НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ВОХӮРӢ ДАР ҲАЙАТИ «СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ – СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪОНА»

Ҳамкасбони муҳтарам!

Ҳамкасбони муҳтарам!
Нигарониро дар бобати вазъият дар Афғонистон комилан баҳам мебинам.
Воқеан, имрӯз дар ин мамлакат воқеияти куллан нав ба вуҷуд омадааст – дар муддати хеле кӯтоҳ ҷунбиши «Толибон» амалан тамоми ҳокимиятро ба даст гирифт.
Ҳокимияти нав ҳанӯз роҳи мураккаб – аз муттаҳидсозии ҷамъият то ташаккул додани ҳукумати муносиб, ки тамоми гурӯҳҳои этносиёсиро шомил бошад, бояд тай намояд.
Моҳиятан аз ин ояндаи суботнокии вазъият, барқарорсозии давлатдории Афғонистон ва умуман шаклгирии ҳамдастии ҷомеаи байналхалқӣ бо Афғонистон вобастагӣ дорад.
Дар шароити имрӯз кафолати қатъие вуҷуд надорад, ки мамлакат боз ба авзои солҳои 90-ум баргардад, ки он вақт ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони гуманитарӣ ҳамаро фаро гирифта, дар ҷудоӣ аз ҷомеаи ҷаҳон қарор дошт, ҳудудҳои он ба макони терроризми байналхалқӣ ва тавлиди маводи мухаддир табдил ёфта буд.
Чун ҳамсояи наздик мо бевосита бо ин таҳдиду ситезаҳо дар он солҳо дучор гардида будем ва ҳама гуна оқибатҳои манфии пешрафти вазъиятро дар Афғонистон аз рӯи ин сенария хуб дарк менамоем.
Бинобар ин  мехоҳам назари худро дар бобати  маҳакҳои асосии ҳамкорӣ бо Афғонистонро баён намоям.
Якум. Набояд роҳ гузошт, ки ҳудуди Афғонистон чун манбаи таҳдид ва ситезаҳои бехатарии мо боқӣ монад.
Пеш аз ҳама тавсеаи экстремизм ва содир намудани идеологияи ифротӣ, истифодаи ҳудуди Афғонистон барои амалиёти тахрибкор бар зидди мамлакатҳои мо, эҳтимолҳои убури ҷангандаҳо аз тариқи сарҳадотро дар назар дорам.
Бо кӯшиши умумӣ ва амалиёти қатъӣ, якҷоя роҳҳои аз «нуқтаҳои доғ» ба Афғонистон партофтани террористонро бастан муҳим аст.
Бинобар ин мо ҷонибдори васеъ намудани ҳамдастии амалӣ аз тариқи Комиҷроияи СЗМ СҲШ ва Котиботи СААД ва ҳамчунин хадамоти махсуси давлатҳоямон ҳастем.
Дуюм. Хеле муҳим аст, ки бархурди умумии стратегии СҲШ ва СААД нисбати вусъат ёфтани вазъият дар Афғонистон ва дар атрофи он бо мақсади ба вуҷуд овардани шароит барои ворид  гардидан ба ҷараёни шинохти ҳукумати нав таҳия карда шавад.
Сеюм. Гуфтугӯ бо ҳукумати нав дар таносуб бо иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаашон бояд ба амал ояд.
Дар ҷумлаи онҳо – ҳомигӣ накардан ба ташкилотҳои байналхалқии террористӣ; роҳ надодани истифодаи ҳудуди Афғонистон бар зидди кишварҳои сеюм; таъмини риояи ҳуқуқи асосӣ ва озодиҳои инсон, аз он ҷумла занон ва ақаллиятҳои миллӣ.
Чорум. Идома додани татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Афғонистон муҳим аст.
Сарфи назар аз вазъияти мураккаб, мо фаъолияти роҳи нақлиётии Ӯзбекистону Афғонистон – маҷрои муҳими гузоштани озуқаворӣ ва маҳсулоти нафт ба ин мамлакат ва ҳамчунин бетаваққуф таъмин намудани электроэнергияро қатъ накардем.
Махсус таъкид мекунам, ки боздоштани кӯмак вазъияти бидуни ин ҳам мураккаби мардуми мазлуми Афғонистонро фоҷианоктар мегардонад.
Ҳамзамон ҳукумати нав бояд бехатарии татбиқи лоиҳаҳои муштаракро кафолат бидиҳад.
Панҷум. Муҳим аст, ки Афғонистон дар ҷудоӣ намонад ва он ба «мамлакати махав» табдил наёбад.
Ба ин маъно чунин мешуморем, ки Созмони Милали Муттаҳид ба худ масъулияти боз ҳам бештарро барои сафарбарсозӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишоти байналхалқӣ дар бобати ҳамдастӣ бо Афғонистон ба худ гирифта тавонад.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Ӯзбекистон минбаъд низ ният дорад, ки ҳамдастии зич ва босамарро бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар бобати суботноксозии вазъият дар Афғонистон идома диҳад.
Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: