НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Муҳтарам Владимир Владимирович!

Муҳтарам Владимир Владимирович!
Муҳтарам сарони давлатҳо!
Ҳамаи шумо иштирокдорони ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхайро аз таҳти дил хайрамақдам мегӯям.
Аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин барои ташкили мулоқоти мазкур аз таҳти дил миннатдорам.
Махсус мехоҳам самаранокии олии раёсати Русияро дар СҲШ, сарфи назар аз тамоми мураккабиҳое, ки ба далели пандемия рух додаанд, таъкид намоям. 
Бидуни шубҳа, ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз барои баррасӣ омода гардидаанд, барои минбаъд мустаҳкам намудани нақшу нуфузи ташкилотамон дар ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.
Аз дидани муҳтарам Садир Нурхоҷаевич Ҷапаров дар ҳамоиш хушҳол ҳастам. 
Ӯзбекистон чун ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ, халқи бародари Қирғизистонро дар азму кӯшишаш барои тараққиёт ва фараҳмандии осуда аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамояд.
Мо инчунин муоҳидаро дар бораи оташбаси пурра ва қатъи ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи даргири Қаробоғи Кӯҳӣ, ки бо ҳамдастии фаъолонаи Федератсияи Русия муваффақ гаштаанд, истиқбол менамоем. Барои ҳарчи зуд барқарор гардидани ҳаёти осуда ва босубот дар ин минтақа изҳори бовар менамоем.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Имрӯз СҲШ  дар марҳилаи ба куллӣ нави инкишофи худ қарор дорад. 
Пандемияе, ки боиси зуд коҳиш ёфтани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кам гардидани истеҳсолот, афзоиши бекорӣ гардид, ба суръати инкишофи мо таъсири бениҳоят манфӣ мерасонад.
Дар баробари ин, дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон вазъияти ҳарбиву сиёсӣ тезутунд мегардад, дар заминаҳои байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ ихтилофҳо пурзӯр мегарданд.
Ин ситеза ва таҳдидҳои ҷаҳониро танҳо бо роҳи нигаҳдошт ва муттаҳид сохтани анъанаҳои некҳамсоягии мо, баробарҳуқуқӣ, эътимод ва ба инобат гирифтани манфиатҳои якдигар бартараф кардан мумкин аст.
Имрӯз мустаҳкам кардани «Рӯҳи Шанхай» — таҷрибаи нодири ҳамкории бисёрҷониба, ки арзиши умумии ҳамаи мост ва азмамонро барои инкишофи якҷоя, эҳтиром ба гуногунии маданиятҳо таҷассум менамояд, аз ҳарвақта муҳим аст.
СҲШ танҳо вақте нирӯманд аст, ки агар ҳар яки мо пурқудрат бошем.
Барои ин дастгирии ҳамдигар, ҷустуҷӯи якҷояи муросо дар масъалаҳои калидии мавзӯъҳои рӯзмарраамон муҳим мебошад.
Маҳз ҳамин гуна бархӯрд имрӯз шарти асосии таъмини бехатарӣ, рушди босубот дар фазои Евроосиё мегардад.
Ин ҷавобгӯйи манфиат ва ормонҳои мардумони мамлакатҳоямон мебошад.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Иҷозат бидиҳед,  нуқтаи назарамонро доир ба вазифаҳои муҳими СҲШ кӯтоҳ баён намоям.
Якум. Масъалаҳои пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт эътибори алоҳидаро тақозо дорад.
Мақсади асосии мо ҷоннок намудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва кооператсияи саноат мебошад.
Бовар дорам, ки босамартарин роҳи дарёфти он татбиқи барномаҳои муштараки зиддибуҳронӣ мебошад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
– бартарафсозии мамониатҳо дар савдои байниҳамдигар;
– содда намудани тартиби гумрук, ҳамоҳангсозӣ ва рақамисозии онҳо;
– инкишофи тиҷорати электронии байни мамлакатҳоямон;
– рағбатноксозии сармояҳои ҳамдигар.
Пешниҳод менамоям, ки якҷоя бархурдҳои нав ба инкишофи алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар шароити пандемия, аз он ҷумла бархурдҳои «ғайристандартӣ» таҳия карда шаванд.
Онҳо асоси Нақшаи СҲШ доир ба татбиқи Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бояд гарданд.
Таҳияи чорабиниҳои дақиқ дар заминаи татбиқи Барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ аҳамияти ҳаётан муҳимро касб менамояд.
Инчунин ҷонибдори қабул намудани Барномаи рағбатноксозии кооператсияи саноатии байни доираҳои соҳибкории мамлакатҳоямон мебошем.
Дуюм. Пандемия ҷараёни рақамисозиро тезонд. Технологияи иттилоотӣ «таҳрикдиҳандаи» тараққиёти иқтисодӣ мегардад.
Таҳияи Барномаи СҲШ-ро доир ба рушди саводнокии рақамӣ, ки ба омӯзгорони аҳолӣ, тарбияи мутахассисони соҳа дар асоси барномаҳои таълимии ҳамоҳангшуда нигаронда  шудааст, пешниҳод менамоям.
Қабул гардидани Изҳоротро дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ саривақтӣ мешуморем.
Сеюм. Дар шароити имрӯз кӯшиши муштаракро барои дастгирии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва кам кардани қашшоқӣ равон кардан муҳим аст.
Барои танзими ҳамдастии мо дар ин соҳа ба вуҷуд овардани механизми машварати сарони вазорат ва идораҳо, масъулони муборизаро бар зидди қашшоқӣ ногузир мешуморам.
Таҳия намудани Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар ин самт ва ҳамчунин дар Ӯзбекистон баргузор кардани Анҷумани байналхалқиро барои таҳияи чорабиниҳои ҳамоҳанггардида доир ба татбиқи он пешниҳод менамоям.
Бовар дорам, ки дар татбиқи ин ташаббус таҷрибаи тавфиқноки Ҷумҳурии Мардумии Чин муфид хоҳад буд.
Чорум. Васеъ намудани муқовимати якҷоя бар зидди ангеза ва таҳдидҳои саломатии аҳолии мамлакатҳоямон хеле муҳим мебошад.
Имрӯз инсоният бо инфексияи собиқ номаълум дучор мегардад. Мубориза бар зидди он қисми ҳаёти рӯзмарраи мо мегардад.
Аз ин лиҳоз мо дар саммити имрӯза қабул шудани Нақшаи маҷмӯъгии тадбирҳои муштарак оид ба мубориза бо таҳдидҳои эпидемияро маъқул мешуморем.
Таъмини татбиқи амалии он, ташкили мубодилаи самараноки иттилоотӣ оид ба паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ муҳим аст.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш дар байни клиникаҳои махсуси кишварҳоямон, мо пешниҳод менамоем, ки Шабакаи муассисаҳои тиббии мубориза бар зидди бемориҳои эпидемӣ таъсис дода шавад.
Дар доираи ин Шабака метавонанд лоиҳаҳои мутақобилан судманд татбиқ шаванд, ки ба  мубодилаи таҷриба дар соҳаи ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, ташкили фаъолияти гурӯҳҳои муштараки табибон ва тайёрии  онҳо нигаронда шудаанд.
Бо истифода аз ин фурсат ба ҳамаи шарикони худ, пеш аз ҳама Русия ва Чин барои кӯмак ва дастгирии бузурге, ки ба Ӯзбекистон дар мубориза бо сирояти коронавирус расонидаанд, изҳори сипос мекунам.
Дар шароити пандемия, инчунин, зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои нави фосилавӣ дар соҳаи тандурустӣ меафзояд.
Аз ин лиҳоз мо таҳияи Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи телемедитсинаро ба мақсад мувофиқ медонем.
Дар Консепсия ба табибон омӯзондани усулҳои телемедитсина дар табобати бемориҳои гуногун, инчунин табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самт муҳим аст.
Панҷум. Дар шароити замонавӣ таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир на танҳо суст намешаванд, балки шиддат мегиранд, шаклҳои нав пайдо мекунанд.
Нақши технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷалбкунӣ ва радикализатсияи ҷавонон, маблағгузории террористон меафзояд.
Дар ин замина талабот ба мутобиқсозии СМЗТ СҲШ ба ҳалли вазифаҳои куллан нави таъмини амният дар фазои Созмон меафзояд.
Аз ин рӯ,  мо зарур мешуморем, ки басомади робитаҳои кории идораҳои салоҳиятнок хеле зиёд карда шуда, механизмҳои нави ҳамкорӣ таҳия карда шаванд.
Муҳокимаи мунтазами вазъи кунунӣ, ҳамоҳангсозии тадбирҳои муштарак оид ба муқовимат бо даъватҳо ва таҳдидҳо, аз ҷумла дар майдони иттилоотӣ муҳим аст.
Дар ниҳоят саҳми умумии мо дар таҳкими сулҳу субот дар минтақаи паҳнои СҲШ аз ҳамин вобаста хоҳад буд.
Оид ба ҳамаи самтҳои зикршуда  мо пешниҳод мекунем, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои нозир, шарикони муколама ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият дода шаванд.
Муҳтарам сарони давлатҳо!
Имрӯз, беш аз ҳарвақта муҳим аст, ки фурсати таърихии ба даст овардани сулҳи деринтизор дар Афғонистонро аз даст надиҳем.
Амният ва сулҳ дар ин кишвар бояд ҳамчун як ҷузъи муҳими субот ва шукуфоии иқтисодӣ барои тамоми минтақаи паҳнои СҲШ баррасӣ карда шавад.
Бо саъйи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои СҲШ, барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон дурнамои умедбахш мавҷуданд.
Муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои дастгирии ин бонгҳои мусбати пешрафт дар самти сулҳ, расонидани кӯмаки иқтисодӣ ба мардуми Афғонистон муҳим аст.
Боварӣ дорам, ки ба рушди сулҳомез, устувори ин кишвар, инчунин ҷалби Афғонистон ба равандҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин робита мо ҷонибдори ҳарчи зудтар таҳия ва қабули Нақшаи чорабиниҳои амалӣ оид ба мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон дар доираи Гурӯҳи тамосии «СҲШ ва Афғонистон» ҳастем. Дурнамои нав барои ҳамаи кишварҳои СҲШ ташаббусҳои сохтмони долони нақлиётиро боз мекунанд, ки ба нақши таърихии худ ҳамчун пули пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргардондани Афғонистон мусоидат мекунанд.
Мо пешниҳод менамоем, ки ин ва дигар масъалаҳо моҳи апрели соли 2021 дар Тошканд дар Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо» мавриди муҳокима қарор дода шаванд.
Дар баробари ин мехоҳам пешниҳод намоям, ки соли оянда дар арафаи 20-солагии таъсиси Созмони мо конфронси байналмилалии «Нақши СҲШ дар системаи муносибатҳои замонавии байналмилалӣ» баргузор карда шавад.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Иҷозат диҳед, инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонро ба муносибати раисии СҲШ табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои ин рисолати пурифтихор ва масъулиятнок муваффақиятҳои зиёд орзу намоям.
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: