ба ин мақсадҳо супурдани ҷудо намудани кредит ва грантҳои имтиёзноки дарозмуддатро имконпазир мешуморем.
Ғайр аз ин кушодани намояндагиҳои институтҳои мазкури байналхалқиро дар назди хазинаи байналмилалии наҷоти Арал пешниҳод менамоем.
Дуввум. Дар маркази диққати мо масъалаҳои маҳкамсозии регкӯчиҳо, коҳиш додани хуруҷи аэрозолҳои заҳрнок аз сатҳи Арали хушкида бояд боқӣ монанд.
Бо ин мақсадҳо ба вуҷуд овардани Маркази минтақавии парвариши ниҳолҳои растаниҳои биёбон ва хӯрокаро пешниҳод менамоем.
Бино бар фикри олимонамон, мо метавонем дар зарфи 10-12 сол тамоми сатҳи хушкидаи баҳрро бо ниҳолшинонӣ фаро бигирем.
Гузашта аз ин мо қодирем, ки чарогоҳҳои нави серҳосилро ба вуҷуд орем, ки барои рушди босуръати чорводорӣ таҳрик бахшида, даҳҳо ҳазор одамро бо кор таъмин менамояд.
Худи Маркази минтақавӣ доир ба тарбияи мутахассисони ногузир пойгоҳи нодири илмиву таълимӣ хоҳад гардид.
Саввум. Ин ҳифз намудани фаунаи нодири минтақаамон хоҳад гардид. Дар ин маврид бархурди умумии минтақавӣ зарур мегардад.
Пешниҳод менамоем, ки дар минтақаи ҳавзаи Арал ҳудудҳои фаромарзии табиии муҳофизатшаванда ба вуҷуд оварда шавад.
Хеле муҳим аст, ки ҳар коре, ки аз мо вобаста аст, якҷоя ташкил намоем, то ки нобудшавии намудҳои ҳайвонот мисли юз, қулон, сайгак ва ғайра ҷилавгарӣ карда шавад.
Чорум. Дараҷаи ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои сарфаи об, идора ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби фаромарзӣ бояд қатъан баланд бардошта шавад.
Мо омодаем, ки шароити ногузирро барои таҳияи механизмҳои муфиди ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар истифодаи захираи оби ҳавзаи баҳри Арал ба вуҷуд орем ва дар Ӯзбекистон анҷумани минтақавиро доир ба ин масъала баргузор намоем.
Фикр мекунем, ки натиҷаи он бояд қабули Барномаи минтақавии истифодаи оқилонаи захираи об дар Осиёи Марказӣ гардад.
Панҷум. Имрӯз ҳалли мушкилоти дар наздамон вуҷуддоштаро бидуни инкишофи ҳамкории босамари илмӣ наметавон ба даст овард.
Бинобар ин ташкил намудани баргузории тадқиқотҳои муштараки байнисоҳавиро, аз он ҷумла дар майдони марказҳои илмиву иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии об ва Комиссияи байнидавлатии рушди устувор ногузир мешуморем.
Муҳтарам сарони давлатҳо!
Боварӣ дорам, ки дар асоси пениҳодоти ҳоло иброзгардида мо метавонем «харитаи роҳ»-ро таҳия намоем ва ба раёсати хазина таъмин намудани назорати таъсирбахшро аз болои иҷрои он супориш диҳем.
Боварӣ дорам, ки ба анъанаҳои қадимаи халқҳоямон дар ҷиҳати муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва истифодаи якҷояи захираҳои умумии об мо метавонем натиҷаҳои воқеан мутаассирро ба даст орем.
Иҷозат диҳед, дар поёни сухан бори дигар ба муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулиевич барои саҳми бузурги шахсиаш дар бомуваффақият баргузор намудани ҷамъомади Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал арзи сипос намоям.
Барои эътиборатон ташаккур.