НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ БОНУВОН

Бонувони азиз!

Дӯстони муҳтарам!
Дар чунин як рӯзи мӯъҷизаноки баҳорӣ иҷозат бидиҳед, ки аз таҳти дил шумо, модарони азиз, хоҳарони мушфиқ, духтарони маҳбуб ва дар шахси шумо тамоми занони Ӯзбекистонро бо ҷашни зебо – Рӯзи байналхалқии бонувон табрик намуда, бароятон эҳтироми беҳад ва таманноҳои беҳтаринро изҳор намоям.
Ҳамаи мо табиист, ки мазмуни махсус ва амиқи сухани машҳури «Муҳаббат ва некӣ – асоси ҳаёт»-ро хуб медонем.
Воқеан, зан, пеш аз ҳама модар, мисли манбаи ҳаётбахши муҳаббат ва ғамгусорӣ аст. Маҳз ба шарофати ин барои мо чунин арзишҳо мисли меҳрубонӣ, некӣ ва адолат, садоқат ва вафо ҳамешагӣ боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзи ҷашн мо дар назди хотираи дурахшони Модар таъзим менамоем, ки барои мо тимсоли муҳаббати беғараз ва шуҷоат ба шумор меравад ва ба шумо бонувони азиз – муҳофизони гармии хона, бо самимитарин суханон ва ҳиссиёти баланд муроҷиат менамоем.
Аз қадим шоир ва мусиқорон, рассом ва меъморон образи модар ва занро тараннум кардаанд. Агар ба суханони шоири бузургамон Эркин Воҳидов бигӯем: «Суруд оиди зан мисли дунё зебо ва абадист». Чунки зан ҳамеша чун эҷоди беназири Офаридгор буд ва боқӣ хоҳад монд.
Аз номи тамоми мардони Ӯзбекистон бароятон барои он, ки ин дунёи ғароиб ва равшанро боз зеботар менамоед, таъзим менамоем!
Корҳои амалии мо, ки барои минбаъд баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёт, таъмини фараҳмандии оила, кӯдак, мамлакат нигаронда шудааст, инъикосгари равшани эҳтироми амиқ, муҳаббат ва ғамхориамон нисбати шумо мебошад.
Мо мақсади асосии тамоми ислоҳоти ҷориро, ки имрӯз натиҷаҳои нахустини худро медиҳад, дар он мебинем, ки шумо, занони муҳтарам, саломат ва хушбахт бошед. Ва он чизе, ки бозсозиҳои кунунӣ боиси дастгирӣ ва эътирофи шумо, ҷонибдории мардумамон мегардад, бароямон боз бештар нерӯ мебахшад, ки ба қуллаҳои нав ноил гардем.
Хоҳарони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст, имрӯз занон қариб 50 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил менамоянд. Меҳнати босамари шумо дар тамоми соҳаҳо, хидмати бузургатон дар тарбияи кӯдак, мустаҳкамсозии оила, нақшатон дар ҷамъият, саҳми беназиратон дар дастовардҳои Ӯзбекистон беҳад аст.
Ҳоли ҳозир беш аз 1400 нафар занон дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ роҳбарӣ мекунанд. Дар соҳаҳои тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ саҳми занон беш аз 82 фоиз, илм, таълим ва тарбия, маданият ва санъат – 72 фоиз, хоҷагии қишлоқ – 45 фоиз, саноат – 38 фоиз мебошад.
Давлат ва халқамон ба меҳнати ҳалоли шумо баҳои баланд медиҳанд. Он нукта аз ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои истиқлолият беш аз 2180 нафар занон бо мукофотҳои олии давлатӣ мушарраф гаштаанд. Махсус таъкид кардан мехоҳам, ки дар байни онҳо даҳҳо Қаҳрамони Ӯзбекистон, ходимони шоистаи илм, муаллимони халқӣ, шоирони халқӣ, ҳунарпешагони халқии ҷумҳурӣ ҳастанд. Ман беҳад хушнуд ҳастам, ки дар ин толор имрӯз чунин бонувон, духтарони соҳибистеъдодеро мебинам, ки бо шуҷоат, меҳнатдӯстӣ, касби дониш дар ҷанбаҳои худ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд. Муболиға намегардад агар бигӯем, ки онҳо хазинаи тиллоии сармояи инсонии Ӯзбекистонро ташкил менамоянд.
Аз номи халқи бисёрмиллатамон ва шахсан аз номи худам бароятон миннатдории амиқ изҳор менамоям, ки шумо дар рушди мамлакат фаъолона иштирок намуда, бо хусусиятҳои бошарафатон барои тамоми ҳамватанон намуна ҳастед.
Дӯстони муҳтарам!
Тавре ки медонед, соли гузашта Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани фаъолият дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкамсозии институти оила» қабул гардида буд. Дар муддати кӯтоҳ бо мақсади татбиқи он як фармон ва ду қарори Президент, шаш қарор ва чор супоришоти ҳукумат қабул гардиданд.
Дар асоси ин кори Кумитаи занони Ӯзбекистон ва шуъбаҳои минтақавии он, ки қаблан имконияташон маҳдуд буданд,  комилан аз нав ташкил гардид. Ба онҳо ваколатҳои иловагӣ пешниҳод гардида, шароити ногузир барои фаъолияти босамар ба вуҷуд оварда шуд. Имрӯз дар ин низом беш аз 10 ҳазор занон меҳнат мекунанд, ки соҳиби дониши амиқ, таҷрибаи калони ҳаётӣ ва масъулияти баланд мебошанд.
Дар назди кумитаҳои минтақавии занон иттиҳодияҳои ҷамъиятии занон – ҳуқуқшиносон, олимон, ходимони эҷодӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, собиқадорон ташкил гардида, озмунҳои «Зани сол» баргузор мегарданд. Аз ҳама муҳимаш ин чорабиниҳои муҳим аллакай натиҷа мебахшанд.
Ҳамкории Кумитаи занон ва ҳизбҳои сиёсии мамлакат пурзӯр гардида, он чиз шоистаи қайд аст, ки захираи кадрҳо қариб аз 3 ҳазор нафар занони пешқадам ташаккул дода шудааст. Ҳамзамон низоми тарбияи роҳбарон аз ҷумлаи занони аз лиҳози иҷтимоӣ фаъол, таълим ва бозомӯзии касбии онҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаракати занон дар мамлакатамон молики салоҳият ва ояндаи бузург аст.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ интихобот ба парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Занони мо низ ба он ҷиддан тайёрӣ мебинанд. Мо, бешубҳа, ҳаракатҳое, ки бо номи «Оғози кори депутатҳои оянда» дар маҳалҳо ташкил мегарданд, дастгирӣ менамоем.
Тавре ки маълум аст, ҳоли ҳозир занон 30 фоизи таркиби депутатии мамлакатро ташкил менамоянд. Фикр мекунам, аз рӯи адолат мегардад, агар бо назардошти таҷрибаи дар ду соли охир ғунгардида, боло рафтани дараҷаи дониши сиёсии занон ин нишондод зиёд карда шавад.
Фаъолияти байналхалқии Кумитаи занон рӯз то рӯз зиёд мегардад. Барои мисол, соли гузашта намояндагони Маркази навтаъсиси занони ихтироъгари Ӯзбекистон дар анҷумани байналхалқӣ дар Куриёи Ҷанубӣ муносиб иштирок намуданд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Мо имрӯз аз он хушҳолем, ки дар байнамон, ки рисолати худро дар Ӯзбекистон чун сафирони фавқулодда ва мухтор аз Ҷумҳурии Фаронса – Виолен де Вилмор, Ҷумҳурии Мардумии Чин – Тзян Ян, сарпарасти намояндагии Созмони Милали Муттаҳид Ҳелен Фрейзер ва ҳамчунин сарпарастони намояндагиҳои сохтори СММ – Ашита Миттал, Миеко Ябута, Лиан Куппенс, Мария дел Пилар Алварес-Ласо адо менамоянд, ҳастанд.
Иҷозат фармоед, бо Рӯзи байналхалқии бонувон меҳмонони муҳтарамро табрик намоям, ки дар рушди ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон саҳми муносиб мегузоранд ва ба онҳо таманноҳои неки худро изҳор созам.
Бонувони азиз!
Дар солҳои охир дар мамлакатамон мустаҳкамсозии институти оила яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид. Дар ин соҳа ҳуҷҷати муҳим Консепсияи мустаҳкамсозии институти оила дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад, ки бори нахуст қабул гаштааст.
Бо мақсади татбиқи он дубора Маркази тадқиқотии илмиву амалии «Оила» таъсис ёфт. Низоми нави омӯзиши маҷмӯии масъалаҳои оила, мониторинг, таҳлил ва бозрасии вазъият дар ин соҳа, баргузор намудани тадқиқотҳои илмӣ бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии оила ба вуҷуд оварда шуд.
Мақомоти қайди ҳуҷҷатҳои ҳолати шаҳрвандӣ, ки қаблан марбути Вазорати адлия буд, ҳоло ба тасарруфи муовинони ҳокимони шаҳру ноҳияҳо – раисони кумитаи занон дода шуда, дар мустаҳкамсозии институти оила, пешгирии талоқ фаъолона ҳамдастӣ менамоянд.
Табиист, ки мо ҳанӯз барои бо мазмуни амиқ ғанӣ сохтани ин амал, баланд бардоштани сифат ва самараи он дар пеш ҳанӯз кори зиёд дорем. Барои ин имрӯз барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Ҳар як оила – соҳибкор», ки муттасил татбиқ мегарданд, нигаронда шудааст.
Имрӯз ман ба қарори «Дар бораи чорабиниҳо оид ба минбаъд пурзӯрсозии кафолати ҳуқуқи меҳнат ва дастгирии фаъолияти соҳибкории занон» имзо гузоштам. Дар он чорабиниҳо дар робита бо пурзӯр намудани кафолати ҳуқуқи зан дар соҳаҳои меҳнат ва таъмини нафақа, баробарии ҷинсӣ муайян карда шудааст. Бо мақсади кӯмакрасонӣ ба заноне, ки муддати тӯлонӣ бо тарбияи фарзанд машғул гардида, инчунин дар ҳолати вазнини иҷтимоӣ қарор доранд, мададрасонӣ дар ташкили кори хусусии худ, таҳияи ғояҳои тиҷоратӣ, ба даст овардани касби зарурӣ ва бо кор таъмин намудан марказҳои соҳибкории занон ба вуҷуд оварда мешаванд.
Барои дастгирии занони соҳибкор 100 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карда мешавад. На камтар аз 50 фоизи ин маблағ барои инкишофи соҳибкории занони деҳот ихтисос меёбад.
Мо дар ин самт корро идома медиҳем.
Ҳамватанони азиз!
Чунин ҳикмати мардумӣ вуҷуд дорад: «Саломатии халқ – ояндаи мамлакат». Воқеан аз ҳама муҳимаш дар ҷамъият таъмин намудани сулҳ ва саломатии одамон аст, дигар ҳама ҳалпазир аст.
Аз ин нуқтаи назар ғамхорӣ дар хусуси саломатии занон молики аҳамияти фавқулодда мебошад.
Имрӯз дар тамоми минтақаҳои мамлакат марказҳои перинатал ва скрининг, марказҳои саломатии репродуктив ва ташхис фаъолият доранд. Таваллудхонаҳо зиёд гардида, теъдоди поликлиникаҳои оилавии деҳот ва бисёрфунксионалӣ меафзоянд. Дар ин муассисаҳои тандурустӣ занон ва духтарон ҳар сол аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳамеша зери назорати патронаж қарор мегиранд, ки ин барои мустаҳкамсозии саломатии модар ва кӯдак мусоидат менамояд.
Ба туфайли ташкили кори самаранок дар бобати бармаҳал маълум намудани беморӣ ва сари вақт табобат намудани онҳо бемориҳои занон қариб ду баробар кам гардида, муриши модар ва кӯдак мувофиқан се ва қариб 4 баробар коҳиш ёфт. Дар натиҷаи муоинаҳои скрининг соли 2018 эҳтимоли авҷ гирифтани патологияи мураккаб дар панҷ ҳазор кӯдаки навзод бартараф карда шуд.
Аз соли гузашта эътиборан мо ба татбиқи боз як лоиҳаи бузург дар ин самт шурӯъ намудем. Дар тамоми шаҳр ва ноҳияҳо, хусусан деҳоти дур ва дастнорас дар назди поликлиникаҳои оилавии марказӣ ва деҳот маслиҳатхонаҳои занон ва марказҳои саломатии кӯдак ташкил мегарданд.
Мехоҳам як ҳақиқати ҳаётиро бори дигар собит намоям: «Дар байни кӯдакони боғчаи бачагон ва кӯдакони берун аз боғчаи бачагон фарқи калон мавҷуд аст». Ба таҷрибае, ки дар ду соли охир ҷамъ намудаем, такя намуда, ҳамчунин бо назардошти натиҷаҳои мулоқот бо аҳолӣ дар маҳалҳо, ин фикрро такрор кардан мехоҳам: «Дар байни модарони кӯдаконе, ки ба боғчаи бачагона мераванд ва намераванд, инчунин фарқи калон мавҷуд аст». Модароне, ки ҳар рӯз бо мураббиён, педагогҳо, равоншиносҳо, ходимони тиб, ки рушди мусбии кӯдаконро муоина мекунанд, дониш ва таҷрибаи худро ғанӣ гардонда, ҷаҳонбиниашонро васеъ менамоянд. Якҷоя бо фарзандон онҳо аз рушди иҷтимоиву маънавӣ бархурдор гардида,  аъзои фаъоли ҷамъият мегарданд. Маҳз аз ин рӯ мо ба таълими муассисаҳои томактабӣ эътибори калон медиҳем.
Фикр мекунам, ки шумо модарон ва модаркалонҳои меҳрубон, аҳамияти кори мазкурро аз дигарон беҳтар мефаҳмед.
Ҳоли ҳозир дар мамлакат 7104 кӯдакистон фаъолият дорад. Танҳо дар ду соли охир 2211 кӯдакистон сохта шуда, онҳо 243 ҳазор кӯдакро фаро гирифтанд. Ҳамин тариқ фарогирии кӯдакони муассисаҳои таълими томактабӣ дар якуним соли гузашта ба 12 фоиз афзуда, имрӯз 38 фоизро ташкил менамояд.
Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки дар 4-5 соли наздик бо таълими томактабӣ тамоми кӯдакони синни боғчаро фаро гирем. Ин қарзи мост дар назди занон, кӯдакони мамлакатамон, гузашта аз ин вазифаи муқаддасамон ба хотири оянда ва мо ҳатман ба он ноил мегардем.
Ислоҳоти доманфарох дар соҳаи таълими олӣ низ татбиқ мегардад. Имрӯз дар мамлакат 14 филиали муассисаҳои таълимии хориҷӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, ҷавононамон дар филиалҳои мактабҳои олии Куриёи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Русия, Ҳиндустон, Италия, Сингапур, Латвия таълим мегиранд. Ғайр аз ин дар минтақаҳои мамлакат филиали 23 мактаби олии ҷумҳурӣ боз гаштааст.
Дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ қариб 373500 ҷавонон таҳсил доранд. Шоистаи қайд аст, ки 168470 нафари онҳо, ё худ 45,1 фоизашон духтарон мебошанд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Дар Ӯзбекистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва зан, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои онҳо натиҷаҳои муҳим ба даст омадаанд, ки онҳо натанҳо дар мамлакат, балки дар арсаи байналхалқӣ, аз он ҷумла дар Ташкилоти байналхалқии меҳнат боиси эътироф гаштааст.
Бино бар ин мехоҳам чанд мисол биёрам.
Барои васеъ ҷалб намудани занон ба соҳибкорӣ, рушди тиҷорати оилавӣ ҳаҷми кредити онҳо дар ду соли охир ду баробар зиёд гардид.
Ҳамин тариқ, агар солҳои 2014-2016 аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба занон кредит барои инкишофи соҳибкорӣ ба миқдори умумии 3 триллиону 800 миллион сӯм ҷудо карда шуда бошад, фақат соли 2018 ҳаҷми он 3 триллиону 361 миллиард сӯмро ташкил намуд.
Фикр мекунам, ки ин рақамҳо аз бисёр чиз далолат менамоянд.
Ғайр аз ин низоме татбиқ гаштааст, ки бино бар он аз маблағи Фонди ҷамъиятии дастгирии занон ва оилаи навтаъсис ба ин мақсад соли гузашта кредити имтиёзнок аз рӯи ставкаи панҷфоиза ба миқдори 50 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Ин шароити ногузирро барои ба ҳунармандӣ ҷалб намудани занон, хонакорӣ, меҳнати қитъаи замини ҳавлӣ, бидуни дур рафтан аз оила, тарбияи кӯдак ба вуҷуд меорад.
Бо ташаббуси Кумитаи занон соли 2018 дар маҳалҳо беш аз 2 ҳазор сехи хурд ба кор даромад, ки онҳо 18 ҳазор нафар занонро бо кор фаро гирифтаанд.
Дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона якҷоя бо ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ташкили бо кор фаро гирифтани занон аз рӯи шиори «устоду шогирд» роҳандозӣ гаштааст. Ҳоли ҳозир ин таҷриба дар тамоми минтақаҳо ба кор гирифта мешавад.
Барои ҳимояи ҳуқуқи зан дар минтақаҳо 155 марказ оид ба реабилитатсия ва адаптатсияи шахсоне, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд, «телефонҳои боварӣ» амал менамоянд.
Тавре ки огоҳ ҳастед, дар муддати кӯтоҳ низоми босамар оид ба омӯзиши вазъияти иҷтимоӣ ва маънавиву ахлоқӣ дар хонаводаҳо татбиқ гардида, ҳалли мушкилоти мавҷуда бо роҳи хона ба хона гаштан ба амал ҷорӣ карда шуд. Дар асоси он соли 2018 дар маҳалҳо масъалаи беш аз 47690 нафар занон, ки дар шароити мураккаб зиндагӣ мекарданд, аз он ҷумла бо ин роҳ мушкилоти 13344 зани ногиро омӯхта шуд.
Дар натиҷа ба беш аз 14750 нафар занони тоифаи мазкур мадади тиббӣ, ба беш аз 24606 нафар мадади моддӣ ба миқдори қариб 21 миллиарду 540 миллион сӯм расонда шуда, 13636 нафар зан бо кор таъмин карда шуданд. Ба занони тоифаи мазкур, ки ба манзил эҳтиёҷ доштанд, беш аз 4 ҳазор хона ва ҳуҷра  пешниҳод гардида, пешпардохти аъзобадалии онҳоро худи давлат ба зимма гирифт. Дар шафати онҳо сехҳои дӯзандагӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо қариб як ҳазор нафар занон бо кор таъмин гардиданд.
Мо албатта ин корро идома медиҳем. Аз он ҷумла соли 2019 1576 нафар занон, ки дар шароити мураккаб зиндагӣ мекунанд, соҳиби манзил гардида, боз бештар аз 13 ҳазор занони тоифаи мазкур бо кор таъмин хоҳанд гардид.
Фонди ҷамъиятии дастгирии занон ва оила то ҳол аъзобадалии ибтидоии манзили арзони беш аз 1460 нафар зани аз ҷиҳати иҷтимоӣ заиф ва ногироро ба миқдори беш аз 54 миллиарду 580 миллион сӯм пардохт.
Оё касе дар ёд дорад, ки ҳатто ба як нафар зани ба манзил эҳтиёҷманд дар даҳ соли охир хонаи арзон пешниҳод гашта бошад? Не, чунки чунин низом пеш вуҷуд надошт.
Соли ҷорӣ кӯмаки махсуси тиббӣ ба 15282 нафар занон, ки дар шароити мураккаб зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин занони ногиро расонда мешавад. Қариб ба 10 ҳазор нафар занон аробачаҳои ногироӣ, дастгоҳҳои шунавоӣ ва василаҳои ортопедӣ пешниҳод хоҳанд гардид. 
Чунин мисолҳои беҳсозии шароити зиндагӣ ва меҳнати занонро боз бисёр овардан мумкин. Зимни ин  ба инобат бояд гирифт, ки ҳар як зан, ки соҳиби манзили хусусӣ ва кори муносиб гардид, маъмулан соҳиби оила, фарзанд, падару модар ва хешовандон мебошад. Ин хушҳолиро бо онҳо боҳам дида, вайҳо низ дар худ ва барои оянда боварӣ ҳосил менамоянд. Барои мо низ ин хеле натиҷаи боаҳамият ба шумор меравад.
Дӯстони азиз!
Ба ҳама маълум аст, ки халқи мо бо чӣ гуна меҳр ва муҳаббат духтаронро тарбия мекунанд. Воқеан, духтарон ояндаи мо, маҳз нигоҳ доштани генофонди миллат аз онҳо вобаста аст, солим ва шахсиятҳои мутаносиб рушднамуда тарбия намудани онҳо – қарзи муҳими мо ба шумор меравад.
Имрӯз тарбияи духтарон дар рӯҳи арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, фароҳам овардани шароит барои соҳиби дониши замонавӣ ва касб шудани онҳо, тайёр намудан ба ҳаёти оилавӣ аҳамияти рӯзмарра касб менамояд. Ба фикрам, фаъолияти клубҳои «Духтарони дилрабо», «Духтар ва оилаи ҷавон», «Дар остонаи ҳаёти мустақил»-ро, ки ба ин мақсад дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо созмон дода шудааст, бояд ба ҳаёти воқеӣ, орзуву омол ва саъю кӯшиши ҷавононамон наздик гардонд. 
Ба ин муносибат мехостам эътибори шуморо ба боз як фикрам, ки ба қарибӣ дар вилояти Намангон гуфта будам, нигаронам. 
Агар шумо ба фарзандатон хонаи кори калон сохта диҳед, бо гузашти вақту замон он фарсуда мегардад, агар мошини гаронтарин харед, он ҳам куҳна мешавад. Агар ба вай боигарии моддӣ, пул, мол боқӣ гузоред, он ҳам як рӯз харҷ гардида, тамом шуданаш мумкин. 
Аммо дар ҷаҳон танҳо як сарвате ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ аҳамияташро гум намекунад ва дар ҳақиқат бебаҳо ба ҳисоб меравад. Ин – дониш, ин – ҳунар аст, ки шумо ба фарзандатон додаед. Аммо донишу маърифатро аз куҷо, аз чӣ гирифтан мумкин? Пеш аз ҳама, аз хазинае, ки китоб ном дорад.
Ман ҳамеша озмун-азназаргузаронии «Китобхони беҳтарин»-ро ки дар байни ҷавонони кишварамон гузаронда мешавад, мушоҳида менамоям. Хурсандиовар аст, ки дар ин мусобиқаи ба худ хос духтарон ҷойҳои баландтаринро соҳиб мегарданд, ки аз нерӯи бузурги зеҳнии онҳо, ташнагӣ ба дониш далолат медиҳад. 
Аз ин нуқтаи назар нигоҳ кунем, бо номи «Китобхонаи духтарон» иловаи мобилӣ офарида, ба кор дароварда шудани он сазовори эътибор аст. 
Имрӯз дар Ӯзбекистон 283 нафар духтарон ба Мукофоти давлатии ба номи Зулфия – шоираи бузургамон сазовор гардиданд. Аксарияти онҳо дар айни ҳол дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазоратҳо ва идораҳо, соҳаи тарбия ва таълим, воситаҳои ахбори оммавӣ бомуваффақият меҳнат мекунанд. Аҳамияти ҷоизаи мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба ҳар як духтари ба он сазоворгардида садҳо, ҳазорҳо нафар ҳавас карда, аз паи онҳо мераванд. Аз ҳама муҳимаш, чунин духтарони боистеъдод дар муҳити маънавиву ахлоқии мо ба камол мерасанд. Онҳо бо комёбиҳояшон дар ҷавонон бовариро барои қувваву имкониятҳои худ, оянда мустаҳкам мекунанд. 
Имрӯз дар вохӯриамон духтароне, ки  соли ҷорӣ ба Мукофоти давлатии ба номи Зулфия сазовор гардидаанд, иштирок менамоянд. Имрӯз бо иштироки шумо мукофотҳоро ба онҳо  тантанавӣ месупорем. 
Бонувони муҳтарам! 
Ҳамаи мо, албатта, дарк менамоем, ки дар чунин чорабиниҳо бояд наанҳо дар бораи комёбиҳои бадастоварда ҳарф зад, балки камбудиву хатоҳои худро кушоду равшан эътироф намуда, роҳҳои барҳам додани онҳоро якҷоя ҷустуҷӯ кард. 
Бори дигар такрор менамоям, ки агар мо бо халқ, пеш аз ҳама бо шумо, бонувони азиз, маслиҳат карда кор кунем, хатоҳо бешубҳа кам хоҳанд гардид.
Инак, барвақт пешгирӣ намудани қонуншиканӣ байни занон бояд ҳамеша дар маркази эътибори мо қарор дошта бошад. Дар ин самт чораҳои муттасил андешида мешаванд – пеш аз ҳама, бо занони ба қонуншиканӣ майлдошта ва офияти иҷтимоии онҳое, ки аз масканҳои иҷрои ҷазо озод шудаанд, ба тартиби якка корҳо бурда мешаванд. 
Ба расондани ёрии амалӣ ба беш аз 3 ҳазор занон, ки пештар ҳабс шуда ва аз рӯйхати шахсони ба равияҳои диниву экстремистӣ алоқаманд гумондор хориҷ карда шудаанд, инчунин, заноне, ки дар оилаҳои ноором зиндагӣ мекунанд, аҳамияти алоҳида дода мешавад. 
Ба мақсади ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои занон дар суд намояндагони кумитаи занон ба сифати ҳимоякунандагони ҷамъиятӣ иштирок менамоянд. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани чунин таҷрибаи нав дар соли 2018 таҳти кафолат, 893 нафар заноне, ки ба кӯчаи ҷиноят ва қонуншиканӣ даромадаанд, аз ҷазо озод карда шуданд.
Барои куллан кам кардани миқдори ҷинояте, ки ба туфайли муаммоҳои оилавӣ ба миён меоянд, дар 10014 оилаи ноором корҳои профилактикӣ бурда шуд ва нооромии 71 фоизи чунин оилаҳо бартараф карда шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар натиҷаи саъю кӯшиши муштараки кумитаҳои занон, фаъолони маҳаллаҳо ва нозирони профилактика дар соли 2018 ҷинояткорӣ дар байни занон 34 фоиз кам гардид. 
Байни Кумитаи занон ва Суди олии ҷумҳурӣ муоҳида ба имзо расид, ки мувофиқи он шахсони барои ҷудошавӣ аризадода ҳоло дар кумитаҳои занон аз суҳбати пешакӣ мегузаранд ва гирифтани хулоса бинобар ҷудошавӣ  ба роҳ монда шудааст. 
Ба туфайли кори муштарак бо намояндагони ҷомеа дар соли 2018 қариб 26 ҳазор оилаҳои дар арафаи ҷудошавӣ қарорёфта оштӣ кунонда шуданд. Аз ҳама муҳимаш, дар натиҷаи ин қариб 36 ҳазору 500 бачаҳо аз ғамхории модар ё ки падар маҳрум нашуданд. 
Барои он ки дар кишварамон шахсони аз роҳи дуруст раҳгумшуда набошанд, мо бояд корро пайваста дар асоси тамоюли «Маърифат бар зидди ҷаҳолат» идома диҳем. 
Аз фурсат истифода бурда, мехостам ба тамоми ҳамватанонамон муроҷиат намоям, ки дар ин кори муҳими бевосита ба тақдир ва ояндаи халқамон, ба Ватан алоқаманд ҳеҷ кас ба мушоҳидагари бефарқ шудан ҳуқуқ надорад. Дар ин бобат натанҳо кумитаҳои занон, фаъолони маҳаллаҳо, балки тамоми ҷомеаамон дар ин самт саъю кӯшишҳояшонро муттаҳид намоянд. Вазъият зудтар ба ҷониби мусбат тағйир меёбад. 
Мо то ки ташвиши занонро сабук гардонем, мушкилоти ҳаётии онҳоро ҳал кунем, дар ба рӯи об баровардани қобилияту иқтидори онҳо кӯмак расонем, тамоми имкониятҳои давлат ва ҷамъиятро ба кор меандозем. Боварӣ дорам, ки шумо, занони азизи мо, ташаббус нишон дода, ба иштирокдорони фаъолтарини ин кор табдил меёбед. 
Муҳтарам иштирокдорони вохӯрӣ!
Чи хеле ки шумо медонед барои рағбатноксозии модарони муътабар ва хоҳарон, ки барои ҳифзи модару кӯдак, тарбияи ҷавонон дар руҳи ватанпарварӣ саҳми бузург ҳамроҳ намудаанд, нишони «Муътабар аёл» таъсис ёфта буд. Соли ҷорӣ дар арафаи 8 март бо ин мукофот 260 нафар занону духтарон тақдиронида шуданд.
Аз фурсат истифода бурда, онҳоро аз номи шумо ва, шахсан аз номи худам, самимона муборакбод менамоям.
Ба муносибати ҷашни имрӯза як гурӯҳ ҳамватанонамон барои хидматҳои бузургашон дар рушди мамлакат, баланд бардоштани некӯҳолии халқ, тарбияи авлоди солим ва баркамол, мустаҳкам намудани институти оила бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Алоҳида таъкид кардан мехостам, ки дар байни мукофотонидашудагон ҳамсарони содиқи олимону адибони барҷастаи мо ҳастанд, ки бо истеъдоди беназири худ шуҳрати Ватанамонро ба ҷаҳон тараннум намудаанд. Аксарияти онҳо ҳоло дар давраи имрӯзаамон иштирок мекунанд. 
Дар ҳақиқат рафиқаи олими бузург, шоир, нависанда, ки мактаби илмӣ ё ки эҷодии худро офаридааст, шудан осон нест. 
Аз ин рӯ, ба фикрам, ин занони фидокор, оқила, меҳрубон, ки ҳамеша ба ҳамсаронашон ёрии бузурги маънавӣ расондаанд ва барои онҳо манбаи илҳом будаанд, ба ҳар гуна таҳсини бузург сазовор мебошанд. 
Бонувонеро, ки ба унвонҳои фахрӣ сазовор гардида, бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд, лауреатҳои нави Мукофоти давлатии ба номи Зулфияро аз самимӣ қалб муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо сиҳатӣ, муваффақият ва хушбахтии оилавӣ таманно менамоям. 
Бонувони азиз!
Шуморо бовар кунондан мехоҳам, ки мо тайёр ҳастем минбаъд низ то ки шумоён ҳамеша аз ҳаёт розӣ бошед, барои хушбахтиву некуҳолии шумо сидқидилона хидмат кунем. 
Бори дигар ҳамаи шуморо бо 8 Март – ҷашни фараҳбахши баҳор, зебоӣ ва нафосат самимона муборакбод менамоям.
Бигузор ҳамеша шуморо муҳаббат ва ғамхории наздиконатон иҳота намояд. 
Ба шумо сиҳҳатии мустаҳкам, хушнудӣ, сулҳ ва оилаҳоятон некӣ металабам!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: