НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 9 МАЙ – РӮЗИ ХОТИРА ВА ҚАДР

Собиқадорони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!
Имрӯз дар Ӯзбекистони азизи мо 9 май – Рӯзи хотира ва қадр, 73-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон васеъ ҷашн гирифта мешавад. 
Ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми бисёрмиллатамонро бо ин иди дурахшон самимона аз таҳти дил табрик намуда, ба ҳамаатон эҳтиром ва таманноҳои беҳтаринро изҳор менамоям.
Ҳамаи мо хуб мефаҳмем, ки барои таъмини сулҳи суботнок ва осоиштагӣ, фараҳмандӣ ва хушбахтӣ беист бояд мубориза бурд, ҳамеша бовиҷдонона меҳнат бояд кард. Инро шуҷоати шумо дар набардгоҳҳо, меҳнати машаққатнокатон дар ақибгоҳ дар солҳои ҷанги гузашта ва умуман тамоми ҳаётатон, ки барои мо, пеш аз ҳама барои насли ҷавони мамлакат намунаи дурахшони мардонагӣ, матонат ва шарафмандӣ, муҳаббат ба Ватан мебошад, собит менамоянд.
Иҷозат бидиҳед аз номи халқамон  ба шумо, собиқадорони азиз сари таъзим фуруд орам ва барои рӯзгори имрӯзи осуда ва ҳаёти фараҳнок миннатдории амиқ изҳор намоям.
Дар ин рӯз ҳамаи онҳоеро, ки дар набардгоҳҳои хунин ба хотири Ғалабаи бузург ҳалок гаштаанд ва ҳамаи онҳое, ки машаққатҳои солҳои ҷангро бо матонат паси сар намудаанд, якояк ба хотир меорем.
Ҳамзамон мо хотираи ҳарбиёни далерамонро, ки ба хотири озодии истиқлолияти  Ватанамон, сулҳ ва осудагии халқ ҳалок гаштаанд, бо эҳтироми амиқ пос дошта, ба оила ва фарзандони онҳо ғамхорӣ намуданро қарзи муқаддаси худ мешуморем.
Дӯстони азиз!
Халқамон ҳамеша дар ёд хоҳад дошт, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон – дар таърихи инсоният пурваҳшонияттарин ва пурхунтарин буд – ба мардумамон бисёр машаққат ва маҳрумият оварда, боиси қурбониҳои беадад гардид.
Бешубҳа, дар ин бора зиёд гуфтан мумкин аст. Иҷозат диҳед, фақат чандин мисол оварам.
Пеш аз ҷанг дар Ӯзбекистон 6,5 миллион нафар зиндагӣ мекард, ки аз он ба ҷабҳа беш аз 1 миллиону 500 ҳазор сафарбар гардид, ки 22 фоизи тамоми аҳолиро ташкил менамуд, ё он вақт 40-42 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳуриро ташкил мекард.
Ин шахсони далер хонавода, Ватани азизи моро аз фашизм ҳимоя намуда, захм ва дардро таҳаммул намуда, тамоми роҳи ҷанги  оташинро қаҳрамонона аз Маскав то Берлин пушти сар намуданд.
Дар ҷанг беш аз 500 ҳазор ҷанговарони ӯзбекистонӣ – сеяки сафарбаршуда ҳалок гардида, беш аз 60 ҳазор нафар ба хонаводаи худ маҷрӯҳ баргаштанд.
Бисёр хонаводаҳо сарпарасти худро аз даст дода, кӯдакон ятим гардида, занҳо бева монданд. Ғами ҳазорон модаронро тасаввур кардан мушкил аст, ки писарони азизи худро аз даст додаанд.
Оиди саҳми бузурги халқамон ба ғалабаи бузург он чиз далолат менамояд, ки беш аз 120 ҳазор ӯзбекистониён ба орден ва медалҳои ҷангӣ мушарраф гардида, аз он ҷумла 280 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, 82 нафар бо ҳар се дараҷаи орденҳои «Шараф» мукофотонида шудаанд.
Худи Ӯзбекистон дар солҳои ҷанг ба ақибгоҳи боваринок табдил гардид. Корхонаҳои саноатӣ ба тавлидгоҳи эҳтиёҷоти ҷангӣ баргардонда шуда, ҳама чиз барои ғалаба нигаронда шуда буд.
Якҷоя бо коргарон ва муҳандисон занон, солхӯрдагон, наврасон пайваста ва шуҷоатмандона меҳнат мекарданд, то ки кори беш аз 100 завод ва фабрикаро, ки ба ҷумҳуриамон кӯчонда шуда буданд, пеш баранд.
Дар солҳои ҷанг халқи мо ба фронт беш аз 2 ҳазор самолёт, бисёр техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷанг, поездҳои ҳарбиву санитарӣ, садҳо ошхонаҳои саҳроӣ, миқдори зиёди озуқаворӣ, пӯшок ва дигар маҳсулоти ногузирро фиристодааст.
Аз ҳисоби маблағи ҷамъовардаи меҳнаткашони Ӯзбекистон даҳҳо самолёти ҳарбӣ ва танк, мошинҳои ҷангӣ истеҳсол гаштааст.
Солҳои 1941-1945 Ӯзбекистон ба госпитали аҳамияти умумииттифоқ бадал гардид. Ҳазорон сарбоз ва афсарон дар ин ҷо муолиҷаи зарурӣ гирифта, ба ҷанг ва меҳнати ақибгоҳ баргаштанд. 
Дар он замони машаққатнок инсонпарварӣ, меҳрубонӣ ва саховати таҳтидилонаи ба халқамон аз қадим хос махсусан равшан зоҳир гардид.
Ӯзбекистон қариб 1 миллион нафар, аз он ҷумла 200 ҳазор кӯдаконро  қабул кард, ки онҳоро ҷанги хонумонсӯз аз манзил ва хешу наздикон маҳрум карда буд.
Имрӯз низ, пас аз даҳсолаҳо, воқеан он чиз чун шуҷоати маънавӣ пазируфта мешавад, ки садҳо хонаводаҳои ӯзбекистонӣ фарзандони ятими кӯчондашударо ба тарбияи худ гирифта, як бурда нони худро баҳам дида, бо меҳр ва гармии қалбашон парвариш намуданд. Оилаи оҳангари тошкандӣ Шоаҳмад Шомаҳмудов аз ҷумлаи онҳост.
Баҳриая ва Шоаҳмадота 14 нафар кӯдакони аз меҳри хонаводагӣ маҳрумгардидаро ба тарбияи худ гирифта, ба онҳо муҳаббат ва ғамхории падару модарона зоҳир намуданд. Дар мисоли онҳо тамоми ҷаҳон донист, ки халқи бошараф ва меҳрубонамон молики чӣ гуна сифатҳои баланди инсонӣ ҳаст.
Пешниҳодоти зиёди ҷамъиятро ба инобат гирифта, мо қарор намудем, ки ёдгории оилаи Шоаҳмад Шомаҳмудовро ба ҷойи аслии он, дар маркази шаҳри Тошканд баргардонем. Яке аз кӯчаҳои наздики серодами он ба номи ӯ гузошта шуд. Инчунин номи истгоҳи собиқи метро, қасри санъат ва хиёбон баргардонда шуд, ки дар он ҷо ёдгорӣ – Дӯстии халқҳо ҷой гирифта буд.
Ин дар заминаи худ далели асоснок дорад. Имрӯз дар мамлакатамон намояндагони беш аз 130 миллат ва халқият дар оилаи ягонаи муҳити дӯстӣ ва сулҳ зиндагӣ мекунанд. Боварӣ дорам, ки маҷмӯи дар маркази пойтахти Ӯзбекистон барқароргардида рамзи равшани анъанаи мустаҳкамгардандаи таҳаммул ва ҳусни тафоҳум, саховат ва некии халқамон мегардад.
Дӯстони азиз!
Мо бо қаноатмандӣ таъкид менамоем, ки бисёр асарҳои илмӣ ва бадеӣ бахшида ба мардонагӣ ва олиҳимматии халқамон, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон зоҳир намудаанд, бахшида шудаанд.
Ҳамзамон, бояд эътироф кард, ки саҳми бузурги мардуми Ӯзбекистон ба ғалаба аз болои фашизм ҳанӯз то ба охир ифшо нашудааст.
Аз имконот истифода намуда, ба олимон — таърихшиносон, арбобони адабиёт ва санъат, ҷамъияти васеи мамлакатамон бо пешниҳод муроҷиат кардан мехоҳам. Ба фикрам, фурсати офаридани асарҳои наву  равшантар оиди қаҳрамонии падарон ва бобоёнамон, ки дар он ҷанги хонумонсӯз иштирок намудаанд, аз он ҷумла тайёр ва нашр намудани китоб-албоми бузург дар асоси ҳуҷҷатҳои дақиқи таърихӣ  фаро расид.
Ҷавононамон аз корномаҳои гузаштагонамон, ки бар зидди фашизм далерона ҷангидаанд, бояд воқиф бошанд. Боварӣ дорам, ки ҳама ташкилотҳои масъул, олимон, зиёиёни эҷодкор дар бобати то ба насли наврас расондани ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг, тарбияи он дар руҳи ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.
Ҳамватанони муҳтарам!
Имрӯз дар пойтахт – Тошканд, тамоми вилоятҳо ва ноҳияҳои мамлакат, дар хиёбонҳои Хотира халқамон ба он ҳамватанонамон, ки дар ҷанг ҳалок гаштаанд, изҳори сипоси амиқ менамоянд. Бо собиқадорони ҷанг ва меҳнат суҳбатҳои гарму самимӣ ба вуқӯъ пайваста, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд. 
Бароямон хеле муҳим аст, ки солхӯрдагон, падар ва модарони азиз, саломат ва аз ҳаёти худ розӣ бошанд. Чунки дуои онҳо – ин дуо барои тамоми мамлакат аст.
Бино бар ин таъкид кардан мехоҳам, ки минбаъд пурзӯр намудани эътибор ва ғамхорӣ ба солхӯрдагон, беҳсозии таъмини иҷтимоии онҳо, хидмати тиббӣ, шароити маишӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи пиронсолон минбаъд низ дар маркази эътибори мо хоҳад буд.
Дӯстони азиз!
Дар ин рӯзи дурахшони ҷашн мо боз амиқтар дарк менамоем, ки арзиши сулҳ ва зиндагии озод, осмони софи Ватанамон то чӣ андоза бузург аст.
Дар имрӯзи ноором, вақте ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нуқтаҳои даргир меафзояд, мубориза барои сулҳ вазифаи хеле муҳим мегардад.
Бо ин мақсад мо ҳамкории ҳамаҷонибаро бо мамлакатҳои хориҷии наздик ва дур васеъ менамоем. Фикр мекунам, барои шумо корҳои доманфарохи мо дар заминаи мустаҳкамсозии муҳити дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хуб маълум аст. Аз он ҷумла, ташаббусҳои моро доир ба танзими осоиштаи муноқиша дар Афғонистони пурмашаққат, ки ҳоло қариб 40 сол аст, ки идома дорад, ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ менамояд.
Бешубҳа, сулҳ ва субот дар минтақаамон аз кӯшишоти муштарак вобаста аст. Аз ин нуқтаи назар кӯшиши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бобати ба дараҷаи нав бардоштани муносибати ҳамкорӣ молики аҳамияти калон аст.
Ҳамзамон вазифаи асосии мо минбаъд мустаҳкам намудани истиқлолияти Ватан, ҳифзи дахолатнопазирии сарҳадҳоямон, муқовимат ба чунин таҳдидҳо чун терроризми байналхалқӣ, ифроткорӣ ва нашъаҷаллобӣ боқӣ мемонад. Мо минбаъд низ қудрати ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳамонро мустаҳкам менамоем, ҳамкориро бо мамлакатҳои хориҷии наздику дур ба хотири сулҳ ва бехатарӣ инкишоф медиҳем.
Аз фурсат истифода намуда, ба намояндагони ҳайати дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, ҳамаи онҳое, ки ба Ӯзбекистон пуштибонии дӯстона менамоянд, миннатдории амиқи худро изҳор менамоям. Аз номи халқамон ва шахсан аз номи худам барои мамлакат ва халқҳои шумо сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам.
Ҳамватанони азиз!
Бори дигар аз таҳти дил ҳамаи шуморо бо ҷашни бузург – Рӯзи хотира ва қадр табрик менамоям, саломатии мустаҳкам, хушбахтӣ ва фараҳмандиро ба хонавода, фарзандон ва наберагони шумо таманно дорам.
Бигзор, дар мамлакатамон сулҳ ва субот ҳамеша ҳукмрон бошад!
Бигзор, осмони Ватанамон ҳамеша мусаффо бошад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: