НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ КУШОДАНИ МАҶМӮИ ТОЛОРИ ЯХИ БИСЁРФУНКСИОНАЛИИ «ҲУМО АРЕНА»

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам президенти Федератсияи байналхалқии хоккей, ҷаноби Рене Фазел!
Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Дар арафаи ҷашни Наврӯз, дар ин рӯзҳои аҷоиби баҳорӣ ман аз истиқболи ҳамаи шумо дар маросими кушодани маҷмӯи толори яхи бисёрфунксионалии «Ҳумо арена» – қасри олиҷаноби варзиш дар маркази мамлакатамон ва изҳори амиқи эҳтироми худ ва беҳтарин таманноҳо қаноатмандии беҳад эҳсос менамоям. 
Хушии моро тамоми ситораҳои варзиши ҷаҳон, ки дар ин ҷо ҳозиранд, ходимони маъруфи маданият ва санъат, дипломатҳо, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, роҳбарони ширкатҳои маъруф боҳам мебинанд.
Ба сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон хуш омадед!
Хуш келибсиз Ӯзбекистонга!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мо дар мамлакатамон ислоҳоти доманфарох ва бозсозиҳои муттасилро татбиқ менамоем.
Ва ҷанбаи бартарии мо бешубҳа тарбияи аз лиҳози ҷисмонӣ солим ва мутаносиб рушднамудаи насли ҷавон ба шумор меравад. Барои ин мо на қувва ва на маблағро дареғ медорем.
Аз ин лиҳоз мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аҳамияти махсус медиҳем.
Дар ҳама ҷо, ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарин, инфрасохтори замонавӣ ва дастраси варзишӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Танҳо дар ду соли охир дар мамлакатамон шумораи одамоне ду баробар зиёд гардиданд, ки бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мунтазам машғул мегарданд.
Варзишгарони Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқӣ беш аз як ҳазор медал, ки беш аз 400-тои онҳо медали тиллоӣ мебошанд, ба даст овардаанд. Имрӯз мактабҳои бокс, дзюдо, гӯштии озод, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот ва дигар намудҳои варзиши Ӯзбекистон дар тамоми ҷаҳон маълум мебошанд.
Мамлакатамон мусобиқоти ҳарчи бонуфузтари байналхалқиро дар шумори чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъа қабул менамояд. Мо инчунин ташаббус зоҳир намудем, ки Бозиҳои тобистонаи Осиёи соли 2030 дар Ӯзбекистон баргузор гардад.
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Мо барои он кӯшиш менамоем, ки Ӯзбекистон дар намудҳои зимистонаи варзиш, аз ҷумлаи навъҳои тамошобоби он – рақси рӯи ях, хоккей, варзиши лижатозии кӯҳӣ, фристайл, сноуборд ва ғайра низ намояндагӣ кунад.
Ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта дар Тошканд маҷмӯи варзиши яхи «Юбилейний» ва ҷамоаи хоккейи «Бинокор» ва дар вилояти Тошканд бошад, хати лижатозӣ вуҷуд доштанд.
Ба даст овардани медалҳои тиллоӣ дар Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон оид ба фристайл, беш аз 70 медали раққосон дар Бозиҳои Осиё ва дигар талошҳои байналхалқӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мо идома додани ин анъанаҳои бошарафи варзиширо қарзи худ мешуморем.
Соли гузашта дар мамлакат 4 ҷамои хоккей ташкил карда шуд. Моҳи феврали  соли ҷорӣ якумин чемпионати Ӯзбекистон оид ба хоккей бо шайба оғоз гардид.
Ҳамин рӯзҳо варзишгарони Ӯзбекистон бори аввал дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дар Красноярск ширкат намуданд.
Фикр мекунам, муболиға намешавад, агар бо шурӯи фаъолияти ин маҷмӯи ях, дар таърихи варзиши Ӯзбекистон марҳалаи нав боз гардад.
Ин иншоот бо хусусияти намуди пешқадами меъморӣ ва муҳандисиву сохтмонии худ, дараҷаи муҷаҳҳазии техникӣ нодир мебошад. Мо кӯшиш кардем, ки аз тамоми навгониҳои охирин ва дониши ширкатҳои маъруф – шариконамон  истифода намоем.
Боварӣ дорам, ки «Ҳумо арена» барои омодагии варзишгарони дараҷаи баланд ва ташкили мусобиқоти бузурги байналхалқӣ дар Ӯзбекистон, ва аз ҳама муҳимаш, ба таври васеъ ҷалб намудани ҷавонон ба намудҳои зимистонаи варзиш хидмат менамояд.
Чунин маҷмӯаҳо ва марказҳоро мо дар оянда дар дигар минтақаҳои мамлакат низ барпо хоҳем кард.
Бино бар ин мехоҳам ба меҳмонони муҳтарам, ба варзишгарон ва мураббиёни маъруф – ситорагони варзиши ҷаҳон, ки дар ин ҷо ҳозиранд, муроҷиат намоям: мо ба дастгирӣ, дониш, маҳорат ва таҷрибаи калони касбии шумо умед дорем!
Дӯстони азиз!
Ин қасри замонавии варзиш, ки ба ҳусни пойтахтамон табдил ёфт ва ба баҳрабардорӣ супурдани он бо иштироки шумо сурат мегирад, натиҷаи нахустини амалии кор дар самти мазкур мебошад.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин маҷмӯи нодир, ки ҷавобгӯи тамоми талаботи байналхалқӣ мебошад, таҷассумгари орзуҳои халқамон, хусусан ҷавонон, ки дӯстдори варзиш мебошанд, гардид.
Иҷозат бидиҳед, дар ин муддати кӯтоҳ барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзу ба лоиҳакашон, меъморон, бинокорон ва муҳандисон, мутахассисони хориҷӣ, ба ҳамаи онҳое, ки ба ин кори нек саҳми муносиб гузоштаанд, миннатдории амиқ изҳор намоям. 
Бешубҳа, ин рӯз ба таърихи варзиши миллӣ чун саҳифаи дурахшон ворид хоҳад гардид.
Самимона тамоми мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистон, тамоми иштирокдорон ва меҳмонони маросимамонро бо ин рӯйдоди таърихӣ – кушодани қасри варзишии «Ҳумо арена» табрик менамоям!
Ба ҳамаатон сулҳ ва фараҳмандӣ, тавфиқ ва ғалабаҳои нави варзиширо таманно дорам!
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: